Тоҷикистон-Чин: аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ
Ин китоб соли 2022 дар нашриёти “Аржанг”-и шаҳри Душанбе зери таҳрири умумии Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Талбак Назаров чоп шудааст. Тавре аз номаш ҳам пайдост, равобити дӯстонаи Тоҷикистону Чинро дар тули таърихи дароз ба риштаи таҳлил кашидааст.
Дар сарсухан, ки “Дар бораи китоб” номида шудааст, мехонем:
Дар поёни асри XX – и саршор аз ҳодисаҳои ғайриодӣ ва дар остонаи ҳазорсолаи сеюм мо шоҳиди дастовардҳои бузург дар тамаддуни ҷаҳонӣ шудем. Дар пеши назари мо, давлатҳое, ки соҳибихтиёр шудаанд, заминаи ҳимояи истиқлоли худ ва истиқрори ҷойгоҳи худ дар ҷаҳони муосир эҳё шудан доранд ва инчунин, ба сатҳи баланди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ расида истодааст.
Дар тамоми кураи Замин на танҳо минтақаҳои геополитикӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ иваз шуда истодаанд, балки фарҳангу халқу миллатҳои гуногун ба ҳам пайванд гардида, ба ҳам таровида ғанӣ мегардонанду ба марзҳои худ вусъат мебахшанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 1100- солагии давлати Сомониён ва ҳаштумин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 августи соли 1999 қайд кардаанд: “Эҳёи Тоҷикистон ҳамчун давлати озоди соҳиистиқлол низ натиҷаи ҳамин қонунияти таърихӣ ва дигаргуниҳои мантиқии охири асри бисти милодӣ мебошад. Дар айни ҳол мо бо як санҷиши бузурги таърихӣ рӯбарӯ ҳастем, ки меҳвари онро созандагӣ ва такмили ҳамаҷонибаи давлати мустақили миллӣ ташкил медиҳад”.
Роҳбари Ҷумҳурии мардуми Чин Си Ҷинпин 7 сентябри соли 2013 зимни суханронии худ дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон зикр кард: “Рушди муносибатҳои дустона ва муштарак бо кишварҳои Осиёи марказӣ ва равандҳо афзалиятноки дипломатияи Чин ба шумор меравад. Мо умед дорем, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста дар самти эҷоди эътимоди тарафайн, таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкорӣ, мусоидат ба рушд ва шукуфоии муштарак ва ба даст овардани некуаҳволии ҳамаи халқҳо фаъолият мекунем”
Дар ташаббусҳои муштараки сарони ду давлат самтҳои эҳёи муосири роҳи Абрешими бостонӣ ва ислоҳи нигариши нави Роҳи абрешим дар ростои бунёди ҳамкории осоишта, ростгароӣ ва таҳаммулпазирӣ, омӯзишҳои дуҷониба ва манфиатҳои якдигар баръало нишон дода шуданд.
Бо сафар кардани дипломати чинӣ Чжан Тзян ба Fарб дар соли 138 то милод таърихи бевоситаи роҳи абрешим оғоз меёбад. Маҳз омадани ӯ ба Осиёи Миёна ва гузоришҳои ӯ дар бораи саёҳат ба диёри скифҳо (сакоиҳо)-Юэчжи сабаби фавран ба он кишварҳо фиристода шудани сафорати бузурги Чин (119 пеш аз милод) гардид. Ин сафоратҳо, ки миқдори зиёди абрешим дар ихтиёр доштаанд, пешравони ин роҳи афсонавии абрешим шуданд.
Бояд қайд кард, ки аз ин давра муносибатҳои серрафтуои дипломатӣ ва тиҷорати байни давлати бузурги Юэчжиён (Кушониён) дар Осиёи Марказӣ ва сулолаи Хани Fарбӣ дар Чин сар шуд. Чунин робитаҳои наздики иқтисоди байни давлати суғдии Паркана (Фарғонаи бостонӣ) ва сулолаи Ханҳо дар Чин низ ишкишоф ёфт.
Дар давраи ҳукмрони империяи Кушониён дар Осиёи Миёна байни кушониён ва сулолаи Хан дар Чин робитаҳои бисёр зич барқарор карда шуданд. Тангаҳои зиёди пайдошудаи кушонӣ дар чанд минтақи Чин, аз ҷумла дар Сангзион, Гансу, Тзинхай, Шэнси ва ғайра аз ин амр гувоҳӣ медиҳанд. Дар давраи империяи Сосониён аз асри IV то асри VIII милодӣ тиҷорат миёни Эрон, Осиёи Миёна ва Чин дар роҳи Бузурги Абрешим рушду тараққӣ ёфт. Дар ин давра шумораи зиёди суғдиён, ки дар Роҳи Абрешим фаъолона тиҷорат мекарданд, ба Чин кӯчиданд, ки дар он ҷо сулолаи Тан тавонист нооромиҳоро фурӯ нишонад.
Империяи сомониён бо сулолаи Тан ва баъд бо сулолаи Сонг дар Чин робитаҳои наздики дипломатӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ барқарор кард. Дар ин давра мубодила бо намояндагиҳои дипломатӣ пурзӯр шуд. Дар Сиан, пойтахти Чин, намояндагии дипоматии сомониён фаъолият дошт ва дар Бухоро, пойтахти Сомониён бошад, намояндагии дипломатии Чин амал мекард. Муносибатҳои дӯстонаи сомониён ва сулолаи Тан дар Чин тадриҷан ба робитаҳои хешу табории ин сулолаҳо табдил ёфт.
Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард.
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин яке аз ҷойҳои марказиро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ишғол мекунад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор доштааст, рушди ҳамсоягии нек, дӯстӣ шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Чин авлавияти аввалиндараҷаи Тоҷикистон буд ва хоҳад монд.
Нуқтаи сарҳисоби муносибатҳои дипломатии муосир байни Тоҷикистон ва Чинро имзои Изҳороти муштарак доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (4 январи соли 1992, Душанбе) ва Эъломияи муштрак дар бораи Усулҳои асосии муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (9 марти соли 1993, Пекин) ҳисобидан мумкин аст. Дувоздаҳ асле, ки ба эломияи муштарак дохил карда шудааст, дарвоқеъ заминасози пойгоҳи ҳуқуқие гардидаанд, ки тамоми тарафҳои ҳамкориҳои дуҷониба маҳз бар асоси онҳо сурат пазируфтаанд.
Чин ҳам ба муносибатҳои Тоҷикистону Чин аҳамияти калон медиҳад. Моҳи сентябри соли 2017 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бори аввал ба Тоҷикистон сафар карда, қайд кард, ки “Тоҷикистон ва Чин ҳамсоягии дӯсту наздик ва шарикони хеле боэътимоди стратегӣ мебошанд. Чин омода аст бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад, то муносибатҳои дуҷонибаро ҳамчун имконият барои рушди амиқи ҳамкориҳои дуҷониба истифода барад” Имзои изҳороти муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ (Пекин, 20 май соли 2013) ва инчунин, Изҳороти муштараки Тоҷикистону Чин дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ (Пекин, августи соли 2017) аз дастоварди судманд барои ду кишвар мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими дӯстӣ ва шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории марказҳои илмӣ ва таҳлилии ду кишвар мебошад. Тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун сохтори пешсафи таҳлилии кишвар, бо чунин марказҳои муҳимми таҳлилии Чин, ба монанди Академияи илмҳои иҷтимоии Чин, Академияи муносибатҳои муосири байналмилаии Чин, маркази тадқиқоти стратегии Донишгоҳи Пекин, Маркази омӯзиши СҲШ ва ғайра робитаҳои зич барқарор кардааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2019, ҳамчунин, Ёдошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Гансуи Ҷумҳурии мардумии Чин ба имзо расид. Дар чаҳорчӯбаи ин санади бунёдӣ байни ду марказ ҳамкориҳои судманд дар самти илмӣ ва таҳлили ба роҳ монда шудааст.
Яке аз лоиҳаҳои муваффақи муштараки байни ду маркази таҳлилӣ таҳия ва нашри китоби муштараки “Тоҷикистону-Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ” мебошад. Ин рисола, ки асари дастҷамъии олимони тоҷику чин аст, аввалин кӯшиши пажӯҳиш муштараки таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Чин аз замонҳои бостон то имрӯз мебошад. Нашри мазкур нахустин китоб аз силсилаи “Таърихи рушди муносибатҳои дӯстонаи Чин бо кишварҳои ҳавзаи Роҳи Абрешим” мебошад, ки соли 2019 бо забонҳои русӣ чинӣ ба нашр расида буд. Тибқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ҷамъиятии Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин китоби мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ чоп мешуд. Марказ тасмим гирифт, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин китоби номбурдаро барои доираи васеи хонандагон ба забони тоҷикӣ нашр намояд.
Рисола аз муқаддима, 7 фасл, руйхати адабиёти мавзӯӣ ва охирсухан иборат аст. Фасли якум ба муносибатҳо байни халқҳои тоҷику чин дар давраи ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим бахшида шудааст. Дар фасли дуюм муносибат байни халқҳои тоҷику чин дар асрҳои миёна баррасӣ шудааст. Фасли сеюм таърихи замони нав, давраи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳои сиёсӣ ва таҳкими эътимоди тарафайн байни Тоҷикистон ва Чин дар марҳалаи ҳозираро тасвир мекунад. Дар фасли чорум муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин таҳлил карда мешаванд. Фасли панҷум ба масъалаҳои мубодилаи фарҳангию башардӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чин марбут аст. Фасли шашум масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои ду кишварро дар доираи СҲШ баррасӣ мекунад. Фасли ҳафтум марҳалаи охирини рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чинро дар сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баррасӣ мекунад.
Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳукумати музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирии ҳамаҷонибааш дар таҳия, нашр ва муаррифии васеъи ин китоб миннатдории самимӣ изҳор мекунад. Мо боварии комил дорем, ки ин кор на танҳо нишонаи ҳамкории пурсамари ду маркази илмӣ ва таҳлилӣ балки рамзи ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии абадии байни халқҳо ва кишварҳоямон-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад.
Албатта гурӯҳи муаллифон иддаои онро надоранд, ки таърихи ташаккулёбӣ, рушду тавсеи муносибатҳои Тоҷикистону Чинро ба тарви бояду шояд инъикос намуданд ва ҳадаф танҳо ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқони муосир ба ин масъалаҳои бешак, муҳимми илмии равобити байналмилалӣ ва инчунин, ишора кардани аҳамияти фаромарзии таҷрибаи барқарор ва рушди шарикӣ байни ду кишвар будааст. Шубҳае нест, ки дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Мардумии Чин омили муҳими таъмини амният, сулҳ ва рушди босуботи тамоми минтақа мебошад.
Китоби “Тоҷикистон-Чин: аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.