Боз 20 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ба омӯзиши барномаи «Aleph» ҷалб шуданд
Аз 18-уми апрел то 18-уми май даври сеюми омӯзиши барномаи «Aleph» оғоз шуд, ки 20 нафар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро аз сардорон то мутахассисон дар он омӯзиш мебинанд. Бояд гуфт моҳи гузашта низ 21 нафар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон давраи омӯзишии курси такмили ихтисосро хатм намуда буданднд.
Маврид ба ёдоварист, ки Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони Китобхона, ки дорои маълумоти ғайритахассусӣ мебошанд, пайваста давраҳои омӯзиширо дар мавзӯъҳои мухталиф роҳандозӣ мекунанд.
Курси бозомӯзии «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» дар ҳаҷми 36 соат роҳандозӣ мешавад ва дар он ҳамаи кормандони Китобхона марҳила ба марҳила ҷалб хоҳанд шуд.
Тибқи нақша баргузории ин гуна давраҳои омӯзишӣ барои соли оянда низ дар назар аст.
Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.