Чиҳил соли маҳфили «Ҳамешабаҳор»

Шоми 18-уми сентябр 40-умин солгарди фаъолияти маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и шоир (Хайриддин Қурбонов) Хайрандеш дар боғи устод Рӯдакӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.

Дар маҳфил наврасону ҷавонон  байтбарак, чистону зарбулмасал ва ҳикматҳо аз китобҳо қироат намуда, сазовори туҳфаҳои моливу китобҳо ва ифтихорномаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардиданд. Аз ҷумла дар бахшҳои «Афрӯза» Шукрона Хуҷамқулова барои қироати ҳикояе аз «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ соҳиби 100 сомонӣ ва китобу “Ифтихорнома”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Наимзода Шабнам дар бахши «Афроза» барои қироати беҳтарин шоҳбайт ғолиб омада соҳиби 100 сомонӣ, китоби «Саройи санг» қисми 3 ва “Ифтихорнома”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Каримзода Мадина дар бахши “Афшина» сазовори 100 сомонӣ ва ифтихорномаву китоб гардиданд.

 

Дар идомаи маҳфил Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шоир Хайрандеш Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзодаро тақдим намуд.

Маҳфили ҷашниро  Парда Қосим, Ҷумахон Сафаров, Иззат Шарифӣ  ва дигар ҳунармандони маъруфи кишвар гарм намуданд. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода шоир Хайрандешро ба ҷашни 40-солагии маҳфилаш табрик намуда, аз хидматҳои маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и ӯ ёдовар шуда афзуд, ки Хайрандеш тавассути ин маҳфилаш дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда дошта, бештар аз 50 узви Иттифоқи нависандагонро ба камол расондааст. Шоири Халқии Тоҷикистон Озар Салим низ дастпарвари «Ҳамешабаҳор» аст.

 Дар маҳфил ҳамчунин аввалин ширкатдорони он ва ҳамсабақони Хайрандеш аз шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ, шаҳри Бохтар ширкат намуданд. Дар маҳфил аз шаҳри Самарқанд низ меҳмонон иштирок доштанд.

Дар анҷоми маҳфил ба ғолиби Шоҳҷоиза 300 сомонӣ ва китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» тақдим гардид.

Шоир Хайрандеш мегӯяд: “Маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро 5-уми сентябри соли 1981 дар хонаи хурдакаки иҷораам таъсис дода будам. Азбаски ин маҳфил бо завқи хосса асос ёфт, мушкилоти давоми 40 солро, ки зиёд буданд, бо шавқу шўре, ки доштам, ҳал кардам. Он шавқ ҳоло ҳам гум нашудааст, бештар шудааст. Яъне он чӣ дил мехост, кардам. Мушкилот дар назарам ҳеҷ метофт, пеши шавқе, ки дар ин маҳфил доштам”.

Раҳима Аъзам