АНОНС. “Сарнавишти тоҷикон дар асари “Ҷомеъ-ут-таворих”-и Рашидуддини Фазлуллоҳ”
Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад маҳфили навбатии “Тоҷикшиносӣ”-ро баргузор намояд.
Мавзуи маҳфили навбатӣ “Сарнавишти тоҷикон дар асари “Ҷомеъ-ут-таворих”-и Рашидуддини Фазлуллоҳ” буда, гардонандаи маҳфил муаррихи шинохта, доктори илмҳои таърих, профессор Сайфуллоҳ Муллоҷонов мебошад.
Дар маҳфил иштироки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, олимону мутахассисон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни риштаҳои таърих, ҷомеашиносӣ, рӯзноманигорон дар назар дошта шудааст.
Дар ҷараёни маҳфил иштирокчиён метавонанд суолҳои худро вобаста ба мавзуъ ба коршинос пешниҳод намуда, посухҳои илмӣ дарёфт намоянд.
Маҳфил бахши фарҳангиву тафреҳӣ низ дорад.
Ҳамаи дӯстдорони таърих ва пажӯҳишгарони сарнавишти миллати тоҷик ба иштирок дар маҳфили “Тоҷикшиносӣ” даъват карда мешаванд.
Масъул: Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ
Рӯзи баргузорӣ: 23 апрели соли 2026
Соат: 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 9)
Вуруд озод.