Пайғоми рӯз. “Равзанаи саҳар”-и Шаҳриёр Олимӣ нашр шуд
Ин китоби шоири ҷавон Шаҳриёр Олимӣ, ки соли ҷорӣ дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст, субҳи имрӯз ба Китобхонаи миллӣ ҳам туҳфа шуд. Китоб бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода чоп шудааст. Рустам Ваҳҳобзода навиштааст, ки “аз мутолиаи дафтари нави ашъори ӯ равшан мешавад, ки доираи шинохту огоҳияш аз рамзу рози шеър густариш ёфта ва шеъраш рангу бӯи тозатар гирифтааст”.
Шаҳриёр Олимӣ хатмкардаи риштаи суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, ки намунаи ашъораш дар матбуот чоп шудааст. Аввалин маҷмӯаи Шаҳриёр “Хомаи мерос” соли 2015 ба табъ расид.
Шаҳриёр вориси шоири шаҳири тоҷик шодравон Махсум Олимӣ аст.
Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рӯзноманигорӣ дар соли 2021 буда, муаллифи мақолаҳои зиёди публитсистиву илмӣ ва оммавӣ мебошад.
Намунаи шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии шоирони ҷавони Тоҷикистон “Килки сабз” ва “Шоири як шеър” мунташир шудаанд.
Фаъолияташро чун хабарнигор дар ҳафтаномаи “Мароми пойтахт” шурӯъ карда, айни ҳол сардабири ин ҳафтанома мебошад.
Аз ин пештар дар нашрияҳои “Файзи Зарафшон” ва “Ҷаҳони Паём” дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа кардааст.
Шуъбаи аспирантураи ДМТ-ро хатм карда, дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор дорад.
Раҳима Бобоева, шӯъбаи
тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.