Китоби нав. Саид Ҳалимов. “ОСОР” (Ҷилди 2)

Salim-HalimovҶилди дуюми китоби донишманди маъруф Саид Ҳалимов бо ҳамин ном интишор ёфт ва ба Китобхонаи миллӣ ҳам ворид шуд. Ҳамчуноне дар муаррифии китоб омадааст, таърихи забони адабии тоҷикӣ ҳамчун фанни забоншиносӣ дар факултетҳои филологияи тоҷикӣ донишгоҳҳои ҷумҳуриамон омўхтаву таълим дода мешавад, вале то ҳол доир ба ин мавзуъ китобе, ки фарогири ҳамаи асрҳо бошад, чоп нашудааст.

Навиштани китоби дарсии таърихи забони адабии тоҷикӣ, ки осори хатии бою гуногуни беш аз ҳазорсола дорад, кори осон нест, саъю кўшиши гурўҳи мутахасисони зиёд лозим аст ва ба кору заҳмати оное вобаста аст,ки ин фанро дар донишгоҳу донишкадаҳо дар мегўянд ва аз эҳтиёҷу талаботи донишҷўён бохабаранд.

Дар ин китоб ҳамчун васоити таълим кўшиш шудааст, ки ба донишҷўён дар бораи вазифаҳои таърихи забони адабӣ, ташаккули забони адабии тоҷикӣ, инкишофи забони адабии мо аз асрҳои IХ-Х то ибтидои асри ХХ ва хусусиятҳом лексикию грамматикии он ба таври мухтасар маълумот дода шавад.

Китоб ба гиромидошти 90-солагии донишманди шинохта бахшида шуда ва бо талоши фарзандони марҳум ва шогирдону ҳамкорони ӯ рӯи чоп омадааст.

Духтари олими маъруф Сафаргул Ҳалимова ба ҷилди дуюми Осор пешгуфтор навштааст, ки онро пурра меорем:

ПЕШГУФТОР

Шахсе, ки шамъи дили ў аз хирад ва илм равшан мегардад, мисли ганҷи бебаҳост саршор аз дурдонаҳои маърифату маънавиёт. Абармардони миллати мо дар ҳар давру замоне дар рушду инкишофи адабиёт, илму фарҳанг саҳмгузор буданд ва барои насли оянда мероси маънавии бузурге аз худ боқӣ гузоштаанд. Саид Ҳалимов (Ҳалимиён, 15.03.1932 – 09.12.2009) аз зумраи чунин фарзандони фарзонаи миллат мебошад, ки умри хешро барои рушди илму фарҳанг сарф кардааст Саид Ҳалимов аз донишмандони камназирест, ки осори манзуму мансур, илмӣ, таърихӣ, мазҳабӣ, ҷуғрофии беш аз ҳазорсолаи ниёгонамонро мутолиа намуда, барои пос доштани забону фарҳанги мо хизмати шоиста намудааст. Саид Ҳалимов устоди забони тоҷикӣ ва муаррифгари воқеии забону адабиёт ва таъриху фарҳанги мо буд. Ў донишманди закӣ, пуштибони забону фаранг, олими нуқтадон, пажўҳишгари боирбину дақиқназар, инсони нексиришту равшанзамир покниҳоду гавҳаршинос ва самимиву хоксор буд.

Ў дар чорсолагӣ ба хатти форсӣ навиштану хонданро омўхта буд ва то лаҳзаи охири умр ба мутолиа ва таҳқиқи мероси гаронбаҳои хаттии мо машғул буд. Саид Ҳалимов аз овони кўдакӣ дилбохтаи осори адабиёти классикӣ буд, чунки то солҳои шастуми асри ХХ на ҳамаи асарҳои ниёгони мо ба хатти кириллӣ баргардонда шуда буданд. Саид Ҳалимов асарҳои зиёди классикони моро бо хатти кириллӣ баргардон кардааст ва ҳамчунин 55 сол дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи милли Тоҷикистон) хатти форсиро бо донишҷўён таълим додааст ва ҳамчунин як китоби «Алифбо ва имлои осори  ниёгон» низ ба табъ расондааст (Алифбо ва имлои осори ниёгон, Д: Ирфон, 2003). Инчунин аз фанҳои «Морфология», «Таърихи забони адабии тоҷикӣ», «Граммвтикаи таърихӣ», «Курс ва семинари махсус» дарс гуфтааст. Дар баробари тадрис ў ба таҳқиқи мероси хаттии мо пардохта, асарҳои арзишман таълиф намудааст. Хизмати ў махсусан, дар ҷодаи илми забоншиносӣ беназир аст. Мавсуф  дар соҳаи морфология, вожашиносӣ, таърихи забони адабии тоҷикӣ асар ва мақолаҳои зиёди илмӣ таълиф намудааст, ки дар байни аҳли илм маъруфияти хоса дорад.

Муаллиф осори бадеии назму наср, асарҳои таърихӣ, илмӣ, ҷуғрофии адабиёти беш аз ҳазорсолаи моро мутолиа намуда, забони онҳоро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст. Таҳкиқи осори ҳазорсолаи ниёгони мо кори сангине буда, иҷрои он аз ҷониби як нафар ҳайратангез аст. Муаллифи  китоби «Таърихи забони адабии тоҷикӣ» аз бемории қанд азият мекашид ва ба ин нигоҳ накарда ин кори вазнин ва пуршарафро анҷом додааст.

Саид Ҳалимов осори бадеии назму наср, осори таърихӣ ва илмиро мутолиа намуда, ҳангоми пажўҳиши он аз хирмани забони ҳар муаллиф хўшае оварда таҳқиқ кардааст. Муҳаққиқ ба паҳлуҳои гуногуни забони ҳар як асар таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳатҳои ҷолиб ва фарқкунандаи забони ҳар муаллифро қайд карда, дар бораи онҳо назари худро баён менамояд ва ба ин восита барои муҳаққиқони ояндаи забони осори классикӣ майдони густурдаи таҳқиқро боз намудааст.

Salim-Halimov-osorМуаллиф ҳангоми таҳқиқи забони осори бадеӣ, илмӣ, таърихӣ,ҷуғрофӣ, мазҳабӣ, мантиқ ва ин асарҳо мисолҳои зиёде гирд овардааст, ки хеле ҷолибанд ва саҳифаҳои таърих ва фарҳанги миллати моро боз менамоянд. Асбаски мисолҳои овардаи муҳаққиқ аз осори гуногуни бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, мазҳабӣ, фалсафӣ, мантиқ аст, ин таҳқиқот монанди як комус аст.

Қисми аввали китоб нашри такрории китоби пешини муаллиф (Ҳалимов С.»Таърихи забони адабии тоҷик» (асри Х.-Душанбе,1978), ва «Тахрихи забони адабии тоҷик» (асрҳои Х1-Х11 ва ибтидои асри Х111.-Душанбе,2002) буда, қисмати дигари он: «Таърихи забони адабии тоҷикӣ» (асрҳои Х111-Х1V), «Таърихи забони адабии тоҷикӣ» (асри ХV), «Таърихи забони адабии тоҷикӣ» (асрҳои ХV1-Х1Х ва ибтидои асри ХХ) аз мусаввадаҳо ва хулосаҳои маводҳои ў таҳия гардидааст. Мувофиқи нақшаи муаллиф ин таҳқиқот бояд панҷ асарро дар бар мегирифт. Қисматҳои  асрҳои ХIII-ХIV, асри ХV.  Асрҳои ХVI-ХIХ ва ибтидои асри ХХ пурра анҷом ёфтааст, чунки таҳкиқи вижагиҳои забонии мероси ҳазорсола кори гурўҳи зиёди мутахассисон аст.

Ҳангоми таҳия намудани ин китоб мушкилиҳои зиёде пеш омад. Хондан ва ҷо ба ҷо гузоштани  бобу фаслҳои он, муқоисаи дастхатҳои гуногуни он хеле душвор буд, зеро устод солҳои охир аз беморӣ ранҷ мекашид ва ҳамзамон фаъолияти таълимиву илмиро дар риштаи илмҳои филологӣ, шарқшиносӣ ва таърих бар дўш дошт. Устоди равоншод пажўҳиши мазкурро солиёни дароз зери бори кору рўзгору ранҷи беморӣ ба охир расонидааст, бинобар ин хондани ин дастхатҳо ва қоғазҳои дар муддати даҳсолаҳо зардшудаву навиштаҳои рангпарида кори саҳлу осон набуд.

Ғайр аз ин, муаллиф бештари осори классиконро ба хатти форсӣ мутолиа намуда, баъзе мисолҳоро бо хатти форсӣ дарҷ кардааст, ки хондани баъзе калимаҳои кам истеъмол, бавижа калимаҳои иқтибосии дар осори таърихӣ истеъмолгардида (махсусан, калимаҳои туркӣ-муғулӣ) овардани шакли дурусти овозӣ ва маънии ин калимаҳо душвориҳоро пеш овард, зеро баъзе аз ин калимаҳо дар луғатномаҳо дарҷ нагардидаанд.

Мо китобро бештар аз дастхатҳои аввала, каме таҳриршуда таҳия кардем. Нусхаҳои сафеднависшудаи фаслу бобҳо хеле кам буданд, ки ин яке аз душвориҳои асосӣ буд.

Муаллиф марҳилаҳои инкишофи забони адабии моро аз асрҳои IХ-Х то ибтидои асри ХХ муайян намуда, фанни таърихи забони адабиро ба низом даровардааст. Навиштани китоби таърихи забони адабӣ, ки таҳқиқи маводи беш аз ҳазорсоларо дар бар мегирад, аз ҷониби як нафар имконнопазир аст. Бинобар ин асарҳои сеюм, чорум ва панҷум нотамом мондаанд. Муаллиф барои чопи асари «Таърихи забони адабии тоҷикӣ» (асрҳои  ХIII –ХIV) иҷозат дода буд. Аз назари ў қисматҳои «Таърихи забони адабии тоҷикӣ» (асри ХV) ва «Таърихи забони адабии тоҷикӣ» (асарҳои ХVI-ХIХ ва ибтидои асри ХХ) бояд такмил меёфтанд ва таҳрир мешуданд. Дар қисмаити чорум ва панҷум бисёр нуқтаҳо ба таври тезис сабт шудаанд ва пароканда ҳастанд. Азбаски ин навиштаҳо маълумоти арзишмандро дар бар мегирад ва муаллиф нигоҳи наву тоза дорад, мо қарор додем, ки онро чоп намоем. Муаллиф як кори бисёр пурмасъулиятро худ танҳо ба дўш гирифтааст. Маълумоти муфассалро муаллиф дар дарсҳо ба донишҷўён шифоҳӣ баён менамуд, вале ин фикрҳо ба таври пурра дар китоб сабт нёфтаанд. Мо ба хотири нигоҳ доштани асолати дастнависи муаллиф фаслу бобҳои ба таври кўтоҳ сабтшуда ва нотамомро такмил надодаем.

Саид Ҳалимов асарҳои фаровонеро оид ба забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ мутолиа намуда, ҳангоми таҳқиқот аз онҳо истифода бурдааст, вале фақат номи баъзеи онҳоро дар охири китоб зикр кардааст. Бинобар ин, рўйхати адабиёти илмие, ки дар китоб оварда шудааст, рўйхати пурра ва комили асару мақолаҳои илмӣ нест. Номи баъзе китобу мақолаҳо ва саҳифаи иқтибосҳои аз ин асарҳо овардашуда, ки онҳоро муаллиф медонист, низ пурра дастрас нашудаанд.

Дар сарчашмаҳо муаллиф асосан ба дастхатҳо ва нусҳаҳои фаровони форсӣ ва кириллӣ, ки муътабар дониста мешаванд, такя намудааст. Ў ҳангоми навиштани ин китоб аз дастхатҳои қадимӣ низ истифода намудааст. Ҳангоме, ки мо баъзе байтҳоро аз нусхаҳои ҳозира ҷустуҷў кардем, баъзе аз ин байтҳо ва ин ғазалҳоро пайдо накардаем. Ҳамчунин муалллиф ҳангоми дар сафарҳои хидматӣ қарор доштан аз дастхатҳои ин кишварҳо (Руссия, Эрон), истифода бурдааст, ки дар куҷо ва кадом сол нашр шудани онҳо барои мо дастрас нест, бинобар ин мо рўйхати сарчашмаҳоро комил карда наметавонистем.

Қисми зиёде аз асарҳои мавриди таҳқиқро муаллиф ба таври умумӣ қайд менамояд ва номи на ҳамаи асарҳоро зикр мекунад, чунки ба ақидаи ў «зикри танҳо номи ин асарҳо ҷойи бисёреро мегирад».

Муаллиф фаслҳои алоҳидаро бо мақсади муайян намудани ҳунари забондонии бархе аз адибон ва паҳлуҳои барҷастаи забони осори онҳо таълиф намудааст, аз ҷумла Саъдии Шерозӣ (насри пандомўзона), Камоли Хуҷандӣ (омоним), Ҳофизи Шерозӣ (маҳбуба) ва ба ин восита маҳорату истеъдод ва камоли забонгустарии онҳоро нишон додааст. Осори ҳамаи шоирон якрангу якнавохт нест ва махсусиятҳои худро доранд, ҳар кадоме ҷаҳони  дигаранд, бинобар ин фаслҳо, зерфаслҳо аз ҳам тафовут доранд.

Муаллиф  андешаву хулосаҳои худро доир ба ҳар асру марҳилаи инкишофи забони адабӣ баён намудааст. Баъзе фаслҳо нотамоманд ва аз тарафи муаллиф таҳрир нахўрдаанд, вале да ҳамаи фаслу бобҳо нуқтаҳои нав, тозагиҳо, нигоҳи дигар, ки барои мутахассисон ва пажўҳандагон маводи ҷолибе мебошад ва роҳи васееро барои пажўҳишҳои оянда боз мекунад.

Занҷираи фикри муаллиф дар фаслу бобҳо комил аст, вале аз сабаби он ки на ҳамаи саҳифаҳои дастхатҳо пайдо шудаанд, дар баъзе матнҳо робитаи байни бандҳои он канда шудааст (Масалан, қайдҳои муаллиф дар бораи «Гулистон»- и  Саъдии Шерозӣ).

Дар таҳияи ин китоб талаботи зерин риоя гардид:

  1. Китоб тибқи талаботи замон – ҷомеаи сотсиалистӣ навишта шудааст ва  мо ба хотири нигоҳ доштани асолати он матни онро нигоҳ доштем.
  2. Истилоҳоти илмӣ ба хусус баъзе истилоҳоти забоншиносӣ, ки дар замони шуравӣ бо забони русӣ роиҷ буд, дар китоб бе тағйир мононда шуданд ва мурофиаи тоҷикии онҳо дар қавсайн дода шуд.
  3. Бархе аз вожаҳои русӣ-аврупоӣ, ки имрўз мустаъмал нестанд, бо муодилаҳои тоҷикӣ иваз шуданд.
  4. Баъзе иловаҳои ҷузъӣ дар феҳристи адабиёт сурат гирифт, зеро осори ин марҳила ба хатти кириллӣ интишор ёфта, дастраси умум шудааст.

Дар таҳияи ин китоб ҳамчунин профессор, шодравон Д.Тоҷиев, профессор, шодравон Баҳриддин Камолиддинов, докторон, профессорон Шаҳбоз Кабиров, Саидраҳмон Сулаймонов, Шарипова  Фарангис, Жило Гулназарова, Муҳаммаддовуд Саломиён, Бадриддин Мақсудов, Мисҳобиддини Назирқул, Муҳаммадҷонзода Олимҷон, Хуршед Камолзода, муҳаққиқ Мубашири Акбарзод саҳми худро гузоштаанд, ки аз онҳо сипосгузорем. Ҳамчунин аз ҳамаи онҳое, ки дар нашри ин китоб ёрии худро расонидаанд, миннатдор ҳастем.

Сафаргул Ҳалимова
дотценти кафедраи таърихи
Забон ва типологияи ДМТ
Таҳияи Шарофат МИРЗОЕВА.