Сарсухани дипломати озарӣ ба китоби “Хамса”-и Низомӣ. Мояи ифтихори ду халқи ҳамтабор
Дар иттико ба таърихи чандинҳазораи Ориёнои Бузургу Эрони Бостон ифтихормандона метавон изҳор намуд, ки ду халқи дӯсту бародар – тоҷику озар решаҳои қадими ҳамтабориву ҳамҷаворӣ дошта, дар имтидоди садаҳои дурударози мозӣ заҳру шаҳди зиндагиро бо ҳам чашидаанд ва соҳиби мероси ғановатманди моддиву маънавии муштараке ҳам будаанд, ки шаҳру деҳкадаҳо, ҷодаҳои баҳриву баррӣ, адабиёту санъат, хатту алифбо ва расму анъанаҳои дар ибтидо ягона гувоҳи равшани онанд.
Бидуни муҳобо, яке аз ганҷинаҳои волову беҳамтои муштараки мо шоири шаҳиру тавоно Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закийи Муъаййид – машҳур ба Низомии Ганҷавӣ (1141-1209) мебошад, ки зодаву парвардаи хоки шоирхези Озарбойҷон аст.
Падаре озарбойҷониву модаре курду забоне форсӣ доштан, аз илму фарҳанги Юнону Эрону Арабу Қафқоз, таъриху фалсафаву ойини насрониву яҳудиву зардуштӣ ва ғайра баҳравар буданаш ӯро мутааллиқи тамоми мардумони мутамаддини ҷаҳон гардонидаанд.
Анъанаи беназири сухангустарии Низомии Ганҷавӣ асосу бунлоди мактаби бегазанди адабие гардидааст, ки суханварони пасинаи форсизабони озарбойҷонӣ, монанди Қатрони Табрезӣ, Абулъалои Ганҷавӣ, Изуддини Шервонӣ, Муҷируддини Байлақонӣ, Хоқонии Шервонӣ, Муҳаммади Фузулӣ, Сойиби Табрезӣ, Имомуддини Насимӣ, Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр ва дигарон, хишти заррине бар он ниҳода, пайванди ҳамсуханиву ҳамсунании моро қавитар гардонидаанд.
«Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, ки «Панҷ ганҷ»-у «Ганҷинаи Ганҷавӣ» сифоташ мекунанд, дар радифи мероси гаронбори Рӯдакиву «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, рубоиёти Хайёму Ибни Сино, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавиву «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, ғазалиёти Ҳофизу «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, куллиёти Бедилу Саййидо ва ғайра, ки тараннумгари олитарин ғояву андешаҳои башардӯстонаанд, на танҳо шоҳкори мондагори адабиёти форсии тоҷикӣ ва озарӣ, балки қуллаи баланду бегазанди адабиёти кулли асру замонҳо ва халқу маконҳо ба ҳисоб меравад.
Басо рамзист, ки дар тӯли бештар аз 800 соли гузашта модарони тоҷику озарӣ пандномаҳои Низомии бузургворро ба гӯши фарзандонашон дурдонавор эсор медоранд, ки дар таҷрибаи рӯзгори мардумони дигар назиру монанде надорад:
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист!
Дониш талабу бузурги омӯз,
То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз!
Оре, зодагони кишварҳои мо ба туфайли ашъору осори бузургони худ на танҳо санъати суханвариву рӯзгордорӣ меомӯзанд, балки илму дониши фаровонеро ҳам аз бар мекунанд, ки мероси Низомии Ганҷавӣ мустасно аз ин қоида намебошад ва Ҳакими бузурги ганҷавӣ эътироф ёфтанаш аз ҷониби ҳакимони дигари Машриқу Мағриб бурҳони гӯёи чунин даъвостанд.
Ростиро, ҳар касе шеъри Низомии Ганҷавиро таҳаммулкорона хонаду омӯзад ва панду ҳикматҳояшро амалӣ гардонад, аз афроди пешрафтаву намунаи ҷомиъа хоҳад буд. Аз ин рӯ, таманно дорам аз куҳансолон ва падару модарон, ки дар мавриду арӯсиву домодӣ ба ҷавонони навхонадор, дар баробари дигар китобҳои бузургу муқаддас, нусхае аз «Хамса»-и Низомиро ҳам иҳдо фармоянд, то ҳамарӯза чанд сафҳаи онро хонанду омӯзанду сармашқи зиндагӣ иқрор диҳанд.
Хушбахтона, донишмандони тоҷик, дар қатори олимони дигари Низомишиноси Озарбойҷон, масоили рӯзгору осори Низомии Ганҷавиро ҳамвора мавриди омӯзишу пажӯҳиши ҷиддӣ қарор медиҳанд, ки шойистаи таҳсину офаринҳост.
Бисёр хуб мешуд, агар анъанаву таҷрибаи босамари Низомишиносони даврони шӯравиро, ки тадқиқоти Е.Э.Бертелс. Аълохон Афсаҳзод, Рустам Алиев ва дигарон, намунаҳои беҳтарини онанд, идома дода, минбаъда донишмандони тоҷику озарӣ ҷанбаҳои навини рӯзгору осори Низомиро мавриди пажӯҳиши жарфи муштарак қарор медоданд, зеро дуруст овардаанд, ки
Як гули мақсуд дар ин бӯстон
Чида нашуд бе мадади дӯстон!
Ҳамин гуна, метавон ба хулосае расид, ки мероси гаронмояи Пири Ганҷа пулест, ки пайванди маънавию фарҳангии халқҳои моро пайваста барқарору устувор медорад ва омили густаришу вусъати минбаъдаи равобити ҳасанаи миёни Тоҷикистону Озарбойҷони соҳибистиқлол мегардад.
Матни ҳозири илмӣ-оммавии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, ки ба муносибати 870-умин солгарди зодрӯзи шоири шаҳир аз ҷониби донишмандони тоҷик омодаи нашр гардидааст, мисоли дигари ривоҷи ҳамкориҳои судманди ду халқи дӯсту хамтабори мост.
Душанбе,
октябри 2012.
Таҳияи Мадина Ҳамидова.