Модари пурҳасрат  

Ӯ бонуи солҳои ҷанг буд ва ҷабри зиёде аз он солҳо дида. Мусибате пушти сар нашуда дучори мусибати дигар мешуд. Аз шавҳари ҷанговараш хати сиёҳ омад ва рӯзашро сиёҳ кард. Яккаписари 17-соларо низ ба хок супурд. Вале шаш набера марҳами дардҳои бедаво ва асои дасти ӯ дар пирияш шуданд. Худованд ба мом аи Қиматгул умри дарозро насиб карда буд…

****    ****    ****

Дар баҳорон гӯё сари сабзаҳои навдамидаи кӯҳҳо ба осмон мерасад. Як манзараи дилфиребу диданист. Аз се ҷониб кӯҳҳои баланди сар ба фалак ва аз тарафе Чил духтари сафкашида гӯё даст ба шонаи офтоб мебурданд. Дар поён, дар як майдони хурд ҳамагӣ даҳ ё дувоздаҳ хонавода зиндагӣ мекарданд, ки қариб ниме аз онҳо  аз як авлод буданд.

Дар талу теппаҳо ва доманакӯҳҳо гиёҳони зиёд мерӯиданд, ки сокинон аз онҳо ҳам барои худ ғизо омода мекарданд ва ҳам барои чорвои хонагиашон алаф. Дар теппаҳову дар ин кӯҳҳо чандин намуди гиёҳони дорувор месабзиданд, ки сокинон бо онҳо аз қадим, аз насл ба насл ошно буданд. Баҳорон мардум аз гиёҳҳои табиии субинак, ҷамбилак, шунук, қоқу, гули гандумак, парновак, гӯши бзак,  рошук, чукрӣ, торон, чоқла ва ғайра ба серӣ мехӯрданду баъзеи онро хушконида барои зимистон ҳам нигоҳ медоштанд.

Сокинони ин рустои хурд чорвопарвар ҳам буданд ва ҳамеша худро чаҳор фасли сол бо ширу ҷӯрғоту гӯшт таъмин мекарданд.

Чун ҳама деҳоти наздикӯҳӣ ба ҳадди фаровон ба ин деҳа аз гӯшаҳои гуногуни кӯҳу теппаҳо обҳои чашмасорон ҷорӣ мешуданд. Аммо барои сокинон чун ҳамеша мавҷи пуртӯғёни рӯди Ёхсӯ мушкил эҷод мекунад.

Момаи Қиматгул аз сокинони солманди ин деҳа аст ва гузаштаро хуб медонад.

  Падар барои Қиматгули  хурдакак  ҳам падар буд ва ҳам модар. Чунки вабои дар он солҳо омада ҷони чандин модарону хоҳарон ва  падарону бародаронро гирифта буд. Қиматгул ҳам яке аз он мотамзадаҳо буд, ки аввал модар баъд аз хоҳараки  думоҳа ҷудо шуд. Ин хоҳаракаш ҳам аз қурбониёни вабои кушанда дар хонавода буд.

Қиматгул бо падар танҳо монд. Духтараки 6 – сола почаҳои нозукашро дар таги пои гов дароз намуда, кўзаро дар бағалаш монда  мехост шир ҷушад. Дудаста пистони говро қапида мекашид, вале чакраи шир аз пистони гов ба кўза намерехт, чунки қувваташ барои ҷушидани шир аз пистони гов намерасид.

Қиматгул ин ҳамаро қисса мекарду “оҳ рўзом-оҳ рўзом” гуфта ашк ҳам мерехт.

Вай кӯдакиро ҳам надид, бо сад мушкилоти хонаводагӣ калон шуд. Аз умри падар кам монда буд ба ин хотир ба духтараш дар назди зани ҳунарманди ҳамсоя ҳунари пухтан ва дӯхтани пироҳанро омӯхт, чакандӯз шуд, ҳунараш зина ба зина барояш хуш меомад.

Хостгор аз ҳамсоядеҳа омад ва падар дуои бахти сафед доду духтарро ба хонаи шавҳар гусел кард. Вале афсӯс аз зиндагии бо  шаҳвар  якҷоя соҳиби як духтарчаи дустрў гардид ва шавҳараш аз олам гузашт. Аниқтараш фарзанди нахуст баъд аз марги падар ба дунё омад. Солҳои ҷанг буд, онҳо ҳамагӣ се моҳ оиладорӣ карданд ва шавҳари ҷавонашро ба ҷанг бурданд. То соли охири ҷанг ҳамеша номаҳои хубу шодиовар дарёфт мекард, вале соли охири ҷанг хабари маргаш расид ва зиндагӣ пеши назари Қиматгули ҷавон тира шуд.

 Чанде баъд падари Қиматгул низ аз дунё гузашт. Солҳои баъдиҷангӣ мушкилтарин солҳо барои аҳли русто буданд. Қиматгул Ёдгорбии ҷавонро мехобонду бо ҳамон навои суруди алла барои наварӯсон чакан медӯхт.  Зани ҳунарманд гуфта мардони муҷаррад ба хостгорӣ меомаданд. Ҳақу ҳамсояҳо мегуфтанд, ки «апаи Қиматгул мо медонем, ки ту бо ҳунарат рўзатро гузаронида метавонӣ, вале зани ҷавон ҳастӣ дуруст нест, ки умри ҷавонатро ба танҳоӣ гузаронӣ». Ва ӯро розӣ кардаву дубора ба шавҳар доданд.

 Онҳо соҳиби як писараки зебо шуданд, вале умри ин писарак дароз набуд. Панҷсола буд, ки хатнатӯй карданд ва субҳи рӯзи дигар ӯ дунёи рушанро падруд гуфт. Зиндагӣ дар назараш боз ҳам тираву тор шуд, ашкаш мерехту мерехт, садои наҳваи модари фарзандгумкарда то ба фалак мерасид. Вале пеши тақдир ин ҳама навҳаву нола сўде надошт. Қиматгул боз ҳам ба тақдир тан дод ва Худовандро шукр мегуфт, ки гарчи писараш рафт, боз духтараш дар канораш аст.

Ёдгорбии хурдакак, ки дар зери дасти  падари угай калон мешуд, ин сӯзро ҳис намуда, «Худоҷон амрама чиба ай ма грфти калон мешид соҳибм мешид» гуфта оби чашмаш ба мисли қатраҳои  борон мерехт.

 Ғам куҳна намешавад гуфтагӣ барин  апаи Қиматгул  ҷигархун буд, вале худро қавӣ гирифта, аз паи кору бори зиндагӣ мешуд.  Баъди ду соли вафоти писараш дубора писардор шуд. Ин шаҳбози арзишмандро Мирзоисоқ ном гузошт падар. Мирзоисоқи яксола роҳраву гапзан нашуда, падараш аз дунё мегузарад. Қиматгули сиёҳбахт бо як духтару як писари ятим  танҳо мемонад. Ў оби чашм бо докаи сафеди дар сараш партофта тоза мекарду аз паи дарёфти ризқи ятимаконаш мешуд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки “ҳама чиро об мебарад, аммо ҳунарро на”. Ҳамин ҳунар ӯро аз ҳар мушкил наҷот медод. Ӯ дигар шавҳар накард, ба тақдири танҳоӣ тан дод. Дар синни 16-солагиаш духатри ягонааш Ёдгорбиро ба шавҳар дод. Хонаи домод дур аз Ёхсу дар як дењаи Муъминобод буд ва Қиматгул ҳам маҷбур мешавад барои он ки бо духтараш наздик бошад, ба Муъминобод кӯч бандад. Дар он ҷо зани ҳунарманд буданашро хабардор шуда мардум ба ў ҷой медиҳанд. Ба арӯсон куртаи чакан ва ба домодҳо рӯймолу ҷома медўзаду бо муздаш ҳам рўзӣ мекунад ва ҳам замин гирифта хона месозад.

Аммо ӯро имтиҳони дигари Парвардигор интизор буду намедонист. Дар синни 17-солагӣ баъди бемории думоҳа яккаписараш ҳам тарки олам мекунад. Марги писар қалбашро гӯё сӯрох кард, дигар дар чашмонаш аз гиря об ҳам намонд. Мегиристу менолид: бачаи ятими оча,  бачаи амраҳи оча, қувати дили оча, бачаҷони тахту бахт надидаи оча гўён нола мекарду дар сояи гулҳои дар назди ҳавлиаш шинонда, нишаста чодар медўхт.

Нолаҳои ин зани заҳматкаш қалби ҳар раҳгузарро ба ларза меовард: «Худоҷоне ай ма  чӣ  хато дидӣ, ки ҷигарма оташ задӣ. Мирзоисоқҷонме ай очаи бадбахтт тни рӯ гардондӣ  тобути очат иқа сангин  буд, ки барои дар сари шонат мондан зурт тофт».

Вай ҷомаи барои домодӣ дӯхтаи Мирзоисоқро бо тоқӣ ва рӯмоли чакан дар пешаш гузошта нигоҳ мекард ва боз қабат – қабат бо докаи сафед печонида ба сандуқ мемонд. Кас гумон мекард,ки писари ин зани умедвор баргашта меояду ҷомаи духтаи модарро ба тан карда, тоқии ба сад орзуву ҳавас гулдӯзии модарро дар сар ниҳода, руймоли домодиашро дар камараш модар бо орзуву дуои нек баста дар тахти домодӣ бо арӯси интихобкардаи модар, нишаста армони модарро мешиканад. Вале ҳайҳот Мирзоисоқ дар теппаи баланди болои ноҳия манзили охират дошт…

Ягона хонаи умед хонаи духтараш Ёдгорбӣ буд, вале он ҷо низ ин модари аламзада наметавонист ором бигирад ва духтари азизашро ба оғӯш мекашиду бо ашки шашқатор мегуфт:

              Ёдгорбии ҷон биё бшинем нола кнем,

              Ай ови чашм пиёлара мола кнем.

              Ай ови чашм пиёла, ки мола нашид,

              Ханҷар бгирем ҷигармона пора кнем.

Солҳо сипарӣ шуданд. Инсон наметавонад умре дар хонаи ғам биншинад. Фарзандони Ёдгорбӣ калон мешуданд, наберадорӣ Қиматгулро аз хастагиҳои беписарӣ ба тадриҷ мераҳонд. Ба шаш набераи аз Худованд талабидааш, бибии ҷигарбирён куртаи чакан дўхта, аз ман баъди маргам ба наберагонам гуфта ба  дасти духтараш супурд. Аз ноумедиҳо басо умед аст, гуфтаанд.  Момаи Қиматгул ба синни пирӣ расид. Тӯю хурсандии шаш духтар ва се писари духтарашро дид. Вале чеҳраи гарми Мирзоисоқ ва рафиқонаш аз пеши назараш дур намешуд. Ҳамеша онҳоро ҳам ном ба ном ба ёд меовард.

 Момаи Қиматгул дар синни 103 ин дунёи барояш мотамро тарк намуд. Наберагонаш тобути ўро болои китфон бардошта, ба мазори писараш бурда, дар канори Мирзоисоқ ба хок супурданд. Мардум то ҳанўз дар бораи ҳунарманд, хушсухан, кадбону будани момаи Қиматгул ба ояндагон қисса мекунанд ва ба наберагону аберагонаш «аз насли кампири ҳунарманданд» мисли ў ҳунарманд  гуфта таъриф мекунанд.

Рўҳат шод бод бибиҷон.

  Ойҷонбӣ Азизова.