Оҳангсози маъруф Алии Бармакӣ
Алии Бармакӣ, маъруф ба Ал-Бармакӣ соли 878 дар Бармаки Хуросон таваллуд ёфтааст. Мусиқашинос, машшоқ ва оҳангсози форсу тоҷик. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ («Ятимат-уд-даҳр»-и Абумансури Саолибӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Маҳмуди Гардезӣ) Алии Бармакӣ дар зодгоҳаш Хуросон илмҳои бадеъ, мусиқиро омўхтааст. Дар таҳлилу тадқиқ ва назарияи мусиқӣ дониши тамом пайдо карда, шўҳраташ то Бағдод расид ва ўро ба дарбор даъват намуданд.
Мудате дар дарбори халифа Муқтадир хидмат карда, сарварии дастаи калони мусиқанавозонро ба ўҳда доштааст. Дар мусиқӣ равияи Иброҳими Мавсилӣ, Исҳоқи Мавсилӣ, Ҳамиди Мавсилӣ ва дигар машшоқону мусиқидононро, ки анъанаҳои мусиқии мардумони форсу тоҷикро дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои араб тарғиб менамуданд, такмил медиҳад.
Алии Бармакӣ назарияи илмии пайравони сабки мусиқии Бағдодро, ки ба санъати мусиқии форсиён асос ёфта буд, дар асарҳояш «Китоб-ут-танбўрин», «Китоб-ун-нудамо» такмил дода, заминаи устувори созҳо, аз ҷумла танбўри хуросонӣ, мовароуннаҳрӣ, барбат ва имконияти бойи иҷрокунандагии онҳоро собит намуд. Алии Бармакӣ дар осораш ақоиди космогонии юнониёнро, ки бар овозҳои мусиқӣ асос ёфтани ҳастии оламро талқин менамуданд, ғайриҳаётӣ шуморидааст. Рисолаҳои «Китоб-ут-танбўрин» ва «Китоб-ун-нудамо» дар пешрафти анъанаҳои мусиқии мардуми форсу тоҷик ҳиссаи арзанда доранд.
Алии Бармакӣ Соли 931 дар Бағдод вафот намуд.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 298.
Муаллиф: А. Раҷабов.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова.
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.