Академик Носир Салимӣ. Пешвои барҳақ

Эмомалӣ Раҳмон Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо шарофати тадбиру хирадмандӣ ва истеъдоди кишвардории фарзандони фарзонаи хеш дар рифоҳи раъият ва дар ободии мамлакат номи нек ба ёдгор гузошта, ба ин васила дар пешрафти тамаддуни башарӣ нақше тобону муассир рақам задаанд. Қабл аз ҳама, симои дурахшони Куруши Кабирро ёдовар бояд шуд, ки беш аз ду ҳазору панҷсад сол пеш аз ин аввалин дастури ҳуқуқии тамаддуни башар – Эъломияи мондагори худро дар ҷаридаи олам интишор дод, ки он барои қавму тоифаҳои гуногунмазҳабу гуногунсуннат ҳифзи ақоид ва русуми зиндагии шоистаро вазъ намуда, бори нахуст таҷрибаи ҳамзистии халқҳо, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии инсонҳо ва ҷомеаҳои инсониро бар мабнои қонун кафолат дод.

Метавон аз сулолаи Сомониён ва корномаҳои Исмоили Сомонӣ ёдовар шуд, ки бо ибтикороти ояндасози сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ давлати қудратманди миллиро бунёд ниҳоданд, ки сармояи он ҳам дар замони кишвардории онҳо ва ҳам дар чанд асри баъдина фарҳангӣ оламшумули миллӣ ва шахсиятҳои бузурги ҷаҳониро ба вуҷуд овард. Дарунмояи фикрии давлатдории хонадони Сомониён ҳифзу инкишофи забон ва ҳувияти миллии тоҷикон буд, ки дар муқобили истеъмори фарҳангиву маънавии арабҳо асолат ва вижагиҳои мардумро дар сарзамини паҳновари Мовароуннаҳру Хуросон умри дубораи таърихӣ бахшид.

Баъд аз ҳазор соли давлати Сомониён қисмат ба мардуми Тоҷикистон фарзанди дилсӯзу хирадманд, фарзонаву поксиришт, парчамбардори нангу номуси миллӣ, посдори ваҳдату дустӣ ва сарвари арзандаву ҷонфидоро дар шахси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато бинмуд, ки бо ҷуръату ҷасорат, ҷаҳонбинии навин, дили бузургу меҳрпарвар хидмат ба миллат ва Ватанро рисолати олӣ ва меҳвари фаъолияти дурахшони худ қарор дод.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва ташхиси саҳеҳи воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи нанги кишвари мо шуд, бо гурӯҳҳо ва неруҳои мухталиф ва размандаи дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, музокира кард ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрӯз ҳамагон бидуни истисно эътироф мекунанд, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар мамлакат аз бузургтарин хидмати Пешвои миллии мост. Хидмате, ки ба шарофати он Истиқлолияти Тоҷикистон устувор ва амнияти мардуми кишвар таъмин шудааст.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷабрдида ва парешонгаштаи Тоҷикистон барномаи комилан нави сиёсиву иҷтимоӣ – барномаи ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, густариши ҳамкории гуногунҷабҳаи дӯстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, озодии баён, демократикунонии ҷомеа, хулоса, барномаи давлатдории навинро, ки дар кулли ҷаҳон пазируфта ва мавриди эътироф қарор гирифтааст, пешниҳод намуданд.

Асл ва асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиққу созандаи ӯст, ки бо неруи иродати бузурги ватанхоҳию ватандорӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама васила ва заминаҳоро муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати қавианосир буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард, бо татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳҳо, тараққиёт ва сарсабзиҳои кишвари мост. Фаъолият ва корсозиҳои Президент давра ба давра дар пайвастагии мантиқиву амалӣ бо ҳамдигар ва бо ҳадафҳои бузурги миллӣ ба як низоми густурда ва неруманди кишвардорӣ мубаддал гардида, тамоми самтҳои низоми давлатдорӣ ва назми зиндагии мардумро дар созгорӣ бо авзои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба масири пайкарҳои созанда ҳидоят намуд.

Дар ибтидои солҳои навад иқтисодиёти харобгаштаи мамлакат ҳама риштаҳои иртиботи дохилӣ ва беруниро аз даст дода, ниёзманди тадбирҳои оқилона ва таъхирнопазир буд. Қудрат ва иродате лозим буд, ки дар миёни он ҳама печидагии авзои сиёсиву иҷтимоӣ масъалаҳои доғи рӯзмарраи иқтисодиро дар иртибот бо дурнамои он ва консепсияи ҷомеи рушди мамлакат ҳаллу фасл ва мардумро ба роҳандозии он ҳидоят намояд. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳусни тадбир, поймардӣ, ташхиси дурнигаронаи ҳадафҳо ба таҳаввулоти бунёдӣ дар сохтори иқтисод ва шуури иқтисодии ҷомеа комёб гардид. Барномаҳои муассиру натиҷабахши ислоҳоти иқтисодӣ ва ташаккули заминаи қонунгузории муносиб ба он ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президент ба камоли кордонӣ татбиқ намудаанд, иқтисодиёти кишварро то ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо вусъату рифъат бахшид ва бо иқтисоди ҷаҳонӣ пайванд дод.

Пайвастан ба низоми ҷаҳонии иқтисод ва бо фазоӣ иттилоотии дунёи имрӯза, ба роҳ андохтани муомилоти пурвусъати иқтисодиву фарҳангӣ бо соири кишварҳои рубъи маскун, манзалати ҷаҳонӣ пайдо кардани ёдгориҳои моддиву маънавии таърихӣ ва оину таомули тоҷикон, бахусус, расмияти ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯзи Аҷам, макоми шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин маҷмаа ва қонунҳои ҷаҳон бо пуштибонӣ аз ҳаққу ҳуқуқ ва манофеи миллати тоҷик ва бо баррасиву пайгирии мушкилаҳои оламшумул аз ҷумлаи ибтикорот ва дастовезҳои бисёр муҳими халки тоҷик ба раванди ҷаҳонӣ шудан маҳсуб мешаванд. Эҷоди пайвастагӣ бо шеваҳо ва таомулоти пешқадами ҷаҳонӣ муосир татбиқи имконоти технологияи иттилоотӣ ва фановарӣ, ки дар маърази андешаҳои амиқи Президент ва дар меҳвари тасмимгириҳои сиёсиву иҷтимоии ӯ қарор доранд. Тафаккури ҷомеа, бахусус, тафаккури насли навхезро ба ҷодаҳои наву замонӣ роҳнамоӣ менамояд, ки аз самти дигаре иртиботи кишвари моро бо тамаддуни пешрафтаи башар тақвият мебахшад. Дар густураи назари Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гунҷоиш ёфта, дар роҳи ҳаллу фасли онҳо бо таваҷҷуҳ ба имконот ва иктидори созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳо ва барномаҳои судманде аз ҷониби Сарвари тоҷикон таҳия ва манзур шуданд, ки барои аҳолии тамоми сайёра дороӣ аҳамияти хос мебошанд.

Татбиқи барномаи пурвусъати “Об барои ҳаёт”, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари олам ҷараён дорад, аз ҷумлаи чунин ибтикоротест, ки бо сарнавишта имрӯза ва ояндаи ҷомеаи башарӣ иртибот мегирад.

Мояи ифтихор аст, ки дар меҳвари сиёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инсон чун гавҳари офариниш бо ҳама орзуву ормонҳо ва кӯшишҳояш бар саодати зиндагӣ қарор дорад. Ин сиёсати мутобиқ ба иқтизои табиии инсонҳо ва ормонҳои миллии мардум дар Конститутсияи кишварамон расмияти ҳуқуқӣ пайдо кардааст, ки дар он инсон арзиши олӣ эътироф шудааст. Моҳияти инсонгароёнаи сиёсати Сарвари давлат дар душвортарин лаҳзаҳои оғози даврони Истиқлолият, ки бар асари ҷанги бародаркуш ҳастӣ ва бақои миллати тоҷик дар маърази хатар қарор гирифта буд, ба тамомӣ ба зуҳур омад. Воқеан, сабабҳои cap задани нобасомониҳо дар остонаи Истиқлолият низ риоят нашудани меъёрҳои фарҳанги зиндагии озодвор аз ҷониби иддае аз ҳамватанони мо, тарҷеҳи майлу хоҳиш ва ғаразҳои сиёсии гурӯҳҳои муайян бар манфиатҳои миллӣ буданд. Дар ин овони худсӯзии миллӣ Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил ба гароиши азалии мардуми мо ба сулҳу салоҳ ва мусолимату мадоро масъалаи оштиву ваҳдати миллӣ, таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва бозгашти муҳоҷирони иҷбории тоҷикро дар меҳвари сиёсат ва фаъолияти густардаи худ қарор дод. Бо шарофати татбиқи пайгиронаи ин сиёсат, ки аз тарроҳи он ҷаҳду ҷадал, пофишорӣ ва ҷонбозиҳҳоро тақозо кард, Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо аз вартаи заводу нобудӣ берун омал, тоҷикон сарҷамъ гаштанд, дар саросари Тоҷикистон сулҳу ризоият пойдор гардид.

Таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили ҳазораи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии ғазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 700-солагии олим, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси Авасто, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абуалӣ ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, Соли бузургдошта тамаддуни ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1310-солагии Пешвои мазҳабии миллати мо-Имом Абуҳанифа (р), 2700-солагии Кӯлоби бостон, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва ғайра, ки маҳсули ибтикор ва раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷӯии асолати миллӣ маҳсуб мешаванд. Таҷлили шукуҳманди ҷашнҳои мазкур дар маърифати ростини таърих, эҳёи анъанаву арзишҳои фарҳанги миллӣ ва бад-ин васила амиқрафти худшиносии милливу таърихии тоҷикон ва ободону маъмур намудани сарзамини муқаддаси моро дар пай дошт.

Густарши раванди худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ дар ҷомеаи тоҷикон заминае барои эҷоди тафаккури навини миллӣ фароҳам овард, ки дар ҷавҳари он эҳсоси амиқи ягонагии сарнавишти миллат ва ваҳдату ягонагии миллӣ чун шохсутуни пойдории озодиву истиқлоли ҷомеа ва расидани инсон ба саодати зиндагӣ қарор дорад.

Инсон ва ҷомеае, ки ба ҳадди худшиносӣ ва худогоҳӣ расида, аз манзараи тафаккури навини миллӣ воқеъиятро арзишгузорӣ менамояд, бояд дар ҷодаи шинохти дигарон гом бардорад, бо соири милал дар доду ситади фарҳангиву маънавӣ қарор гирад, бо ҷаҳони муосир ҳамнаво ва ҳамсадо бошад ва дар баробари ин асолати миллии хешро ҳифз ва сарватҳои маънавии онро афзун гардонида тавонад. Ин мабдаъ такозои фарҳанги ҳамзистӣ ва яке аз рукнҳои муҳими сиёсати Сарвари Точикистон аст. Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, “ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор бо сари худ миллати тавонову бофарҳанг гардад ва дар тули ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад”. Воқеан ҳам, сиришти маънавибунёду фарҳангофарини миллати мо аз оғози таърихи маънавии инсоният ҳамнавои ормонҳо ва арзишҳои бани башар буд ва бо он ҳама сармояи бузургу беназири маънавӣ бо маҳфуз доштани асолати миллии худ ҳар иқдом ва падидаи нофеъ ба инсонро бидуни таваҷҷуҳ ба тааллуқоти он мепазируфт ва таҳти таъсиру нуфуз қарор медод. Ин суннати дерини ҳамзистии тоҷикона имрӯз бо шеваи нав дар сиёсати Ҷаноби Олӣ таҷдид ёфта, боиси боз шудани дарҳои пушида ва марзҳои бастаи Тоҷикистон ба истиқболи дӯстони дерин ва шарикони навинаш гардид.

Сиёсат ва корсозиҳои Президенти Точикистон, ки ба таҷрибаи таърихӣ ва андешаи сиёсии миллӣ такя мекунад, далел бар он аст, ки Сарвари Точикистон шеваи зистан дар асри XXI ё аниқтараш фарҳангӣ ҳамзистиро дар ҷаҳони муосир вазъ намуда ва роҳи равшанро ба фардои миллат дарёфтааст. Ин роҳ аз худшиносиву худогоҳии таърихии афроди ҷомеа ва эҳёи дастовардҳои маънавии ниёгон ибтидо мегирад. Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳи фарогир ба таърих, маърифати гузашта ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи он як рукни барҷастаи сиёсати Эмомалӣ Раҳмонро фароҳам овардааст. Дар ин сиёсати маънавиасос огоҳии комил аз сарнавишти миллат, таърихи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, маърифати мероси ғаноманди фарҳангӣ ва расму оинҳои пешгузаштагон, сабақандӯзӣ аз комёбиву нокомиҳои ниёгон чун омилҳои муҳимму заминасози худшиносиву худогоҳии инсон ва ҷомеа арзёбӣ гардида ва таъкид шудааст, ки “омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хидмат мекунад”.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ дурахшонтарин шахсиятест, ки ин рисолати муқаддаси ормонӣ дар саропои фитраташ бо шукӯҳи тамом таҷаллӣ кардааст, нахустин тоҷике аст, ки дар маснади олии роҳбарӣ кишвари моро дар арсаи ҷаҳон интишор дод ва ба рағми тоҷикситезиҳои дохиливу хориҷӣ бо камоли ҷасорат Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати демократӣ дар саросари дунё аз мақоми арҷманде бархурдор намуд.

Он чӣ ба тариқи мухтасар дар бораи баъзе паҳлуҳои корномаҳои сарнавиштсози Президент Эмомалӣ Раҳмон зикр карда шуд, ба масал қатрае аз баҳри нопайдоканор аст. Аммо ин қатра ҳам дурахше дорад, ки асл ва ҷавҳари шукӯҳманди инсонӣ ва сиёсии Президент ва пайкорҳои барозандаи ӯро дар бунёди давлатдории миллӣ ва рифъати ҷаҳонии он намоён меоварад.

МАНБАЪ: “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик”. Хуҷанд, “Ношир”, 2022.

Таҳияи: Меҳрангез Муҳаббатова
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон