Китоби нав. Ҳақназар Хоҷаев: “Шоҳдухтар”

«Шоҳдухтар» китоби навбатии муҳандиси варзидаи барқ Ҳақназар Хоҷаев буда, дар он нақлу ривоятҳо, лаҳзаҳои ҷолиби зиндагии мардум гирд оварда шудаст. Номбурда муаллифи якчанд китобҳо, аз ҷумла «Лаҳзаҳои ҷовид», «Ошиқи нур», «Сафои сайқали дилҳо», «Ташаккули энергетика дар минтақаи Кўлоб», «Бо Давлатманд Холов», «Маскани дилситон», «Адабгоҳи муҳаббат» ва «Тарс» мебошад.

           Хоҷаев Ҳақназар Хоҷаевич 28 январи соли 1950 дар деҳаи  Дараи  Эмоми ноҳияи Шўрообод дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб-интернети «Коммунизм» – ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) соли 1967 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1972 онро бо тахассуси муҳандиси барқ бомуваффақият намудааст.

          Фаъолияти кориашро дар идораи Шабакаҳои барқи Кўлоб сар кардааст. Аз ҷумла танзимкари Шабакаҳои барқии Кўлоб (соли 1972), сардори Шабакаҳои барқии тақсимкунанда (1973-1981), сардори Шабакаҳои барқии ноҳияи Ленинград, (ҳозира Муъминобод), (1981-1986), муовини директори Шабакаҳои барқии Кўлоб, (1986-2002), сардори муассисаи фурўши барқи минтақаи Кўлоб, (2002-2009), директори ҶСК Шабакаҳои барқии минтақаи Қўлоб(2010-2013).

          Аз соли 2015 инҷониб раиси Ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони соҳаи энергетикаи «Барқкорон» – и минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон мебошанд.

          Бо ифтихорномаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик», КМ ЛКСМ Тоҷикистон, Шўрои байналхалқии Иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба «Электропрофсоюз», Ҳукумати вилояти Кўлоб ва Хатлон, ҶСК «Шабакаҳои барқии Кўлоб» мушарраф гардидааст.

          Соли 2021 ба унвони «Аълочии Барқи  тоҷик» сарфароз гардонида шудааст.

          Хоҷаев Ҳақназар инчунин ба адабиёт майлу рағбати беандоза дошта, китобҳояш ба номи «Лаҳзаҳои гуворо», «Ошиқи нур», «Сафои сайқали дилҳо», «Ташаккули энергетика дар минтақаи Кўлоб», «Бо Давлатманд Холов»  ба дасти хонандагон расидаанд.

 Шарофат Мирзоева.