Китоби нав : Абдуфаттоҳ Шарифзода: “Нури маърифат”
Китоби донишманди шинохтаи тоҷик Абдуфаттоҳ Шарифзода “Нури маърифат” фарогири талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушду пешрафти яке аз бахшҳои меҳрварӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикитсон – илму маориф мебошад.
Дар китоб заҳматҳои Сарвари маорифпарвари миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёду навсозӣ, қабулу амалинамоии санадҳои соҳавӣ, муҳайёсозии шароити муосири таҳсилу илмомӯзӣ барои наврасону ҷавонон, фароҳам овардани фазои мусоиди тадқиқоту навоварӣ дар соҳа, дастрасии насли даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳсил дар бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷ, муаррифии илми ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ дар шароити имрӯза ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ гирдоварӣ шудааст.
Китоби “Нури маърифат” дар маҷмӯъ нақши созандаю барҷастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди эҳё ва рушди маорифи даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳаввулоти бузурги беш 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар самти илми ватанӣ дар бар мегирад.
Асари мазкур роҳнамои хубе барои донишҷӯён, аспирантон, муҳаққиқони ҷавон ва дигар дӯстдорони илму дониш мебошад.
Китоб бо Қарори Шӯрои илмӣ –методии Донишкадаи инноватсионии Душанбе, аз 4 октябри соли 2024 ба чоп тавсия дода, соли 2025 дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.
Китоби Абдуфаттоҳ Шарифзода “Нури маърифат”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
Мутахассиси пешбари Медиатека
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.