Китоби нав. Кароматулло Олимов: “Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат”

Нашри дуюм ва такмилшудаи китоби донишманди тоҷик Кароматулло Олимов бо номи “Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат” аз чоп баромад.  Дар муаррифии он мехонем: “Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаи устуворисиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шудаанд”.

Муаллиф гуфтааст, ки китобро ба ҷашни мубораки 30- мин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо мекунад.

Меҳрангез Муҳаббатова.