Китоби тозавуруд “Рушди инсонӣ – асоси зиндагии шоиста”
Ин китоб соли 2018 дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст. Муаллифи он Одилбой Қосидов буда, мегӯяд китобашро ба кулли волидайн ва аҳли меҳнат – офаранда ва созандагони зиндагии шоиста мебахшад. Китоб ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст.
Дар пешгуфтори худ муаллиф аз ҷумла навиштааст, ки дар китоби мазкур натиҷаи бисёрсолаи фаъолияти илмӣ –тадқиқотии муаллиф, ки солҳои тўлонӣ ба омўзиши яке аз ҷузъҳои асосии қувваи истеҳсолкунандаи мамлакат, қувваи корӣ ҳазрати одам, ки созандаю бунёдкорӣ тамоми ҳастии ҷомеъа мебошад, гирд оварда шудааст. Ҳадафи ба рўи кор овардани масъалаи мазкур дар он аст, ки аз оғози асри навин дар асоси таҳлилу мушоҳидаҳо доир ба вазъи демографӣ ва шуғли аҳолӣ, сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва бекорӣ, коркард ва амалисозии чораҳои зарурӣ баҳри бартараф намудани камбудию нуқсонҳои ҷойдошта ва рушди инсонӣ мусоидат менамояд. Рушди инсонӣ ин пеш аз ҳама васеъгардонии имкониятҳои қонеъгардонии талаботҳои маънавӣ ва моддии аҳолӣ мебошад. Бинобар барои ҳалли ин масъала бояд ҳар як фард иштирок ва фаъол бошад. Зеро ў натанҳо объект, балки субъект ва омили рушд арзёбӣ мегардад. Тамоми мушкилот дар он аст, ки на ҳама ана ҳамин ҳақиқати ҳолро дарк менамояд. Бинобар ин, минбаъд ба мову Шумо лозим меояд, ки байни волидайн, ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони мамлакат ҳиссагузорию масъулиятнокии шаҳрвандонро дар ободонии манзилу ҷой зисти худ, маҳал, ҷамоату шаҳрак, ноҳияю шаҳр ва минтақаю кишвари хеш баланд бардорем. Кўшиш ба харҷ диҳем, то, ки ҳар рўзу соати вақти хеш бо табъи болида пурбору манфиатбахш истифода гардад. Ҷоизи қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои шароити хуби табиӣ, географӣ ва иқтисодию демографӣ буда, байни онҳо мавқеъи асосию пешбарандаро захираҳои меҳнатӣ (инсонӣ) мебозад, зеро ҳамагуна рушд ва инкишоф аз рушди инсонӣ оғоз мегардад. Беҳуда нест, ки Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон омили инсониро зербинои ташаккули Миллат номидаанд.
Мавзуна НАЗАРОВА, сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.