Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мирзо Тоҳири Ваҳид

Аслаш азвинист. Дар авоили ҳол дар силки муҳаррирони дафтархонаи шоҳӣ мунсалик буда, чун аз ваҷаноти ҳолаш ростию дурустӣ ҳувайдо буд, марҳум Сорутақӣ, вазири аъзам ӯро вазири худ  карда, дар ҷамии муҳом ба  саволдиди вай ба умури мулкию молӣ мепардохт.

Баъд аз қатли Сорутақӣ  ва вазорати Халифа Султон ба мансаби воқеанависии маҷлиси ҳумоюн ихтисос ёфт ва баъд аз он рафта-рафта тараққӣ намуд. Дар замони шоҳ Сулаймони мағфур то замони Хоқони моликриқоби мабрур такяфармои маснади вазорати аъзам гардида. Дар он ғоят ростию хайрандешӣ аз вай ба зуҳур омад. Дар охири умр истеъфои он мансаб намуда, дар хонаи худ ба ибодати Илоҳӣ машғул гардида, тарки алоиқи дунявӣ намуда. Мардумро эътиқоди тамом ба иншои назму насри ӯ будаву ҳаст, лекин он қадар, ки тасаввур кардаанд, ғалат аст.

Девони ашъору бисёре аз муншаоташ ба назари роқими ҳуруф расида, шутургурба бисёр ба камолаш ҳаст ва ин абёт, ки алҳақ, дар мақоми худ гавҳарест пешбаҳо аз мунтахаботи ашъори ӯст:

Он қадар рафтаам аз худ, ки агар боз оям,

         Умри ҷовиди Хизир тӯшаи роҳам нашавад.

 

Аз мазорам гард ҳам аз нотавонӣ барнахост,

Хок домангири ман шуд, хоки домангири ман.

 

Суроғи ёр мегирам, ба ҳар кас мерасам, аммо

         Ба худ аз рашк мегӯям, ки ё Раб, бехабар бошам.

 

Рафт дандон чу бурун аз даҳанам, нон омад,

Ризқ гӯё, ки ба ҷо холии дандон омад.

 

Нотавонон фориғанд аз инқилоби рӯзгор,

         Хонаи сайёд ишратгоҳи сайди лоғар аст.

 

Зи дандон нест ғайр аз лаб газидан матлаби дигар,

Аз он рӯ тифлро дандони пеш аввал бурун ояд.

 

Чун забони роздорон сафҳаи мактуби мо

         Сода чандоне, ки аз нақш аст, аз мазмун пур аст.

 

Мебарад охир туро хобби адам, бедор бош,

Омадурафти нафсҳо ҷунбиши гаҳвора аст.

 

Ниҳон дар ғубори дилам гашт дарё,

         Чу ашке, ки дар хок ғалтида бошад.

 Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Малика Абдуллоева, мутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.