Маҳфили “Ганҷи сухан” бо ширкати Субҳон Ҷалилов
Нимаи дуюми рӯзи 18 январи соли ҷорӣ дар шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили “Ганҷи сухан” баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигори шинохта, ровии маъруф, директори Радиои “Ватан” Субҳон Ҷалилов иштирок намуда, дар мавзӯъи меҳру муҳаббат ва муваффақияти инсонҳо дар зиндагӣ бо хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони муассиса суҳбат намуд.
Маҳфил бо сухани муқаддимавии муовини директори Китобхонаи миллӣ Маҳмудов Гадобек оғоз гардида, мавсуф дар хусуси иқдомҳои Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии қишри эҳтиёҷманди кишвар ва дастгирии иҷтимоии ҳамешагии маъюбон дар ҷомеа сухан ронд.
Дар идома, суҳбат миёни меҳмони маҳфили “Ганҷи сухан” Субҳон Ҷалилов ва хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъбони Китобхонаи миллӣ дар фазои озоду ҳамдилӣ сурат гирифта, иштирокчиён ба тамоми суолҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Меҳмони маҳфил, баъд аз суҳбати ҷолибу меҳрафзои хеш ба чанде аз хонандагони фаъоли шуъбаи хизматасронӣ ба маъюбони китобхона аз китобҳои тозанашри хеш “61 алами бемодарӣ” ва “Аз қалъаи дил то қалъаи сангин” тақдим намуда, аз эҷодиёти худ барои иштирокчиён таронаҳое қироат кард.
Дар фарҷоми маҳфил, хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ Каримов Акбар ва Ашуров Абдулазиз бо қироати суруду таронаҳои дилангез бо овози зинда, ба нишаст тароввати дигар бахшиданд.