Расул Ғамзатов дар бораи сабки эҷод. Бахши шашум

Расул ҒамзатовҲамин дам чашми Абутолиб ба қадаҳчаҳои рўи миз афтод ва ҷабинаш чин-чин шуд, гўё ки чизи талхеро фурў бурда ва дандонаш ба дард омада бошад. Ў қадаҳчаеро ин тарафу он тараф гардонидани, ба дарунаш нигоҳ кард-ба фикрам, мехост таҳсигори худро дар он партояд ва ҳамин нафраташро нисбат ба ин чизи ноарзиданӣ ифода намояд.

Шохи калонеро, ки аз гурҷиҳо ба ман туҳфа шуда буд, гирифта, ба Абутолиб додам.

Шоири куҳансол ин тарафу он тарафи он тарафи шохро гардонида дид ва ниҳоят чунин баҳо дод:

-Шохи хуб аст, лекин агар нуқракўб намебуд, боз хубтар менамуд. Ин нуқракўб камарбанди заррини домод барин. Чӣ лозим? Магар арақ дар шохи нуқракўб баландтару бомазатар мешавад? Не, Расул, ба ман истакони одии рахдор бидеҳ, ки дастони ман як умр ба ҳамон одат кардаанд. Ман медонам, ки истакон чанд ҷуръа арақ мебарад, ҳангоми нўшидан кай таваққуф бикунам ва кай давом бидиҳам. Ман ин хоҳиши Абутолибро низ иҷро карадм. Ў арақро ба истакон рехт, даруни он як бурда нон партофт ва ба лафзи даргӣ гуфт:

Дерҳаб!- Сипас бо як дам бардошт ва нафасашро рост карда, илова намуд:

– Калимаи «дерҳаб»-ро ҳамеша пеш аз нўшидан гуфтан лозим. Албатта, маънидод кардани ин калима душвор аст, шояд, маъное надошта бошад, вале бе ин ҳам маълум нест магар-«дерҳаб»!

Абутолиб баъди нўшидан косаи шўрборо ба наздаш кашида, гўшти онро ба табақчае гирифта монд ва ба шўрбо нон реза кард. Ў шўрборо бафурҷа, боиштиҳо мехўрд, мазаи ҳар чумча таоми гармро дониста фурў мебурд. Гоҳ-гоҳ аз гўшт порае бурида, ба даҳон меандохт. Яқин дорам, ки вай гўштро ба тарзи дигаре, ба корди худ не, балки бо корди дигаре бурида мехўрд, гўшт ба даҳонаш чунин бомаза намерасид.

Шўрбою гўштро тамом карда, Абутолиб нонрезаҳои рўи дастархонро ғундошта, ба даҳон партофт. Баъд ҷуръаи дигаре аз арақ нўшида, буруташро як тофта монд.

-Акнун чой менўшӣ?

Акнун чойи ман-боз тамоку. Расул, ба ман бигў, папирос аз дигар чизҳо чӣ фарқ дорад?

-Намедонам.

Ҳар чизеро ки мекашӣ, ёзида дароз мешавад, аммо папирос, баръаск, кўтоҳ. – Инро гуфту аз муаммои содаи худ завқ карда, хандид.

Бисёр мекашӣ, Абутолиб, ба саломатиат зарар намекунад?

– Мегуянд, ки баъди таоми серӣ ҳатто Худованд чилим мекашад.

Пас аз кашида шудани тамоку Абутолиб ногоҳ пурсид:

Маҷлиси раёсат кай мешавад?

Пагоҳ.

Намедонӣ, аризаи ба Литфонд додаи Зайниддин ин дафъа барасӣ мешавад ё не?

Ба ту қиссае мегўям. Дар овони наврасиам гўсолабонӣ мекардам. Гўсолаҳоям явош буданд. Ман дар офтобак ба руйи сабза баҳузур дароз кашида мехобидам, гўсолаҳо дар атроф чарида мегаштанд, ҳама хурсанд буд: ман ҳам, гўсолаҳо ҳам, соҳиби гӯсолаҳо ҳам. Сонӣ ҳодисае рўй дод-як гўсолаи чолок роҳи ғаллазорро дида монд. Аз паси он гўсолаҳои дигар ҳам одат карданд. Зиндагии оромонаи ман бо ҳамин тамом шуд. Гусолаҳоро натавонистам, ки тарки одати ғаллазор кунанд ва маҷбур шудам аз пешашон як қадам дур наравам. Литфонд ҳам барои шоирони мо чунин шуд. То бўи Литфондро фаҳмидан оромона зиндагӣ мекарданд, китоб навишта мегаштанд. Намедонам кадоме аз онҳо аввал бўйи онро фаҳмид, лекин ҳоло ҳамаашон, ба ғаллазор давидани гўсолаҳои ман барин ба Литфонд одат кардаанд. Онҳо бештар ғами Литфондро мехўранд, на ғами шеърро. Пагоҳӣ аз хоб хеста, шеър не, балки ҳар хел аризаҳои ёрипулӣ менависанд. Ман ҳам як ариза навиштанӣ, шумо онро дар раёсат баррасӣ бикунед.

Дар бораи чӣ, Абутолиб, чӣ эҳтиёҳ дорӣ?

Ту медонӣ, ки бадани маро ҳанўз ягон духтур надидааст. Лекин акнун ният кардам, ки ба санатория як роҳҳат гирам.

-Бо дили пур гуфта метавонӣ, ки роҳҳат дар кисаат. Аммо аз Иттифоқи нависандагон дида, ба Шўрои Олии Доғистон муроҷиат карданат беҳтар нест? Охир, ту узви Президиуми Шўрои Олӣ. Санаторияи ҳукуматӣ аз санаторияи нависандаҳо беҳтар аст.

Абутолиб сар ҷунбонида, забонашро «чуқ-чуқ» кунонид. Ин «чуқ-чуқ-и ў маъниҳои гуногунро ифода карданаш мумкин буд- ҳам хурсандӣ, ҳам хафагӣ, ҳам таҳайюр, ҳам мисли ҳозира, норозигиро.

Не, Расул, аввал ин, ки маро ба Шўрои Олӣ муваққатан интихоб кардаанд, нависандагии ман якумрист. Дуюм ин, ки дар ин санатория ҳам, дар ваяш ҳам камбудӣ ёфт мешавад. Акнун бигў, кадоми шуморо сарзаниш карданам мувофиқтараст-тую Ҳаппалаевро ё худи Шўрои Олиро?

-Ин тавр бошад, ариза навис, пагоҳ дида мебароем.

-Аризаро ба ман Мирзо навишта медиҳад, худам ҳеҳ гоҳ навиштаам, лекин шумо роҳҳатро тайёр карда монед, – гўён Абутолиб аз ҷо бархост ва омодаи рафтан шуд.

Акнун куҳо меравӣ, Абутолиб?

– Ба нашриёт рафтанӣ ҳастам. Мегўянд, ки китоби нави ман баромадааст. Рафта дидан лозим, ки писарак баромадааст ё духтарак.

– Бегоҳӣ ба Институти омўзгорӣ биё. Вохўрии нависандагону донишҷўён мешавад.

Хуб, меоям. Сурнайро ҳам гирифта барам?

– Оббо, Абутолибе, ту охир, сурнайчӣ нестӣ, шоирӣ. Маҷмўаи шеърҳоятро гирифта ой, беҳтар мешавад.

Мебинем, -гуфта рафт Абутолиб.

Шаби назм дар Институти омўзгории занон соати ҳафти бегоҳӣ таъйин шуда буд. Шоирони Доғистони сермиллат ҷамъ омаданд. Соат расо ҳафт. Ман ба атроф чашм давондам, ки Абутолиб наменамояд. Маҷбур шудем шабнишиниро бе ў оғоз бикунем. Шоирон пайи ҳам ба минбар баромада, ҳам кадом ба забоне шеър мехонд: яке бо лакӣ, дигаре ба қумикӣ, сеюмӣ ба лазгӣ, чаҳорумӣ ба аварӣ. Ҳангоме ки як шоири ҳавон достони худро мехонд, кафкўбии беҷое шуд. Маълум гардид, ки аз паси саҳна Абутолиб Ғафуров баромада омадааст ва духтарон ба ў кафкўбӣ кардаанд. Баъди шунидани суханронии ду шоири дигар ман ба Абутолиб ишора намудам, ки ба сухан гуфтан тайёр шавад. Абутолиб зуд ба чаҳраи худ пардаи ҷиддият кашида, гўё дар ҳангоми суратгирӣ нишаста бошад, қоматашро рост карда, буруташро тофтан гирифт. Бо ҳамин кораш шоири пир ба ман гуфтан мехост, ки: «Чунон ки мебинӣ, тайёрӣ мебинам». Абутолиб баромада, бо духтарон каме ба забони русӣ, каме ба аварӣ, қадре ба лакӣ гуфтугў кард, зеро ў ҳамаи забонҳои Доғистонро каму беш медонист. Ба забони лакӣ ду шеър хонд.

Вале ин қисми сухани худро ў чун кори пешакӣ, чун сарсухан саросема анҷом медод, гўё барои сухани асосӣ вақтро сарфа менамуд. Абутолиб бо ишораи даст садои кафкўбиро фурў нишонда, аз аҳли маҷлис пурсид:

-Мехоҳед сурнай навохта диҳам?

-Мехоҳем, мехоҳем навозед!-Фарёд заданд духтарон.

Абутолиб ною сурнаяшро аз паси саҳна гирифта омада, гоҳ ину гоҳ онро оҳиста-оҳиста навохтан гирифт. Вале ҳама медонистанд, ки ин фақат тайёрӣ, ҷўр кардани сурнай, санҷиши овоз аст. Ба дурустии асбоб эътимод пайдо карда, Абутолиб ногоҳ аз рўи миз истакони пуробро гирифта даруни сурнай рехт.

Пеш аз он ки худат об хўри, аввал аспатро об деҳ, мегӯянд мардуми кўҳистон .-Пеш аз он ки худат об хўрӣ, сурнаятро об деҳ, мегўянд сурнайчиёни кўҳистон.

Абутолиб ба сурнайнавозӣ оғоз намуд. Садои сурнайи ў торафт баланд мешуд ва худ баробари оҳанги сурнай гоҳ бо росту гоҳ ба чап алвонҷ мехўрд. Дар ҳузури духтарони бисёр Абутолиб хушнуд буд. Шояд он шаб садои сурнайи Абутолиб ба тамоми Махачқалъа паҳн шуда бошад.

Аутолиб ба ҷойи худ дар раёсати маҷлис омада нишасту содадилона аз ман пурсид:

-Чӣ тавр навохтам, нағз ё не?

-Нағз.

-Набошад, чаро базўр чапак задӣ? Ҳозир аз нав чапак зан.

Ба суханони Абутолиб тамоми ҳозирон хандидаанд.

Ба ман, ки садри шабнишинӣ будам, ҳамчун сурнайчӣ ҳунарнамоӣ кардани Абутолиб барин шоири маъруф дар ҳақиқат чандон маъқул нашуд. Ин ҳам мисли он шуд, ки фаразан, шоири рус Есенин ба ҷои шеърхонӣ саҳна баромада, рақсад. Есенин, ҳамоно, рақсида метавонист. Лекин ҳар кор вақт дорад. Зоҳиран, ман дар раёсат абручин карда нишастам ва кам кафкўбӣ кардам, ки боиси луқмаи ҳамаро ба ханда овардаи Абутолиб гардидам.

Мо дар мушоиати дастаи духтарон аз зинапояи васеъ қадам зада, ҷойи либосовезӣ фуромадем. Ман палтои худро пўшида, ба оина нигоҳ кардам. Он солҳо палтои китфаш болиштакдор расм буд. Ман чунин палто доштам. Абутолиб палтои маро дида сар ҷунбонид:

Пештар китфи одам аз равғани дунба, яъне аз таоми бақуввати равғанин васеъ мешуд, акнун-аз пахта. Пештар сурудро ба оҳанги қомуз ҷўр карда мехонданд, акнун-аз рўи қоғаз. Ҷаҳон хеле тағйир ёфт. Ин тағирот ба ман маъқул нест.

-Чаро дер омадӣ, Абутолиб?

Ман тайёр шуда, акнун аз хона баромаданӣ будам, ки нохост аз театри авар як ҳунарпеша давида омад.

-Ба театри авар ту чӣ лозим шудаӣ?

-Медонӣ, дар намоишашон саҳнаи тўй будааст. Ҳозир ягон намоиш бе тўй намешавад. Сурнайнавозашон касал шудааст. Бе сурнайнавоз чӣ хел тўй мешавад? Барои ҳамин маро ҷеғ задаанд, ки сурнай навозам. Фақат даҳ дақиқа. Лекин то ба театр расидем, то тўй сар шуд, ки вақт ҳам гузашт. Ман ба онҳо ду оҳанге навохтам, ки тамошобинон намоишро фаромўш карда, гўшу ҳушашон фақат ба ман шуд. Агар тамоми шаб сурнай менавохтам, онҳо гўш карда менишастанд.

-Агар ман ба ҷойи шоири машҳур ва узви Президиуми Шўрои Олии ҷумҳурӣ Абутолиб Ғафуров мешудам, рафта, сурнайнавозӣ намекардам.

– Абутолиб чӣ кор кардану накарданашро аз ту хубтар медонад.

-Ба нашриёт рафтӣ, китобат чӣ шудааст?

– Худоро шукр, китоб чоп шудааст. Худоро шукр, чор-панҷ сўм пул гирифтам. Худоро шукр, қарзҳоямро адо кардам. Худоро шукр, як коғаз ҳам харидам.

Магарич (ширинкома) медиҳи?

-Ба кӣ?

-Ба муҳаррир, рассом, муҳосиб. Ба ҳамаи онҳое, ки дар нашри китоб иштирок кардаанд.

Магарич ба муҳаррир? – Абутолиб аз ғояти қаҳр ҳатто дар ҳояш бозистод. – Ба вай магарич не, могороч додан даркор!

«Могороч» ба аварӣ як навъ маънои «дасту пояшро баста, калтаккорӣ кардан»-ро дорад. Абутолиб аз ин суханбозии ёфтаи худ хеле хандид ва баъд гапашро давом дод:

– Ба ман нигар, Расул, шунидам, ки доғистониҳои писар хатна мекардагиро қариб, ки аз кор мебаровардаанд, ҳатто аз сафи ҳизб ҳам. Чаро муҳарриронеро, ки шеърҳои маро аз қаду бар зада, расво мекунанд, аз кор намебароранд? Китоби таҳрирхўрдаро дидан замон, ба ту гуфта метавонам, ки муҳаррир аз кадом авул аст. Мо, лакҳо, дар ҳар авул шеваи хосе дорем. Барои ҳамин муҳаррир кўшиш мекунад, ки забони маро ба забони авули худ мувофиқ гардонад, -Абутолиб инро гўфта, баногоҳ хомўш шу два лаб ба табассум кушод. -Аммо зане, ки шартнома имзо мекунад, одами хуб аст. Бисёр хуб. Ман ба вай миннатдории зиёде изҳор кардам.

-Боз чиҳо гуфтӣ? Ё ягон чиз туҳфа кардӣ?

-Ман ба ў гуфтам, ки агар зарфи куҳнаи шикоф ё шикастае дошта бошад, биёрад, соз карда, қалъагӣ рехта медиҳам, нав барин мешавад.

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.