Чанд фоидаи китоб ва китобхонӣ
Ҳамаи мо шунидаем, ки китоб хондан хуб аст. Ҳамаи мо бо он ёри меҳрубон каму беш ошно ҳастем, аммо шояд аз фоидаи китобхонӣ огоҳ набошем. Китоб хондан таъсири боварнокарданӣ дар зеҳн ва зиндагии иҷтимоии инсон мегузорад.
Таҳқиқоти охири мутахассисон нишон медиҳад кӯдаконе, ки волидайнашон чанд бор дар як ҳафта барои онҳо китоб мехонад, дар муқоиса бо кӯдакони дигар дар чаҳорсолагӣ маҳорати хондан ва навиштани беҳтаре доранд, дар озмунҳо ҷойҳои намоёноро ишғол менамоянд… ва гузашта аз ин дар зиндагӣ кори беҳтареро хоҳанд ёфт.
Ҳамчунин таҳқиқоти дигаре дар мавриди мутолиа нишон додааст, ки лаззат бурдан аз хондани осори адабӣ, тавоноии зеҳнро дар инсонҳо афзоиш медиҳад. Дар идомаи он дар бораи якчнд фоидаи китоб ва китобхонӣ чунин омадааст:
- Афзоиши оромиш ва коҳиши стресс
Агар дар зиндагии рӯзмарра стресси зиёдеро таҷриба мекунед, китоб бихонед. Таҳқиқоти анҷомшуда дар соли 2009 дар донишгоҳи Сассекс (University of Sussex) нишон дод, ки мутолиа кардан муассиртарин равиш барои муқобилият бо стресс аст. Китоб хондан аз фаъолиятҳои маҳбубе монанди гӯш додан ба мусиқӣ, лаззат бурдан аз як пиёла чой ё қаҳва ва қадам задан, дар ҳифзи оромиш ҳангоми рӯбарӯ шудан бо ягон мушкилот, бисёр муассиртар аст.
- Тақвияти зеҳн
Тибқи таҳқиқоте ки дар маҷаллаи “Неврологӣ” (Neurology) мунташир шудааст, хондани китоб дар тамоми тӯли умр боис мешавад, ки мағз дар пирӣ тавоноии худро ҳифз кунад. Дар ин таҳқиқ 294 нафар ширкат карданд ва ҳамаи онҳо дар синни 80-89-солагӣ аз дунё рафтанд. Натиҷаи таҳқиқот собит кард, ки раванди коҳиши қудрати ҳофизаи касоне, ки дар тӯли умри худ фаъолиятҳои таҳриккунандаи зеҳн, мисли китоб хонданро ба таври мураттаб анҷом медоданд, бисёр камтар аз касоне аст, ки чунин фаъолиятҳоро дар барномаи рӯзонаи худ ворид накарда буданд. Ҳамчунин ин таҳқиқот нишон дод касоне, ки дар тӯли зиндагии худ фаъолияти зеҳнӣ доштанд, 32 дарсад камтар аз дигарон бо мушкилоти зеҳнӣ дар даврони пирӣ рӯбарӯ мешаванд. Суръати коҳиши тавоноии мағз ва ҳофиза дар касоне, ки фаъолияти зеҳнӣ надоранд, 48 дарсад бештар аст.
- Доштани хоби бароҳат
Бисёре аз мутахассисон тавсия медиҳанд, ки як барномаи рӯзона барои коҳиши стресс ва омода шудан барои хоб дар назар бигирем. Китоб хондан яке аз беҳтарин равишҳо дар муқобилият бо ошуфтагиҳои хоб аст.
- Афзоиши ҳамдилӣ
Ҳамдилӣ ё ҳамэҳсосӣ – дарки эҳсос ва фаҳми таҷрибаи ҳисси дигарон, ки бо қарор додани худ дар ҷойгоҳи онҳо ҳосил мешавад. Тибқи таҳқиқоти мунташиршуда дар маҷаллаи PLOSONE ғарқ шудан дар достонҳо ва афсонаҳо метавонад ҳамдилӣ ва ҳамэҳсосиро дар инсон тақвият кунад. Ин таҳқиқот дар қолаби ду озмоиш анҷом гирифт ва натиҷаҳои он нишон дод касоне, ки зери таъсири як китоб қарор гирифта буданд, ҳамдилии бештаре нисбат ба дигарон эҳсос мекарданд.
- Афзоиши огоҳӣ
Ҳар чизе, ки мехонед иттилооти наве ба андӯхтаҳои қаблии худ изофа мекунед. Ин иттилоот ҳарчанд кӯчак, вале рӯзе ба коратон меояд. Ҳар чӣ дониш ва огоҳии бештаре дошта бошед, барои ғалаба бар «задухӯрди» зиндагӣ омодатар хоҳед буд. Худатонро дар шароити сахте тасаввур кунед. Фаромӯш накунед ҳар чизе, ки доред аз қабили пул, кор ва ҳатто саломатӣ мумкин аст рӯзе аз дастатон биравад, аммо донишу огоҳӣ ва маҳоратҳои шумост, ки ҳамвора бо шумо мемонад.
- Густариши доираи луғавӣ
Ин маврид ҳам дар таносуб бо мавориде, ки дар боло ишора кардем қарор дорад. Ҳар чӣ бештар китоб бихонед бо калимаҳо ва ибораҳои нав рӯбарӯ мешавед: аз онҳо метавонед дар ҳаёти рӯзмараи худ, дар вақти суханронӣ истифода кунед. Доштани истеъдоди баён ва балоғат дар гуфтор дар заминаҳои касбу кор кумаки бисёр бузурге ба шумо хоҳад кард. Шумо метавонед бо дили пур ва эътимод ба худ беҳтару бештар суҳбат кунед. Дар масъалаи касбу кор ҳам агар шахси аҳли мутолиа ва дорои истеъдоди баёни олӣ бошед, дар мавриди мавзӯъҳои гуногун огоҳии нисбӣ дошта бошед, имкони пешрафти кории шумо бештар фароҳам мешавад. Баръакси ҳол, касоне, ки сатҳи огоҳии луғавиашон маҳдуд аст ва иттилооти каме аз пешрафтҳои илмии рӯйдодҳои олам доранд, фурсати пешрафти кориро аз даст медиҳанд.
- Тақвияти ҳофиза
Замоне, ки китоберо мехонед, бояд маҷмӯе аз саргузаштҳо, ҳодисаҳо, орзуҳо ва ихтилофҳои ҷузъии онҳоро ба ёд гиред. Ҳамчунин тамоми омилҳои фаръиро, ки бар раванди достон ва китоб таъсиргузор ҳастанд, бояд дар зеҳн дошта бошед. Ҳамон тавр ки мебинед барои ин ки битавонед як китобро дунбол кунед, бояд чизҳои зиёдеро ба хотир гиред. Қобил ба зикр аст, ки мағз як узви шигифтангез аст ва ба роҳатӣ ин иттилоотро ҳифз мекунад. Нуқтаи ҷолиби дигари мағз ин аст, ки ҳар бор, ки шумо матлаби наверо ба зеҳн месупоред, мағз масирҳои асабии наве месозад ва масирҳои қаблиро тақвият мебахшад.
- Оромиши хотир
Илова бар ин ки хондани китоби хуб боиси оромиши инсон мешавад, мавзӯе, ки дар мавриди он мутолиа мекунед ҳам метавонад оромиши хотирро барои шумо ба армуғон биёварад. Масалан, хондани матнҳои маънавӣ метавонад фишори хунро коҳиш бидиҳад ва эҳсоси оромишро дар шахс эҷод кунад.
Бо таваҷҷуҳ ба майлу рағбати худ як заминаро интихоб кунед ва мутолиаро аз он шурӯъ намоед: адабиёти классикӣ, шеър, асарҳои тарҷумаҳолӣ, адабиёти хориҷӣ, роману повестҳо ва ҳар мавзӯе, ки таваҷҷуҳатонро ҷалб мекунад.
Шурӯъ кунед, китобе дар даст бигиред ва дунёи наверо барои худ боз намед.
Таҳияи ШУҶОЪ Ҳошимов
Муовини сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ».