Сарсухани доктор   Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ  ба ҷилди сеюми Куллиёти осор”-и Асад Гулзодаи Бухороӣ

Асад Гулзодаи Бухороӣ барои хонандаи тоҷик шоири ноошно нест. Аз қабл ҳам бо намунаҳои ашъори ӯ дар Тоҷикистон шинос буданд, китобҳояш ҳам нашр шудаву ашъори парешонаш дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар рӯи чоп омада буданд. Аммо дар шакли мукаммал китобе аз ӯ дастрас набуд. Ҳоло “Куллиёти осор”-и сеҷилдаи шоир барои хонандагони Китобхонаи миллӣ дастрас шудааст. Сарсухани доктори илмҳои фалсафа Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизиро интихобан ин ҷо мекорем, то хонандагон бо ашъори ин шоири Бухорои Шариф аз наздик ошно шаванд.

ШЕЪРИ ГАРМТАР АЗ ОФТОБИ БУХОРО

          Ниҳоятан, таҳия ва танзими аввалин «Куллиёти осор»- и Асад Гулзодаи Бухороӣ дар 3 ҷилд ба поён расид. Ин кори бисёр содае ҳам набуд. Зеро танаввўъ дар қаволиби шеърӣ ва гузашта аз ин такассури андешаву парвози баланди тахаюллоти шоир ҳамеша ҳам имкон намедод, ки кор тунд пеш равад. Изофа бар ин, тақрибан ҳар рўзи Худо шеъри тоза аз танўри дили шоир кандашуда ба даст мерасид. Ҳамаи онҳоро дидану хондану таҳриру танзим кардан вақти тўлониро тақозо мекард. Шоирон одатан камтаҳаммул мешаванд, вале боракаллоҳ ба сабру қаноати Асад Гулзода, ки ин ҳама интизориҳоро бо ин синну соли бузург таҳаммўл кард.

            Дар бораи кайфияти ашъор ва маҳорати шоирии Асад Гулзода адабиётшиносону забоншиносон, адибон ва рўзноманигороне чун Ҷ.Ҳамроев, А Қамарзода, Т.Чориев, А.Авазов ва дигарон рисолаву мақолаҳои ҷолиби диққат навиштаанд. Вале мақому манзалати шоирии Асал Гулзода фаротар аз он аст, ки дидаву шунидаву шинохтаем. Ва маҳбубият пайдо кардани ў дар Тоҷикистону Эрон низ далеле бар ин қазия аст. Асад Гулзода тақрибан ҳафтод сол аст, ки аз ҳавои шеъру шоирӣ нафас мекашад. Шояд дар тўли ин муддат рўзе набошад, ки ў ҳадди ақал шеъре насуруда бошад. Баъзан мебинем, ки рўзе дар ғазал ё дубайтие ошиқе сарсахт ва вафодор аст, гоҳ шоҳиди он мешавем, ки дар чанд сатри кўтоҳ бо забони кўдаки чаҳор-панҷсола бо дунё гап мезанад. Гоҳе ҳам Рўдакивор лаб ба панду андарз мекушояд ва чун пири хирад аз гузашти рўзгор ҳикоят ба миён меоварад, гоҳе дигар ба минбари дарди миллат бар мешавад ва ба радду тарди забонгумкардагону носипосону худношиносону худоношиносон мепардозад. Гоҳ чун  воъизе ҳунарманд дар бораи гузаштаҳои шарафманди Бухоро ҳикоят мекунад, гоҳ лаб ба васфу ситойиши Бухоро ва арзи меҳру муҳаббат ба Бухорову бузургони бухороӣ мекушояд. Баъзан мебинем, ки Асад Гулзода бо ҳаҷвм тезу тунд ахлоқи замимаи ифроди коҳил, гурусначашм, бадкирдору бадгуфтор, худношиносу худоношиносро таҳти интиқоди шадид қарор медиҳад, гоҳе дигар бо мутойибаи нарму мулойим ба бачаҳои кўчагарду беинтизом ва дарсгурезу гапнодаро танбеҳи падарона медиҳад. Гоҳ танқиди бачаеро аз забони бародар, хоҳар ва ҳамсабақи ў меоварад, гоҳ ба сифати бобои корозмудаву рўзгордида насиҳат мекунад. Аз миёни ин ҳама рўйкардаҳои шоирона ба ҳастӣ, инсон ва ашёву, ҳодисаҳо, ду вижагии ниҳоят барҷастаи Асад Гулзода ба унвони як шоир ба таври мушаххас намудор мешавад.

      1.Асад Гулзодаи Бухороӣ – шоири маҳбуби кўдакон ва наврасон.

     2.Асад Гулзодаи   Бухороӣ – фарзанди афодор ва ситояндаи бошукўҳи Бухоро, сарояндаи бедареғи ормонҳои ин бостоншаҳри суғдӣ бо ангезаи ҳуввияти миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ.

      Асад Гулзода шоири ватандўст ва ватансарост. Ӯ барои изҳори муҳаббат ба Ватани маҳбуб ширинтарин, зеботарин,гуворотарин калимоти дар бисоти худ бударо ба кор мебарад ва фарзандвор ба навозиши зодбуми бостонӣ мепартозад.

Ифтихору эътиборам, эй Ватан

Ҳастии ман ғамгусорам ,эй Ватан.

То ҷаҳон бокист, боқӣ бошу бош.

Гар набошӣ, бе ту зорам, эй Ватан.

Эй Ватан, ту нури чашмони манӣ.

Эй Ватан, ту марҳами ҷони манӣ.

Ин ту ҳастӣ беҳтарин умеди ман.

Эй  Ватан ту нури имони манӣ.

Эй Ватан, бахти баланди ман тўй,

Хонадони бегазанди ман тўй.

Бе ту ман ҳаргиз набошам сарбаланд,

Сарзамини дилписанди ман тўй.

Баҳри ман модар тўй, ҷонон Ватан.

Баҳри ман сарвар тўй, ҷонон Ватан.

Хизмататро аз дилу ҷон мекунам,

Баҳри ман раҳбар тўй, ҷонон Ватан.

Баҳри васфат хома ронам, эй Ватан,

Худ битарсам нотавонам, эй Ватан.

Мадҳи ту охир надорад, чун кунам,

Чун дар ин ҷода ҷавонам, эй Ватан.

Ҳар дуои хайри ман бар номи ту,

Ҳар чӣ дорам, эй Ватан, инъоми ту

Қадри ту болотар аст аз Каҳкашон,

Хобу хезам сар шавад бо номи ту.

        Хоҳему нахоҳем, аксари аҳли назар ва адабдўстони тоҷик Асад Гулзодаро ба унвони шоири бачаҳо мешиносанд. Агар мунфисона бигўем, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Зеро қисмати умдаи сурудаҳои шоир бозгўкунандаи олами поку беолойиш ва нафису латифи кўдакону наврасон аст. Оҳ, чӣ қалбе бояд дошт, ки одам дар ин дунёи ноҳамвор 80-90 сол зиндагӣ кунад, бори пурмашаққати рўзгорро мардонавор бар дўш кашад, ба талхиҳо, сахтиҳо, номуродиҳо, яъсу ноумедиҳо, ноҷавонмардиҳо, муносибату ҷудоиҳое, ки пеш омада, рустамона таҳаммул кунад ва бозу боз чеҳрааш кўдаквор, латиф, самимӣ ва бомуҳаббат бидурахшад! Оҳ, чӣ рўҳе бояд дошт, ки ба одаму олам некбинона нигоҳ кунад ва ошиқи содиқи инсоният бошад. Ин ҳолат наметавонад иктисобӣ бошад, илло ин, ки худододӣ. Ва Худоро шукр, ки ҳамин неъмати худодод- «қабули хотиру лутфи сухан», қалби поку рўҳи беолойиш ба Асад Гулзодаи Бухороӣ арзонӣ дода шудааст. Аз ин ҷост, ки шеъри ў ба дилу дидаи мо гармтар аз офтоби Бухоро фараҳу рўшанӣ ва гармӣ мебахшад. Шеъри  Асад Гулзода мисли худаш офтобӣ ва ситорагарм аст.

      Асад Гулзода дар сурудани шеъри кўдак устоди камназир аст. Ончунон, ки доманаи мавзўъоти ашъори кўдакона ё бачагонаи шоир ниҳоят васеъ аст. теъдоди қаҳрамонҳо ва персонажҳо- писар, духтар, донишомўз, фарзанд, бародар, хоҳар, модар, падар, бобо, модаркалон, амак, амма, хола, муаллим, муаллима, мўсафед, устод, ҳамсинф, рафиқ, дўст, ҳамкор, усто, ҳавонавард, аскар, марзбон, ронанда, муҳандис, духтур, шоир, рассом, фурўшанда, тоҷир, милиса, посбон, деҳқон, боғбон, чўпон моҳигир, бофанда, дўзанда… низ зиёд аст. Гузашта аз ин, иштироки фаъоли ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ, ҷонварҳо, парандагон, хазандагон бо анвоъи касир, ҳамчунон ҳузури ниҳоят ғании ашё ва падидаҳои табииву сунъӣ   – хона, дар, девор, роҳ, кўча, дарахт, деҳа, шаҳр, ҷўйбор, дарё, саҳро, кўҳ, қулла, чўб, миз, сандалӣ, мактаб, арча, санг, хок, об, боғ…ва ғ.  ба тақвияти ҷанбаҳои маърифатшиносӣ (гносеологӣ), иртиботӣ,(коммуникативӣ) ва воқеагароии шеъри Асад Гулзода комилан мусоидат кардааст.

          Пеш аз пешгуфторҳои муфассал ва таҳқиқгунаи профессор Таваккал Чориев ба ҷилдҳои якуму дуввуми «Куллиёти осор» – шоир, фикр мекунам, ниёзе ба муаррифии зиндагӣ ва роҳу равиши шории Асад Гулзодаи Бухороӣ намемонад. Фақат бо ин нукта иқтифо мекунам, ки то имрўз намунаҳои шеъри Асад Гулзода дар маҷмўъаҳои ў бо номҳои «Насими Бухоро», (Бухоро -2001с), “Хати пешона» (Душанбе, «Суруш»-2003), «Шукуфаҳои Бухоро» (Душанбе-2007с), “Намози рўи барг» (Душанбе-2007), «Арзи сипос» (Бухоро -2012), «Янги нашр» -2017, «Куллиёти осор» дар 3 ҷилд, «Янги нашр», 2018. Ҳамчунин дар маҷмўаҳои дастҷамъии «Мурғобӣ чӣ мекобад?», «Лафзи ширин», «Каҳкашони орзў», «Гули мурод», «Гулистони адаб», «Фариштагони форсигў», «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон, қарни бистум то кунун», «Тазкираи адабиёти бачаҳо», дар китобҳои дарсии хонишу забони модарии синфҳои ибтидоӣ, адабиёти синфи 11-и мактабҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар саҳифаҳои матбуоти даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба чоп расида ва дастраси мухлисон гардиданд. Вале мутаассифона, бояд гуфт, ки китобҳои чӣ дар Бухоро ва чӣ дар Душанбе чопшудаи шоир ба ғалатҳои бешумори имлоӣ, китобатӣ ва ғайра ҳам дили шоир, ҳам табъи хонандаро хира менамуданд. Табиист, ки ин сегона яъне «Куллиёти осор» низ аз ғалатҳои мухталиф орӣ нест, вале умед мекунем, ки нисбат ба чопҳои пешинаи ашъори шоир ва гузидатар бошад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки итминони кавитар ба таҳқиқу тадқиқи шеъри Асад Гулзода бипардозанд.

        Пўшида ҳам намонад, ки ин куллиёти сегона дарбаргирандаи тамоми сурудаҳои шоир набуда, балки як навъ гузидае аз онҳост. Сурудаҳои шоир тақрибан ба ҳамин миқдор шеър, ки дар дарстраси шумо, хонандагони азиз қарор дорад, ба далелҳои мухталиф хориҷ аз чоп мондааст. Яке аз ин гуна далоили узровар такрори абёту мисраъҳо дар чандин шеър, дигар аз далоилаш дар ду ё се шакли таҳриршуда ё тағйирёфта вуҷуд доштани як шеър аст. Умед аст, ки дар оянда қадами дуввум ҳам ниҳода шавад ва куллиёти шашҷилдаи шоир дар маърази мутолиаи адабдўстона қарор бигирад.

      Бархе аз соҳибназарони тоҷику эронӣ Асад Гулзодаро «охирин шоири форсигўйи Бухоро» хондаанд. Дар ин таъбир як ҷаҳон дарду алам нуҳуфтааст. Вале фикр мекунам ин яъсест, ки дар умқи худ раҷо-умеде ба ояндаро ниҳон медорад. Умед ба ояндае, ки шеъри форсии тоҷикӣ дар боргоҳ ва коргоҳи шоирии Одамушшуаро Рўдакӣ – Бухорои шариф ҳамеша реша дар об бошад…

    ҶАЪФАР МУҲАММАДИ ТИРМИЗӢ,

    доктори улуми фалсафа

    узви Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.