Ҳар чӣ аз ман рафт, дар ман кам нашуд…
Ин як мисраъ шеъри Ҳайрат Шанбезода аст. Таронасарои Бадахшон, шахсе, ки хеле ғазалҳои равону дилчасп гуфт. Шоире, ки аз Қудрати бадахшӣ зиёд ёд кард ва як силсила шеърҳои солҳои ҷавониашро ҳам ба ӯ бахшид. Дар хонаводаи шоир бузург шуд, гоҳ бо сабки падар шеър гуфт ва гоҳ рӯ овард бо ҳамон навои обшорони диёраш, ки ӯро шоир карда буд. Ва шеъраш ҳамнаво бо садои обшорон ба қалби дӯстдорони каломи бадеъ расид. Шеъре, ки ба осонӣ мехонӣ ва ба осонӣ ба ҳофиза ҷо мегирад. Имрӯз зодрӯзи ӯст. Агар зинда мебуд 91-сола мешуд. Ҳайфову дареғо, ки 20 сол шуд бо мо нест…
ҲАЙРАТ ШАНБЕЗОДА 4 июли соли 1933 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Соли1956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Муаллими мактаби миёнаи ба номи Кирови шаҳри Хоруғ (солҳои 1956-1964), ходими адабии рўзномаи «Маориф ва маданият» (солҳои 1964-1987) буд.
Шеърҳои аввалинаш солҳои 60- ум дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Инчунин дар ҳафтаномаи «Ҷунбиш» кор кардааст. Китобҳои «Сарез» (1965), «Ситораҳои дур (1968), «Сояи роҳ» (1985), «Ношинос» (1998) ба табъ расидаанд.
Аз соли 1987 дар нашриёти «Адиб» муҳаррири калон буд. Шеърҳои аввалинаш солҳои шастум дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмўаи «Сарез» (соли 1980), « Ғазалҳо», «Ситораи дур» (соли 1989). Дар ашъори ў тасвири ҷаҳони маънавии инсон, хулқу хислати мардуми тоҷик, манзараҳои зебои Тоҷикистон, орзу ва омоли ҷавонон бештар ба назар мерасанд.
Ҳайрат Шанбезода шоири лирик буд. Вай ҳолат ва рўҳияи ҳамзамононро дар либоси зебои шеър хеле нозук ифода менамояд. Ҳайрат аз навъҳои шеър бештар ба ғазал майл дошт.
Шеърҳои шоирони рус ва дигар халқҳоро ба тоҷикӣ гардонидааст. Баъзе шеърҳои Ҳайрат ба забонҳои дигар тарҷума шудаанд.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагон буд. Бо грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Соли 2004 аз дунё даргузаштааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – 2004. – Ҷ.3. – С. 448.
Аз Ҳайрат Шанбезода ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин китобҳо ва шеърҳову тарҷумаҳоро мутолиа намоед:
Сарез: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 52 с.
Гулдаста: Шеър // Ситораҳои дур. – Душанбе, 1989. – С. 90-94.
Занги охирон: Шеър // Ситораҳои дур. – Душанбе, 1989. – С. 90-99.
Гаҳвора: Шеър // Ситораҳои дур. – Душанбе, 1989. – С. 48-49.
Партави вақт; Гаҳвора: Шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1980. – 10 июл.
Шеваи сад чаман мепарварам; Хоруғ: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1981. – 28 июл.
Шеъру ҳунар: Пурсиш; Гули зард: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1982. – 27 ноябр.
Мироб; Пайрав: Шеърҳо // Бадахшони советӣ. – 1982. – 19 декабр.
Ҳарчӣ ёбӣ дар баландӣ: Як ду рўзе дар ниҳодам, санги дунё бишканед: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 15 май.
Чил нигоҳ; Қиссаи кафтарон; Муродалӣ: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1985. – 29 июн.
Ғайр аз мақоми мову ту кўҳе баланд нест: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 30 сентябр.
Назм: Силсилаи шеърҳо аз ашъори шоир // Адабиёт ва санъат. – 1998. – 23 январ.
Барои Одина Ҳошим: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1998. – 25декабр.
ДАР БОРААШ
Мухаммасот бар ду ғазали Ҳайрат: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1994. – 8-9 январ.
Мирхоҷа, А. Ҳайрати ширинсухан: Бо ифтихори 80 – умин солгарди зодрўзи шоир Ҳайрат Шанбезода // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 4 июл.
ЧАНД НАМУНА АЗ АШЪОРИ ШОИРИ МАЪРУФ
Нақш
Дур аз ман ту нарав, садқаи чашмони ту ман,
Қатраи ашки вафо дар сари мижгони ту ман.
Навбаҳор асту гули сурӣ накан аз лаби ҷӯ,
Бӯса гулдӯзӣ кунам бар лабу дандони ту ман.
Ба хаёлам дили ман мазҳаби хубон дорад,
Волаи қомату он зулфи парешони ту ман.
Лаъл гӯянд лабат, лаб ба лабам мону бисанҷ,
Дар ҷаҳони гузарон кӯҳи Бадахшони ту ман.
Оташи ишқи ниёгон ба ҷаҳон афрӯзам.
Гар занам бӯса бар он чеҳраи хандони ту ман.
Даст аз ман ту накаш, хонаи ман месӯзад,
Ту чароғи маниву Ҳайрати ҳайрони ту ман.
Рози ғунчаҳо
Баҳорон! Лаҳзаҳои зиндагонӣ,
Чаро дар парда асрори ниҳонӣ?
Гиреҳ аз дил, чу ғунча во намоед,
Ба ман асрори оламро кушоед.
Чаро бе гиряи рӯзи баҳорон,
Нахандад лолае бар кӯҳсорон?
Дили шоир шуморо банда бошад,
Магар гиря асоси ханда бошад?
Баҳорон! Лаҳзаҳои зиндагонӣ,
Баҳорон! Навдаҳои навҷавонӣ.
Ба тарзи нав, ба ранги нав, ба роҳам,
Ба шоми ошиқон оред моҳам.
Бипурсам то аз ӯ асрори шоир,
Шабе ӯ зинда буд дар кори шоир.
Аҷаб не раҳм меорад ба ҳолам,
Ҷавобе медиҳад бар ин саволам:
Низомӣ аз чӣ бошад, хушбаён аст,
Чаро ҳар мисраи Ҷомӣ ҷаҳон аст?
***********
Ғайри чашми масти ӯ дар рӯзгор,
Не қалам, не дафтаре ман доштам.
Ҳар чӣ гуфтам, ҳар чӣ овардам ба каф,
Аз лабони гарми ӯ бардоштам.
Мӯи чилбофаш бимонад шаршара,
Ранги рухсораш гули садбарги тар.
Чашми бедораш мисоли ахтарест,
Мӯву рӯ омезиши шому саҳар.
Дар ҳисори синаи ман солҳост,
Бонуе болобаланде шердил,
Ман яқин донам нарӯяд мисли ӯ,
Аз замин дӯшизаи хушобу гил.
Пардаҳои синаамро солҳост,
Бо навозиш пардабардорӣ мекунад
Гар равам аз худ маро якборагӣ,
Боз меорад, ҳисорӣ мекунад.
Шомҳо гӯё, ки ӯ бо кӯзае,
Об аз чашма ҳамеорад ба ман.
Ин чӣ гап: дар хобу дар бедориям,
Ғайри ӯ ман кас надорам, дар Ватан.
Ташна
Сангҳо дар зери дандонам ҳанӯз,
Ташнаи оби Бадахшонам ҳанӯз.
Ҳар чӣ аз ман рафт, дар ман кам нашуд,
Лаъл дорад, пардаи ҷонам ҳанӯз.
Ҳиммати дарёдилон дар ёди ман
Гарчӣ бошад, ман парешонам ҳанӯз.
Тор – тори кӯҳсорон руставу
Бӯй дорам, мисли райҳонам ҳанӯз.
Дур аз чашму лабу дандони ту,
Химчасон дар рӯд ларзонам ҳанӯз.
Борҳо оби Аму аз сар гузашт,
Қатра нопаймуди мижгонам ҳанӯз.
Қумрӣ бепар гашт, булбул бенаво,
Ман бо ёди ӯ, ғазалхонам ҳанӯз.
Тӯшаҳо доранд мардон дар сафар,
Ман дар ин саркӯча ҳайронам ҳанӯз.
Раҳ ба раҳ то пуштаҳо равшан шаванд,
Шӯъла мехезад зи виҷдонам ҳанӯз.
Дар шикасти вақт Ҳайрат беш аз ин,
Чашмасонам ё ки боронам ҳанӯз.