Бо хонандагони мактаби №8 ноҳияи Рӯдакӣ дар Китобхонаи миллӣ. Онҳо чӣ диданду чӣ гуфтанд?

Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамарўза дарҳои хешро ба рўи меҳмонон боз намудааст, шумори саёҳаткунандагон  бахусус рўзҳои истироҳат зиёд аст. Меоянд, то бо шароити китобхона аз наздик ошно шаванд, толорҳои хонишро бубинанд, бубинанд, ки мардум бо завқ китоб мехонанд, донишҷӯён ба дарсҳо омода мешаванд. Ва муҳимтар аз ҳама аз ҳамин ҳоло тайёрии довталабон барои ширкат дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз шудааст. Кормандони китобхона ҳамарӯза даҳҳо дархост қабул мекунанд, ки ба барномаи ин озмун иртибот дорад. Вале беш аз ҳама хонандагони мактабҳои миёна таҳти сарпарастии муаллимонашон ташриф меоранд. Чунончӣ, рӯзи шанбе як гурўҳ хонандагони синфи 4 аз муассисаи таҳсилоти миёнаи № 8-и ноҳияи Рўдакӣ бо роҳбарии устодашон Ҳакимова Кибриё меҳмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардиданд.

КИБРИЁ ҲАКИМОВА омўзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи № 8-и ноҳияи Рудакӣ аст. Ў мегўяд бори дуввум аст, ки шогирдонашро ба саёҳати Китобхонаи миллӣ овара, мехоҳад завқи китобхонии онҳоро бедор кунад.

– Мавзуи имрўзи дарсамон «Биё ба китобхона равем» ва «Биё ба осорхона равем» аст. Бо ҳамин мақсад мо ба китобхонаи миллӣ омадем. Кормандон моро хуш пазируфтанд, таасуроти неке бардоштем. Махсусан аз дидани Китоби сурх, Конститутсия, адабиёти бачагонаро дар шуъбаи кўдакон шогирдон хушҳол шуданд. Ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар рафтем. Кўдакон фаҳмиданд, ки китобҳои гўё низ дар ин ҷо будааст, ман низ намедонистам. Ҳатто аз чеҳраҳои хонандагон низ пай бурдан мумкин аст, ки шод шуданд ва ба завқ омаданд, он чиро ки дар дарс хонда буданд, аз наздик диданд ва ба мақсадашон расиданд, гуфт муаллима.

Ба ақидаи ин устод маълумоте, ки кормандон доир ба таърих ва хизматрасониҳову имконоти китобхона ба онҳо доданд, муфид ва коромад хоҳад буд. Омўзгор Кибриё Ҳакимова бори аввал аст ин гурӯҳи хонандагонро ба сайри макони илму дониш овардааст. Қабл аз ин низ бо гурўҳи дигаре аз шогирдон ташриф оварда буд. Ў хушҳол буд, ки онҳоро ба ин макони илму маърифат оварда аст.

Ин корро ў бо мақсади ҷалби таваҷҷўҳи бештари онҳо ба китобхонӣ анҷом додааст, зеро худи ў ба китоб таваҷҷўҳи махсус дорад ва яке аз дўстдорони китоб аст. Ў аъзои китобхонаи мактабашон буда, дар доираи лоиҳаи «Биё бо ҳам бихонем», адабиёти бачагонаро ба шогирдонаш тавсия карда, ҳамроҳи онҳо мехонад. Ҳамин тавр моҳе як маротиба муҳокимаи китобҳои хондаро ба роҳ мондаанд.

Талабагони мактаби зикршуда дар Китобхонаи миллӣ китобҳои хондаашонро дида изҳори шодӣ мекарданд, ки мо ин китобҳоро хондаем.

– Чанд нафар аз хонандагони китобдўстам толори зебову дилкушои Китобхонаи миллиро дида, хоҳиши аъзои китобхона шудан дар онҳо пайдо шуд, ҳарчанд роҳи мо аз марказ дур, 23-24 километр аст. Онҳо ҳамарўза омада наметавонанд, аммо мехоҳанд аъзо шаванд, – гуфт Кибриё Ҳакимова.

– Ин кўдакон дар синне ҳастанд, ки барои китобхон шуданашон ба роҳбалад ниёз доранд, зеро намедонанд чӣ китобро бихонанд ва кай бихонанд. Касе даркор аст, ки ба инҳо бифаҳмонад, ки китоб хондан ба онҳо чӣ медиҳад ва кадом вақт бояд китоб хонд. Адабиёти бачагонаро ҷудо карда ба онҳо бояд дод. Барои кўдаки синфи 4 китобе бояд дод, ки мушкил набошад, бифаҳмад, аз калимҳои нофаҳмо орӣ бошад. Мо имрўз дар ин китобхона дидем, ки он аз китобҳои бачагона бойу ғанист, – дар фарҷоми гуфтугуяш бо мо илова намуд Кибриё.

Тавсияи муаллима барои кўдакон:

– Китоберо, ки аз мутолиааш чизе намефаҳмед, аз идомаи хонданаш даст кашед ва дертар ба он баргардед. Мумкин аст синни шумо барои дарки он нарасад. Ман синфи 4 ё 5 будам. Китоби  «Қиссаи писарам»-ро мутолиа кардам ва як калима аз он нафаҳмидам. Танҳо чизе, ки ба ёдам мондааст, унвони китоб аст. Ҳатто номи ҳамон писарро дар ёд надорам. Зеро он вақт ҳамон китобро бе  маслиҳати муаллим аз пеши худ гирифта хонда будам.

Ин устоди мактаб гуфт муаллим бояд худаш китобхон бошад, зеро дар баррасии китоб ман савол диҳаму хонанда чизе ҷавоб дод, бале, гуфтан гирам намешавад.

Ҳузури хонандагони мактаб ва тамошои онҳо аз толорҳои хониши китоб ҳамарӯза доир мешавад.

Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.