Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ. “Гоҳномаи авастоӣ”
«Метавон бо сарбаландӣ гуфт, ки дар талошҳои чанд кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар сафи пеш қарор дошт ва дар ҷаҳонишавии Наврўзи бостон саҳми арзандаи худро гузошт. Ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврўз муҳимтарин суннатҳои писандида ва неки наврўзӣ эҳё гардиданд. Моро зарур аст, ки таърих ва анъанаҳои Наврўзро ҳар чӣ бештар ва амиқтар омўзем».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврўз ҳама вақт иди ҷаҳонӣ буд, танҳо дар замони ислом ва Шўроҳо ҷашни он маҳдуд шуда, расман таҷлил намегардид, аммо кишоварзони Осиёи Миёна, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Покистон, Қавқоз, Иристон ва Ҳиндустон, дар ҳамаи ҷойҳое, ки ақвоми ориёӣ буд, онро қайд менамуданд. Дар замони ориёиҳо Наврўз дар қаламрави онҳо, ки аз рўи Дунай то Байкал, аз Урал то Ҳиндустон, аз баҳри Миёназамин то Тибет зиндагӣ доштанд, дар ҳамин ҳудуд ва аз ин бештар ҷашн гирифта мешуд. Дар замони Каёниён Наврўзро қариб дар ҳамин ҳудуд, дар замони Ҳахоманишон тамоми олами араб ва Рум 73 қавмҳои ба ҳайати империя ворид буда ҷашн менамуданд. Искандар Авасторо сўхт, аммо ҷашнҳои миллиро манъ накарда буд. Аз навиштаҳои Маҳмуди Кашғарӣ бар меояд, ки туркҳо тамаддун ва оини зардуштиро қабул намуда буданд. Танҳо ислом ҷашнҳои ғайри дини исломро манъ намуд. Бинобар ин дар замони ҷаҳонишавии фарҳангҳо, Наврўз ҳамчун рукни фарҳанги ҷаҳони қадим, бояд эҳё мешуд ва мақоми пешини худро касб менамуд ва ҳамин тавр шуд ва дар эҳёи он нақши Сарвари тоҷикон, Пешвои муаззами миллат калон аст. 18 феврали соли 2010, дар Иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон» – ро дорад, қатъномаи «Рўзи ҷаҳонии Наврўз» ба тасвиб расид. Ин ҷашн бо пешниҳоди Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон баррасӣ ва маъқул дониста шуд. Соли 2016 ба қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврўз ба феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид гардид. Чи тавре ки ёд шуд, дар ҷаҳонӣ шудани фарҳанги тоҷик, аз ҷумла Наврўз, нақши Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калон аст. Ў дар муддати панҷ сол бо сарварони ҳавзаи Наврўз дар бораи ҷаҳонишавии он суҳбатҳо намуда, онҳоро розӣ кард,то ин ид амалӣ шавад. Албатта ҷаҳонӣ шудани Наврўзи кунунӣ аз ҷашнҳои пешин фарқ дорад. Пеш дар ҳудуди олами ориёиҳо ҷашн гирифта мешуд, имрўз ин ҷашнро ҷаҳон ҳамчун ҷашни даромади баҳор, саршавии кишт медонад. Пеш дар ҳудуди Украина ва Россия ориёиҳо зиндагонӣ менамуданд ва Наврўз ҷашн гирифта мешуд. Осораш дар иди Масленитсаи русҳо боқӣ мондааст. Иди Масленитса дар моҳи март қайд мешавад ва ин иди баромади шир ва равғани баҳорӣ аст ва яке аз рукнҳои Наврўзи куҳан, гову мол зоидан ва дар Наврўз аз шир ва равғани нав хўрданиҳо омода сохта аст. Шир ва мост яке аз хўрданӣ ва мавҷудоти асосии дастархони ҳафт мим ва ҳафт шин мебошанд ва нишон аз пайдоиши шир ва мости баҳорӣ, таваллуди барра, бузғола ва гўсола дар баҳор сар мешавад ва ин ҷашн пеш дар мо буд.
Эй дўст муборак бод, Наврўз ҷаҳонӣ шуд,
Гул бар сари торак бод, Наврўз ҷаҳонӣ шуд.
Ҳафт шини шакар омез, бар сини саҳар омез,
Ҳафт мим қаторак бод, Наврўз ҷаҳонӣ шуд.
Ориёҳо аз замонҳои хеле қадим солномаи офтобии худро тартиб додаанд. Бозёфтҳои археологӣ дар ҷануби Русия (Урал) дар яке аз ёдгориҳои ақвоми ориёӣ, ки ба асрҳои XVII – XVI пеш аз мелод рост меояд, далолат мекунад, ки онҳо шаҳру деҳаҳои худро бо тарҳи чалипоӣ, ки рамзи гардунаи Миҳр аст ва фаслҳои солро ифода мекунад, сохта шудаанд. Ин маркази фарҳангии ақвоми ориёӣ – Аркаим ба асри биринҷӣ (бронза) мутааллиқ буда, марбути вилояти Челябинскийи Россия ҳаст. Калимаи «аркаим» -ро муҳаққиқон ба »Ориён» як дониста, тахмин менамоянд, ки Ориёнама Ваеҷаҳаи авастоӣ дар ин ҷо воқеъ будааст.Албатта ин ақида чандон асос надорад, аммо ин ҷо ориёиҳо зиндагонӣ доштанд ва бахши ватани онҳост ва нақши биноҳои мудаввар ифодаи хаймаи офтоб мебошад.
Аркаим шакли чалипои шикаста дошта, дар асоси гардиши офтоб ба чор бахш қисмат мешавад. Тахмин меравад ин бахшҳо шояд чор фасли сол ва чор ҳафтаи моҳро ифода мекарданд. Дар ҳар бахши чалипо ҳафт ҳуҷра ҷой гирифтааст, ки ифодаи ҳафт рўзи ҳафта мебошад.
Дар нақши Аркаим дар як тараф 14 ва дар тарафи дигараш 18 ҳуҷра ҷой дода шудааст, ки ҳар ҳуҷра як рўзи моҳро ифода мекунад. Бошандагони Аркаим аз рўи ин нақша моҳҳои аз 28,29,30,31 ва ҳатто моҳи аз 32 рўз иборат буда доштаанд. Тақвими онҳо офтобӣ будааст. Омўзиши сарчашмаҳои авастоӣ ва бозёфтҳои археологӣ ба он далолат мекунанд, ки ориёиҳо яке аз аввалин донандагони башаранд, ки гардиши моҳу ситораҳо ва хуршеду заминро шинохта будаанд ва дар асоси мушоҳидаҳо ва донистаниҳои худ солномаро ихтироъ намудаанд. Ориёиҳои пеш аз зардушти Спитамон миҳрпараст будаанд ва аз ҳамин сабаб нақшаи шаҳру деҳот ва билохир маъбадҳои худро бо нақшаи мудаввару чалипоӣ ва монанди гардиши Миҳр, рамзи хуршед дар замн бино кардаанд. Аз ин тақвим чунин бармеояд, ки онҳо офтоб, моҳ сайёраҳо ва коинотро муқаддас медонистанд ва дини онҳо хусусияти астрологӣ дошт. Дар ибтидои бошарият офтоб ва оташро муқаддас медоштанд, аммо ориёиҳо ин аҷроми фалакро ба пояи тақаддус – худоӣ бардоштаанд. Оини Зардушт чор бахши модда: об, хок, ҳаво ва оташро муқаддас медонистаст, ки ҳаёт дар ин ҷаҳон аз онҳо падид омадааст. Ҳамин тавр, адёни ақвоми ориёӣ ба он далолат мекунад, ки онҳо аввалин тартибдиҳандагони тақвими офтобӣ мебошанд. Дар илми имрўза ақидаест, ки инсони бадавиву кўчӣ дар ибтидо тавқими камарӣ дошт, вале ҳамин ки ба кишоварзӣ машғул шуд, зарурати тақвими хуршедӣ ба миён омад. Ориёиҳо дар ҳазораи VI – V пеш аз мелод дар манотиқи Хуросони кунунӣ, Марв, Бохтар, Хоразм, Суғд ва Кобулу Зобул, Кашғару Хутан ба зиндагии кишоварзӣ гузаштаанд. Шояд дар ҳамон давра ва ҳатто пештар аз он ба тартиб додани солномаи офтобӣ шурўъ намуда бошанд, ба ҳар ҳол дар Помир тақвими офтобӣ пайдо шудааст, ки ориёиҳои ин диёр мурдаҳои худро мувофиқи гардиши офтоб гўронидаанд. Гўр мувофиқ аст ба самти хатти ҳаракати офтоб ба он рўзе, ки одам фавтидааст. Тарҳи маскан, биноҳои истиқоматӣ, маобид ва гўрхонаҳои худро мудаввар ба монанди хаймаи офтоб ва ивазшавии фасли сол бино кардаанд. Биноҳои мудаввар ва дар шакли чалипои шикаста тарҳрезӣ шудааст. Аз асрҳои биринҷӣ шурўъ шуда, то лавҳаҳои антиқа, яъне асрҳои II –I пеш аз мелод давом доштанд. Тарҳи чалипоии маъбади оташ чорбахша буда, дар сохтмони дигар маобиди масеҳӣ, буддоӣ ва исломӣ аз он истифода шудааст. Дар Хоразм бостоншиносон бинои бисёртабақаи мудаввареро пайдо намуданд, ки имрўз бо номи Қуйкрилганқалъа машҳур аст ва ба асрҳои V- I пеш аз мело два I – V мелодӣ нисбат дорад. Ба ақидаи мутахассисон дар қабатҳои болоии он расадхона будааст, ки мубадон гардиши моҳу ситора ва офтобу заминро мушоҳида намуда, тағйиротҳои табии дар фаслҳо ва моҳу сол мешударо пешгуӣ менамуданд. Шаҳристонӣ менависад, ки ориёҳо то Зардушт ва Виштосп ба сайёраҳо ва офтобу моҳтоб саҷда менамуданд. Муаллифи асри X Истахрӣ, ки дар Самарқанд будааст, менависад, ки суғдиён дар китобхонаи худ 300 асари илмии марбут ба ситорашиносӣ доштаанд. Дар дарвозаҳои шаҳри Самарқанд бо хати суғдӣ масофаи замину осмон ва сайёраҳо навишта шуда буд. Дар яке аз сарчашмаҳои чинӣ мувофиқи суннати зардуштиён ҳафт ахтар: хуршед, моҳ ва боз панҷтои дигар доранд, ки одамонро роҳнамоӣ мекунанд. Ҳар рўзи ҳафтаро як ахтар пуштибон аст. Ин рўзҳоро зардуштиён дар ёд мемонданд, чунки ҳар ахтар ба одамӣ таъсири худро дорад. Рўзи истироҳати онҳо рўзи Миҳр аст ва ин рўзро бузург медоранд. Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки ин ахтарон маъбади худро доштанд. Масалан, маъбади Моҳтоб ба шакли хаштбурҷа, Аноҳид – секунҷа, Офтоб – мудаввар, Тир– секунҷа, Баҳром – чоркунҷа будааст. Шаҳристонӣ менависад, ки дар Фарғона маъбади Тирзамон- Тиштрия буд, ки нақшаи аҷиб доштааст. Аз сарчашмаҳои қадима ба хубӣ маълум мегардад, ки тири Ораши Камонкаш барои муайян кардани сарҳади Эрону Турон дар Фарғона афтода буд ва шояд ба ҳамин муносибат дар ҷои ба замин фурўд омадани тири Ораш маъбаде ба номи ахтари Тир сохта бошанд.
Ин сарсухани олими шинохта Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ ба китоби худ “Гоҳномаи авастоӣ” буд. Китоб соли 2021 чоп шудааст ва ҳоло ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст, ки шумо барои мутолиаи он метавонед аз ҳар толори хониш дархост кунед.
Таҳияи Мавзуна Назарова.