Китоб ва китобхонаҳо ҳамчун силоҳи маънавӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Дар солҳои 1941–1945 ҷаҳон ба яке аз санҷишҳои бузурги таърихӣ-Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯ ба рӯ шуд. Ин ҷанг бо миқёси васеъ, талафоти сангин ва харобиҳои иқтисодии худ хотирмон аст. Аммо дар миёни оташу хун, дар миёни ноумедӣ ва фишори равонӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ ҳамчун сутуни устувории ҷомеа қомат афрохтанд. Китоб ва китобхонаҳо дар ин давра ба «силоҳи маънавӣ» табдил ёфта, ба мардум неру, умед ва итминон ба пирӯзӣ мебахшиданд.
Таъсири ҷанг ба Тоҷикистон хеле бузург буд. Тоҷикистон, ки он замон ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, дар ин ҷанг саҳми назаррас гузошт. Зиёда аз 300 ҳазор нафар ба фронт рафта, беш аз 92 ҳазор ҷони худро фидо карданд. Даҳҳо ҳазор бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд ва 61 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуданд. Дар ақибгоҳ бошад, аҳолӣ бо меҳнати шабонарӯзӣ фронтро дастгирӣ намуданд: ғизо, либос, маблағ ва ҳатто китоб ҷамъоварӣ мешуд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки ҷомеа ба як низоми ягонаи мудофиавӣ табдил ёфта буд.
Китоб дар солҳои ҷанг ба як воситаи муҳими рӯҳбаландӣ (равонӣ) ва идеологӣ табдил ёфта буд. Асарҳои классикӣ ва муосир: Толстой, Горкий, Пушкин ба хонандагон паёми устуворӣ мерасонданд. Адибони тоҷик низ дар ин идеология саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Садриддин Айнӣ доимо бо мақолаҳои публисистии худ моҳияти фашизмро фош намуда, мардумро ба мубориза ва устуворӣ даъват мекард.
Абулқосим Лоҳутӣ бо шеърҳои ватандӯстона ва таронаҳои муборизавӣ ҳисси масъулият ва ваҳдатро тақвият мебахшид.
Мирзо Турсунзода дар ашъори худ қаҳрамонӣ ва устувории сарбозонро васф намуда, ба ҷавонон рӯҳбаландӣ мебахшид.
Адибони дигар низ бо мақолаҳо, шеърҳо ва асарҳои худ ба тарбияи ватандӯстӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа саҳм мегузоштанд. Шеърҳо ва мақолаҳо дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо нашр мешуданд, дар шабҳои адабӣ қироат мегардиданд ва ба мардум нерӯ мебахшиданд.
Дар он замон китобхонаҳо ҳамчун маркази маънавӣ ва иттилоотӣ буданд. Бо вуҷуди камбудиҳо, китобхонаҳо фаъолияти худро қатъ накарданд. Баръакс, онҳо ба марказҳои фарҳангӣ ва маънавӣ табдил ёфтанд:
- китобхонаҳои сайёр ба деҳаҳо ва қисмҳои ҳарбӣ мерафтанд;
- китобҳо ба фронт ва беморхонаҳои ҳарбӣ фиристода мешуданд;
- шабҳои адабӣ ва мутолиаҳои дастаҷамъона баргузор мегардиданд.
Китобхонаҳо на танҳо китоб медоданд, балки муҳити маънавӣ ва умедро фароҳам меоварданд.
Фаъолияти Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ далели равшани ниёзи мардум ба китоб буд. Танҳо дар солҳои ҷанг: 646 ҳазору 302 нафар ба китобхона ташриф оварданд; 291 ҳазору 54 китоб ба хонандагон пешниҳод шуд ва 67 ҳазору 377 китоб барои мутолиаи барои хона дода шуд. Ин омор нишон медиҳад, ки фарҳанги китобхонӣ ҳатто дар шароити ҷанг суст нагардид, балки афзоиш ёфт.
Китоб дар ҷанг ва беморхонаҳои ҳарбӣ (госпиталҳо) нақши муҳим дошта, барои сарбозон «ҳамсафари маънавӣ» ба ҳисоб мерафт. Он дар беморхонаҳои ҳарбӣ воситаи барқарорсозии рӯҳии захмиён гардид. Дар ақибгоҳ бошад, китобхонаҳо мардумро муттаҳид намуда, ба дастгирии фронт даъват мекарданд.
ДУШВОРИҲО ВА МАҲДУДИЯТҲО
Дар солҳои ҷанг китобхонаҳо бо мушкилоти ҷиддии моддиву ташкилӣ рӯ ба рӯ буданд: норасоии коғаз, камбуди адабиёт ва коҳиши мутахассисон фаъолияти онҳоро маҳдуд месохт. Бо вуҷуди ин, онҳо бо истифода аз имкониятҳои маҳдуд ва ташаббускорӣ кори худро идома дода, шаклҳои гуногуни хизматрасониро ба роҳ монданд. Китобхонаҳо тавонистанд дар шароити ниҳоят душвор низ рисолати фарҳангиву маърифатии худро ҳифз намуда, ба ҷомеа, махсусан ба иштирокчиёни ҷанг, хизматрасонии муҳим ва саривақтиро таъмин намоянд.
АҲАМИЯТИ СИЁСӢ ВА ИДЕОЛОГӢ
Китобхонаҳо дар солҳои ҷанг абзори муҳимми сиёсӣ ва идеологӣ буданд. Тавассути онҳо ғояҳои ватандӯстӣ, ваҳдат ва мубориза бар зидди фашизм паҳн мешуданд. Ин раванд ба муттаҳидсозии ҷомеа ва сафарбарсозии мардум барои пирӯзӣ мусоидат кард. Таҳлили таҷрибаи солҳои ҷанг нишон медиҳад: китоб манбаи дониш ва маърифат буд; китобхонаҳо воситаи рӯҳбаландӣ ва муттаҳидсозӣ гардиданд ва онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва устувории ҷомеа нақши калидӣ бозиданд.
Ҳамин тавр, китоб ва китобхонаҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо як падидаи фарҳангӣ, балки ҳамчун як силоҳи маънавии ҷомеа арзёбӣ мегардиданд. Таҷрибаи он давра нишон медиҳад, ки аҳаммияти маърифат ҳатто дар шароити ниҳоят душвор коҳиш намеёбад, балки боз ҳам афзоиш меёбад. Китоб барои сарбозон ба ҳамсафари маънавӣ табдил ёфта, дар таҳкими ирода, парвариши ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ нақши муассир мегузошт.
Таҳияи Муҳаммад Сафаров, номзади илмҳои педагогӣ, муовини сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.