Артиши миллӣ муҳофизи Истиқлоли кишвар аст
Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанўз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурўъ намуда буд.
Ҳамин тавр то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми асосӣ, Қўшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қўшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.
Артиши миллии мамлакат бинобар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум ба сангарҳо сафарбар мегардиданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар миёни неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадортар аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо ҳам пушти сар гузошт. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаҳои ҷангиро низ омўхт ва имрўз онро такмил медиҳад.
Ва ниҳоят 30-умин сол аст, ки ҳалқу миллати тоҷик ин рўзи Иди Артиши миллиро таҷлил менамояд ва ҳар сол хоставу нохоста кас мехоҳад таърихи таъсиси Артиши миллиро варақ занад, роҳи тайкардаи қариб сисолаи онро пеши назар орад. Ва ин ёдкард хуб аст, чун наслҳо бояд донанд, ки Артиши миллии мо дар кадом шароит бунёд шуд ва тўли ин муддат то куҷо рушд кард, таҷриба омўхт.
Бароям дар ин айёми бофараҳу хотирмон хеле хушу гуворост, ки кулли кормандони Артиши миллии Тоҷикистон ва ҳамаи алоқамандонашро бо фарорасии фаъолияти 30-умин солгардашон самимона муборакбод гуфта, ба онҳо дар ҳифзу нигаҳдорӣ оромиву осоиштаги кишвар комёбӣ, фатҳу кушоиши тоза, равнақу барор ва саодати рўзгор таманно намоям.
Валиев Ҷамил- Китобхонаи миллии Тоҷикистон