Шуъбаи библиографияи миллӣ. Аз оғоз т о имрӯз
Шуъбаи библиографияи миллӣ соли 1971 бо мақсади таҳияи китобномаҳо ва омода намудани маълумот оид ба масоили хоҷагии халқ, илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Шуъбаи мазкур вазифадор аст, ки тамоми адабиётҳои ба Тоҷикистон алоқамандро новобаста ба забон ва ҷойи нашр ба низоми библиографӣ дароварда, ба хонандагон маълумот пешниҳод намояд.
Шуъбаи мазкур соли 1991 бо номи «Тоҷикистоншиносӣ» иваз шуда баъдан аз соли 2008 бо номи библиографияи миллӣ фаъолияти худро давом намуд.
Шуъбаи библиографияи миллӣ аз замони шуруъи фаъолият корҳои зиёдеро дар самтҳои зикршуда анҷом додааст. Феҳристнигории анъанавӣ ва электронии ҳуҷҷатҳои шуъба ва ба анҷом расонидани корҳои илмӣ-интишорӣ роҷеъ ба масоили кишваршиносӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимманд, ки анҷом дода мешаванд.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба амалигардонии корҳои зерин мебошад:
- Бунёд ва такмили фонди ҳуҷҷатҳо.
- Ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ – библиографӣ: картотекаи умумии анъанавии шуъба; картотекаи умумии электронии шуъба; картотекаҳои мавзуъӣ ва фардӣ.
- Хидматрасонӣ ба хонандагон: иттилоотӣ, маълумотдиҳӣ ва тавсиявӣ (шифоҳӣ).
- Таҳияи силсилаи дастурҳои библиографӣ: илмию ёрирасон, тавсиявӣ ва иттилоотӣ.
- Омўзиш ва тарғиби донишҳои библиографӣ.
Яке аз пешравиҳои назарраси фаъолияти шуъба амалӣ намудани барномаи «Библиограф» мебошад, ки хонанда аз тариқи ин барнома метавонад дар муддати кўтоҳ маводи лозимаашро пайдо намояд. Барномаи мазкур соли 2013 бо дастгирии роҳбарияти китобхона ва мутахассисони шуъбаи Автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ таҳия гардидааст.
Мақсад ин барнома ташкил ва таҳияи картотекаи электронии шуъбаи библиографияи миллӣ мебошад. Тавассути барнома то кунун 250938 номгўи мақолаҳо аз рўзномаю маҷаллаҳо ба барномаи «Библиограф» ворид намудаанд, ки яке аз талаботҳои раванди автоматикунонии хадамоти библиографӣ ба шумор меравад. Ин самти кор баҳри пешрафти хадамоти библиографии шуъбаи мазкур мусоидат менамояд.
Бойгонии маълумоти хаттии шуъба аз соли 1947- ум инҷониб мавод ҷамъоварӣ мекунад. Маълумотҳо даруни лифофаҳо нигоҳдорӣ мешаванд, ки рўи онҳо унвони супориш, рақами тартибии бойгонӣ, санаи иҷро ва теъдоди номгўи адабиёт зикр гардидааст.
Инчунин қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони шуъбаи мазкур дар Сомонаи Китобхонаи миллӣ мақолаҳои гуногунро нашр менамоянд. Шуъба оиди мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла: кишваршиносӣ, тиб, ҳаёт ва фаъолияти адибони классик ва муосири тоҷик, олимони соҳаҳои гуногун, рўйдодҳо ва санаҳои муҳимми таърихӣ ва ғайра дастурҳои библиографӣ интишор медиҳад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъба таҳияи дастурҳои библиографӣ маҳсуб меёбад. Вазифаи асосии ин дастурҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти китобхонаҳои кишвар ва кумак расонидан дар баргузории чорабиниҳои муҳими давлатӣ, ҷашнҳои умумиҷумҳуриявӣ ва санаҳои миллии таърихиву фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ дар ин давра як қатор дастурҳои библиографӣ ба монанди:
«Иҷлосияи сарнавиштсоз»;
«Ваҳдати миллӣ: китобнома»;
«Нобиғаҳои ҳама давру замон: Бадриддин Ҳилолӣ, Саййидои Насафӣ ва Абдурраҳмони Мушфиқӣ»;
«Осорномаи Соҳиб Табаров»;
«Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»;
«Абдулҳамид Самад»;
«Аскар Ҳаким: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Лоиқ Шералӣ: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Ваҳдати миллӣ: феҳристи адабиёт»;
«Назри Яздон: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Фазлиддин Муҳаммадиев: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Гулназар Келдӣ: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Боқӣ Раҳимзода: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Муъмин Қаноат: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Шаҳрияи Аҳтамзод: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Профессор Шоҳзамон Қодирович Раҳмонов: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Муҳаммад Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Ҳақназар Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»;
«Аламхон Кўчарзода: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ» таҳия шуда аз чоп баромаданд.
Дастурҳои библиографие, ки аз ҷониби шуъбаи библиографияи миллӣ мураттаб мегарданд, барои докторону аспирантон ва унвонҷуёну донишҷуён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимод кумак хоҳанд расонид.
Сардори шуъба: Наргис ВАЛИЕВА