Сарсухани Зариф Ғулом ба китоби нави Холиқназар Ҷумъазода “Бозиҳои қисмат»

Лутфулло БузургзодаСолҳои зиёдест, ки бо эҷодиёти адиби беҳтарин, ҳаҷвнигори хушқалам, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Холиқназар Ҷумъазода таваҷҷуҳи хоса дорам ва маҳсули ақлу хирадашро дар рӯзномаи овозадори “Тоҷикистон” ва маҷаллаи шуҳратёри “Хорпуштак” мавриди омӯзиш қарор медиҳам.

Воқеан ин адиби пурмаҳсул аллакай асарҳои пурмазмунашро аз қабили “Парандаҳои муҳоҷир”, “Биё, ки фолат бинам”, “Ашкҳои зери борон” ва “Хандасарой” пешкаши хонандагони соҳибзавқ гардонидааст.

Инак нависандаи боистеъдод тавассути чопхонаи “Балоғат” китоби навашро бо номи “Бозиҳои қисмат” аз чоп баровардааст  ва шоёни таҳсин аст, ки  шоири шӯридадил Салими Зарафшонфар бо таҳрири хеле ҷолиб ба нашри асар фотиҳаи нек додааст.

Китоби муаллиф аз ду ҳикоя ва ҳашт қисса иборат буда, аслан ба мавзуи ҳаёти оилавӣ, муносибати зану шавҳар, мушкилоти зиндагии ҳамсарон, муаммову фоҷиаҳои хонадорӣ ва часпу талошҳои қаҳрамонони инъикосгардида  бобати ҳифзи номи неку хонаи обод  бахшида шудааст.

Аслан нависандае нест, ки эҷодиёти худро ба ин мавзуи абадии доғи рӯз набахшида бошад. Аммо адиби нозукбин ба ин масъалаи ҳаётӣ бо диди нав, бо андешаи тоза ва тахайюлоти фарқкунанда муроҷиат намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ба хонандаи хушфаҳм роҳу воситаи беҳтарини ҳалли масъалаҳои оиладориву тарбияи фарзанд  ва пос доштани номи неки волидонро нишон диҳад.

Ҳикояи “Тифли ҷӯёи падар”  маҳз ба ҳамин мавзӯъ  иртибот дорад, ки барҳам хӯрдани муносибати оилавӣ  ба тарбияи фарзанд таъсир расонида, қаҳрамони асар талош меварзад, ки бо қиблагоҳаш муносибати фарзандонаашро барқарор намояд ва дар ин роҳ ба нокомиву ноумедӣ гирифтор мешавад, ки ин ҳамаро адиби хушгуфтор дар симои қаҳрамонаш Моҳира ҷаззоб тасвир намудааст.”Вале аз ҳамон рӯз ӯ дигар тағйир ёфт. Дигар он Моҳираи хандонрӯ набуд. Акнун тамоман ором шуда, хандаву табассум  аз лабонаш ғайб заданд. Баъд аз ду-се маротиба пурсидан танҳо як бор ҷавоб медод ва он ҳам хеле кӯтоҳ. Гӯё  кар шуда буду намешунид. Дар кӯча бо ҳамсолонаш бозӣ намекард. Дар мактаб баҳои ӯ аз 5 якбора ба 3 ва ҳатто 2 фаромад. Ӯ дигар дар бораи падар ҳам намепурсид” (саҳифаи 13)

Маврид ба зикр мебошад, ки қисми зтёди асарҳои офаридаи ин адиби рангинхаёл ба хиёнати ҳамсарон бахшида шуда зимни ҳалли қазияи рӯйдода муаллиф дар қиссаи “Чодари хунини гуларӯс” навоварӣ намуда, дар баробари иштироки намояндагони мақомоти қудратӣ рӯзноманигорро бобати кушодани гиреҳи ҷинояти содиршуда ҷалб менамояд.”Шаҳбоз  аз ҷой бархост ва ба Ҷовид гуфт:

-Ба мошин савор шав. Назди муфаттиш меравем. Дигар вақти хомӯшӣ нест. Агар воқеан Гулнозро дӯст дорӣ, арвоҳи ӯро шод кун ва қотилашро ба мақомот таслим намо” (саҳифаи 47).

Зиндагии инсон пур аз муаммоҳо ва пешомадҳои ғайричашмдошт буда, шахс ҳар лаҳза метавонад ба мушкилоте, ки худ онро бунёд намудааст, дучор шавад ва ба тамоми вуҷуд кӯшиш менамояд, ки аз қаъри ин баҳри пуртуғёни фитна озод шавад. Содиқбой дар қиссаи “Доми муҳаббат” ба ҳамин аҳвол афтида, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз ин маҷрои нангин бо сари баланду бе талафот озод шавад.

Ба ин офаридаи адиби боистеъдод таваҷҷуҳ намоед, ки ҳолати руҳӣ ва равонии қаҳрамонашро хеле моҳиронаву таъсирнок ба қалам додааст. “Содиқбой лаҳзае ба фикр фурӯ рафт. Ӯ ҳанӯз ба чунин ранг гирифтани кор тайёр набуд ва наметавонист тасмими ҷиддие гирад. Зеро ӯ нияти гирифтани зани дуюмро надошт. Ҳадафаш танҳо айшу ишрат буд. Ӯ аз шунидани чунин хабари ғайриинтизор дасту по гум кард. Хоб буд, бедор шуд, маст буд, ҳушёр шуд”(саҳифаи 60)

Қисми  зиёди офаридаҳои муаллиф  дар китоб фаъолияти диндорон, муллоҳои қаллобу фиребгар ва ҷодугарону фолбинонро дар бар мегирад ва нависандаи соҳибтаҷриба ҳаракату талошҳои ин қабил муфтхӯрону қаллобонро мавриди танқид ва баҳогузорӣ қарор додааст.”- Ҷоду аслан дурӯғ аст, – гуфт  Мулло Абдураҳмон.

Ҳеҷ ҷодуе, ки мо мекунем, ба касе таъсир намерасонад. Вале мардуми мо, ки саводи динӣ надоранд, вақте мешунаванд ҷоду шудаанд, руҳан шикаста мешаванд. Ва ҳамин ҳолати онҳо боис мегардад, ки аз паси чун мо нафарон гарданд ” (саҳифаи 93)

Мавсуф бо ин таъкиди худ хонандагонро ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ дар чунин ҳолат ба ҷодугарон муроҷиат накунанд ва барои оромии асабу саломатии худ ба фиреби ҷодугарон наафтанд.

Қасос” яке аз беҳтарин қиссаҳое мебошад, ки адиб бо истеъдоди волояш тавонистааст, ки симои асосии қаҳрамонони офаридаашро ҷолибу хотирмон тасвир намояд. “Ончунон дӯстат медорам, ки ҳеҷ монеа пеши роҳамро намегирад. Баъдан, бо ин ҳама ман гунаҳкорам, ки муҳаббати туро эҳтиёт карда натавонистам. Дигар ба ин мавзуъ барнамегардем  ва омодаи туй шав” (саҳифаи 167)

Безурётӣ худ фоҷиа аст  ва адибе нест, ки ба ин муаммои мушкили ҳаёти инсонӣ рӯ наоварда бошад. Холиқназар Ҷумъазода ҷуръат карда, саъю кӯшиш намудааст, ки доир ба ин масъалаи асрҳои аср азияткашидаи инсонӣ сухани нав ва андешаи худро пешкаши хонандагони гиромиқадр намояд. Бояд бо тамоми масъулият изҳор намуд, ки адиб аз уҳдаи ин вазифаи масъулиятнок бо сари баланд баромада, қиссаи хеле шавқангез ва таъсирбахш бо номи “Доғи  мардафкан” офарида, ҳолати руҳии қаҳрамонашро дилангез рӯи авроқ овардааст. “Ӯ зуд худро ба даст гирифта, бо Некқадам хайрухуш карда, ба ҳуҷра даромада, дарҳол каме об нӯшида, дароз кашид. Ба худ суол мекард: “Чаро Некқадам  “тифл ба кӣ монанд аст?”гӯён пурсид? Шояд ӯ нисбат ба ин тифл шубҳа дошта бошад? Охир, ӯ як умр бефарзанд буд ва ман низ. Шояд ӯ ба худ бовар надошта бошад, ки соҳиби фарзанд шуд?”(саҳифаи 282)

Ҷоиз ба ёдоварист, ки адиб ҳангоми таълифи китоб аз мақолу зарбулмасалҳои шифоҳии халқӣ ва шеъру ғазалҳои шоирони форсу тоҷик ва муосир дар ҷой ва мавқеи худ фаровон истифода бурдааст, ки ин тарзи кори нависанда ба ҳикоя ва қиссаҳо  шукеуҳу шаҳомати хосса бахшидааст.

Забони маҷмуа одӣ, оммафаҳм ва равон буда, муаллиф заҳмат кашидааст, ки ба қоидаи имлои забони тоҷикӣ риоя намояд.

Итминони комил, ки китоби пешниҳодшудаи адиби соҳибқалам писанди хонандагони соҳибзавқ мегардад.

Бо боварӣ изҳор менамоем, ки Холиқназпр Ҷумъазода дар авҷи камолоти эҷодӣ  буда, асарҳои тоза ба тозаи дигар офарида, хотири мухлисон ва хонандагонашро шод мегардонад.

Зариф Ғулом
адиб

Китоби Холиқназар Ҷумъзода  “Бозиҳои қисмат”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Гунаи электронии он дар Телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.
Он ин ҷост: “БОЗИҲОИ ҚИСМАТ

Таҳияи Манижа Иброҳимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
 тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.