Валаматзода Ғаффор-бунёдгузори хореографияи тоҷик
Аз таваллуди бунёдгузори хореографияи тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ғаффор Валаматзода 110 сол ва аз вафоти ӯ 33 сол сипарӣ шуд. Ӯ ҳамоно як чеҳраи мондагор дар олами санъату фарҳанги тоҷик аст.
ВАЛАМАТЗОДА ҒАФФОР РУСТАМОВИЧ 9 – уми майи соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Балетмейстер, раққос, асосгузори хореографияи тоҷик, Артисти халқии ИҶШС (1976). Хатмкардаи Омўзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1932), Омўзишгоҳи хореографии назди Театри калони (Большой театр) шаҳри Маскав (1946) ва шуъбаи балетмейстерии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарский шаҳри Маскав (1951).
Солисти дастаи Театри мусиқии ўзбек дар шаҳри Тошканд (1934-1934). Солҳои 1934-1935 раққос ва балетмейстри Театри мусиқии тоҷик (аз соли 1940 Театри опера ва балет), 1951-1963 сарбалетмейстри Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, директор, 1963-1972 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1965 сарбалетмейстер ва роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Лола», 1984-1987 раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд.
Дар драмаҳои мусиқии «Оршин-мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков ( 1934, 1936, 1938), « Восеъ»-и Ғ. Абдулло (1937), «Гулсара»-и К. Яшин ва М. Муҳаммадов (1938), намоиши мусиқии «Лола»-и С. Баласанян, А. Баласанян, А. Ленский ва С. Урбах (1939) бо рақсҳои алоҳида ҳунарнамоӣ кардааст. Дар балети «Ду гул»-и А. Ленский нақши Раҷаб ва рақси «Салла», дар «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Гертел нақши Коленро иҷро намудааст.
Валаматзода раққоси мумтоз буд, сабук ва мавзун мерақсид, ҳар ҳаракатро зебо ва бо услуби хос иҷро мекард. Дар рақсҳои ў мардонагӣ, чобукӣ ва зиндадилӣ таҷассум ёфтааст. Балетҳои ба саҳна гузоштаи Валаматзода дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ: «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян (1947, 1957), «Сарчашмаи бахт»-и Л. Книппер (1951), «Лауренсия»-и А. Крейн (1952), «Эсмералдо»-и С. Пуни (1953), «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафйев (1954), «Дилбар»-и А. Ленский (1954), «Гилеми Кабуд»-и В. Волберг (1958) ва ғайра аз ӯст.
Валаматзода балети тоҷикиро инкишоф дода, дар он унсурҳои рақси халқии тоҷикро бо рақси классикии аврупоӣ пайваст намуд ва дар ташаккули маҳорати ҳунарпешагон мадад расонд. Дар балетҳои таҳиякардааш вазъиятҳои сужетдор, лаҳзаҳои таъсирбахш, мизанссенаҳои пластикӣ, манзараҳои пантомимадорро истифода бурдааст. Балетҳои офаридаи Валаматзода ба санъати драма қаробат доранд. Валаматзода ҳамчун балетмейстери барҷаста дар инкишофи санъати операи тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Ў режиссёр-басаҳнагузорандаи операҳои миллии «Шўриши Восеъ» (1958), «Комде ва Мадан» (1960), «Домоди номдор» (1961), «Ғуломон» (1980), таҳиягари рақсҳои операҳои «Парии обӣ»-и А. Драгомижский (1951), «Аида»-и Ҷ. Верди (1954), «Шўриши Восеъ»-и С. Баласанян (1958), «Княз Игор»-и А. Бородин, «Ғуломон», «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ (1960, 1979), «Домоди номдор»-и С. Урбах (1965) ва ғайра мебошад. Филми офаридаи ў – «Лайлӣ ва Маҷнун» нахустин филми тоҷикӣ буд, ки соли 1960 дар кинофестивали аврупоӣ қадр карда шуд ва бо грамотаи «Фестивали Венетсия» сарфароз гардид. Ў басаҳнагузорандаи филми телевизионии «Ансамблии «Лола» ва таҳиягари рақсҳо барои ҳафт филми бадеӣ мебошад.
Валаматзода асосгузори ансамбли рақсии «Лола» буда, дар он рақсҳои «Сайри лолаҳо», «Синахурўш», «Дарвозӣ», «Дугонаҳо», «Моҳигирон», «Нағорабазм», «Шодиёна», «Гулъизорам», «Тўйи Помир» ва ғ. (дар маҷмўъ зиёда аз 100 рақс)-ро таҳия намудааст. Ў рақсҳои халқиро аз ҷиҳати бадеӣ такмил дода, саҳнабоб кардааст, ё худ унсурҳои рақси халқиро эҷодкорона омўхта, рақсҳои нав офаридааст. Валаматзода дар санъати рақс ҳаракатҳои бошитоб, ҷўшу хурўш, чархзании босуръат, нафосати зоҳирӣ ва таносуби ансамблиро мепарварид. Аз санъати рақсии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва хориҷа низ моҳирона истифода бурда, рақси миллии тоҷикиро ғанитар гардондааст. Дар ансамбли «Лола» инчунин рақсҳои ўзбекӣ, ўйғурӣ, тоторӣ, озарӣ, лазгӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ, арабӣ ва ғайраро ба саҳна гузоштааст. Вакили Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2, 4, 5,7). Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1949) ва Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ (1975), Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.
ДАР БОРАИ ҒАФФОР ВАЛАМАТЗОДА ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ МЕТАВОНЕД ИН МАТОЛИБРО ҲАМ МУРУР КУНЕД:
Нурҷонов, Н. Баъзе масъалаҳои санъати рақси тоҷик // Шарқи сурх. – 1961. – №9. – С.102-113.
Боймуҳаммадов, У. Муаллими рақс: Ба ифтихори 50-солагии зодрўзи Ғ. Валаматзода // Садои Шарқ. – 1966. – №11. – С.106-112.
Ҷашни устоди рақс: Ба ифтихори 50-солагии зодрўзи Ғ. Валаматзода // Садои Шарқ. – 1966. – №12. – С.152.
Кошифи асрори санъат: Роҷеъ ба фаъолияти ҳунарии Артисти халқии ИҶШС Ғ. Валаматзода // Комсомоли Тоҷикистон. – 1971. – 24 апрел.
Нурҷонов, Н. Дар олами балет. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 64 с.
Кенҷаев, А. Оинаи равшан: Роҷеъ ба фаъолияти эҷодию ҳунарии Артисти халқии ИҶШС Ғаффор Валаматзода // Тоҷикистони советӣ. – 1976. – 21 август.
Қурбонов, М. Ёди дирўзу андешаи фардо: Ба ифтихори 70-солагии зодрўзи Ғ. Валаматзода // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 20 ноябр.
Раҳимов, А. Рафиқи сахтгиру пухтакор: Ба ифтихори 70-солагии зодрўзи Ғ. Валаматзода // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 20 ноябр.
Ҳаким, В. Устоди рақс: Ба ифтихори 70-солагии зодрўзи Ғ. Валаматзода // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 22 ноябр.
Нурҷонов, Н. Валаматзода Ғаффор: Зиндагинома ва фаъолияти эҷодию ҳунарӣ // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С.315-316.
Абдураҳмонов, А. Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик [Матн]. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С.507-508.
Ҳамроев, Ҳ. Артисти халқии СССР // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик СССР. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С.175.
Раҳмонқулов, А. Филармонияи давлатии Тоҷикистон [Матн] // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе: СИЭМТ, 2004. – Ҷ.3. – С. 277-278.
МАНБАЪ: Валаматзода Ғаффор // Энсиклопедияи миллии тоҷик: Маълумотнома. – Душанбе, 2014. – Ҷ.3. – С.434-435.
Муаллиф: Н. Нурҷонов
Таҳияи Нафиза Шаҳбозова
Корманди шубаи илми-методӣ ва таҳқиқотӣ