Омодагии муассисаҳои таълимии пойтахт ба Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”

Мутобиқи супориши роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсадаи ҷалби бештари ҷавонон ба озмуни ҷумҳуриявӣ “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷуён, кормандони Медиатека Масрура Мирзоҳасанова ва Зебонисо Давлятова дар як қатор муассисаҳои олии касби корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баргузор намуданд.
Аз ҷумла, дар Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам‐Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Филиали “Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ”-и Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо мутассадии озмуни ҷумҳуриявӣ ва иштироки донишҷуён дар ин озмун суҳбат намуданд.
Дар Филиали “Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-и” Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе бо мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ номзади илмҳои филологӣ дотсент Мавлуда Бариева зимни суҳбат гуфт, ки дар донишгоҳ 80 нафар омодаи иштирок ба Озмун буданд ва 3 нафар барои ширкат дар даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Умедворем, ки донишҷуёни мо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ низ мегарданд ва номи Муассисаро баланд мебардоранд. Мавлуда Барива ҳамчунин гуфт, ки чунин озмунҳо барои рушди қобиляти зеҳниву эҷодӣ кумак мекунанд. Иртиботи қавӣ бо китоб ин худ як дастовард барои ҳар донишҷӯ аст ва талоши ширкат дар озмунҳо онҳоро бештар шавқманди мутолиа мекунад.
Зимни суҳбат муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии, номзади илми тиб, дотсенти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Аҳрориён Зарина Асрор иброз намуд, ки дар донишгоҳ 13 дар даври аввали Озмун иштирок намуданд ва 3 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон кормандони Медиатека бо Сардори шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам‐Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Шарипов Хуршед вохӯрда, ҷиҳати дар кадом сатҳ гузаштани даври аввали Озмун суҳбат намуданд. Номбурда иброз дошт, ки имсол назар ба солҳои пештара донишҷуён фаъолтар буда, ҳамаи китобҳо вобаста ба талаботи Озмун дастрас мебошанд.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сардори шуъбаи илм ва инновацияи Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон Шарофат Раҳимова дар суҳбат гуфт, ки донишҷуёни мо дар ҳама озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд. Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” намояндагон аз ҳама факултетҳо иштирок карданд ва се нафар шоистаи роҳхат ба даври ниҳоии Озмун дониста шуданд.
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон