Китобхонаи оянда: фазо барои ҷавонон, саводнокӣ ва фарҳанги рақамӣ

Рӯзҳои 8–9 июни соли 2026 дар шаҳри Ташкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар заминаи Институти Гёте, тренинги дурӯза таҳти унвони «Китобхонаи оянда» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур дар доираи лоиҳаи байналмилалии InfoCheck Central Asia роҳандозӣ шуда, ба баланд бардоштани нақши китобхонаҳо дар рушди саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ, мубориза бо дезинформатсия (маълумоти бардурӯғ) ва такмили фаъолияти китобхонаҳо ҳамчун марказҳои муосири таълимӣ равона гардид.
Дар кори тренинг намояндагони китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангиву таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба тамоюлҳои нави рушди фаъолияти китобдорӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба фазои китобхона мубодилаи таҷриба анҷом доданд.
Дар рӯзи якуми тренинг мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- китобхонаҳои оянда ҳамчун фазои таълимӣ ва марказҳои муоширати ҷавонон;
- нақши китобхонаҳо дар рушди саводнокии расонаӣ;
- муҳити иттилоотии рақамӣ ва хусусиятҳои истеъмоли иттилоот аз ҷониби ҷавонон;
- дезинформатсия: хабарҳои бардурӯғ (фейк);
- омилҳои равонӣ ва иҷтимоии паҳншавии маълумоти нодуруст;
- таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва алгоритмҳои рақамӣ ба афкори ҷомеа;
- усулҳои фактчекинг (санҷиши дурустии иттилоот) ва арзёбии интиқодии иттилоот дар амалия.

ҷараёни тренинг иштирокчиён бо усулҳои муайян намудани манбаъҳои боэътимод, санҷиши дурустии иттилоот, ошкорсозии маводи бардурӯғ ва таҳқиқу таҳлили иттилоот шинос гардиданд.
Мавзӯъҳои рӯзи дуюми тренинг ба татбиқи донишҳои назариявӣ дар фаъолияти амалии китобхонаҳо, таҳияи ташаббусҳои омӯзишӣ барои ҷавонон ва рушди китобхонаҳо ҳамчун марказҳои таҳсилоти ғайрирасмӣ бахшида шуданд. Иштирокчиён инчунин дар муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва корҳои амалӣ иштирок намуда, пешниҳодҳои худро оид ба ҷорӣ намудани барномаҳои саводнокии рақамӣ дар китобхонаҳо иброз доштанд.

Бояд гуфт, ки тренинги «Китобхонаи оянда» барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва шиносоӣ бо равандҳои муосири рушди китобдорӣ аҳаммияти муҳим дошта, таҷрибаи бадастомада метавонад дар фаъолияти минбаъдаи китобхонаҳо, аз ҷумла дар самти рушди саводнокии расонаӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба китобхонаҳо самаранок истифода гардад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин тренинг ҳузури онлайнӣ дошт.
Зимнан, намояндагии дар шаҳри Ташкент қарордоштаи Институти Гёте барои Тоҷикистон низ масъул мебошад. Боиси тазаккур аст, ки шуруъ аз соли 2010 Маркази забонмоӯзии Душанбе (SLZ) ба ҳайси шарики расмии Иститути Гёте дар Ташкент амал мекунад.
Махфират Муҳиддинова,
бахши робита бо ҷомеа.