Қатрае аз дарёи саховат
“Кӯдак бинобар норасоии камолоти ҷисмонӣ ва фикриаш ба ҳимояву ғамхории махсус, аз ҷумла ба ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар давраи то таваллуд ва ҳам баъди он эҳтиёҷ дорад”,- таъкид шудааст дар Эъломияи ҳуқуқи башар. Дар ин асос Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯдакону наврасоне, ки имконияти ҷисмонӣ ва вазъи иҷтимоияшон маҳдуд аст, як силсила бартариву имтиёзҳо муқаррар намудааст, ки инҳо ба ҷавҳари инсонпарваронаи мардуми мо ва суннату таомули башардӯстонаи халқи тамаддунсозамон созгор мебошанд. Тадбирҳое, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони имконияташон маҳдуд андешида шудаанд, аз ин ҷумла мебошанд.
Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд барои хонандагони ҳамин шуъбаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии сарпарастони маҳфил: фонди хайриявии “Ориё”, маркази савдои “Ёвар”, тарабхонаи “Яккасарой, Ширкати “Рахш-такси”, ширкати “Инвент+“ ва варзишгару ҳунармандон дар тарабхонаи Яккасарой дастурхони идона густурда шуд.
Дар маҳфили фарҳангӣ муовини директори МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе, директори фонди хайриявии “Ориё” – Исмоилова Миҷгона, директори маркази савдои “Ёвар” – Исоматов Хусрав, директори тарабхонаи “Яккасарой” – Турсунов Амир, директори генералии Ширкати “Рахш-такси” – Назаров Мурод, ширкати “Инвент+“ – Мубориз Каландаршоев ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нигина Амонқулова, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, ҷудукори серҷоизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Темур Раҳимов, ҳамчунин кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд – хонандагони шӯъба ва як қатор блогерони шинохта иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳар яке аз сарпарастон-меҳмонон барои кӯдакону наврасони дар ин маҳфил ҷамъомада дасти саховати худро дароз карданд.
Ровии маҳфили фарҳангӣ – Абдуғаюр Саломов маҷлисро кушода эълон намуда, ба муовини директори Китобхонаи миллӣ ва муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ сухан дод. Муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадикбол Атозода зимни баромади худ аз номи директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода меҳмонону иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Ба кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд пеш аз ҳама зиндагии осоиштаро таманно намуда, арз дошт, ки дар доираи ҷашни Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон Китобхонаи миллӣ ҳамасола баҳри баланд бардоштани руҳияи хонандагони имконияташон маҳдуди Китобхона як қатор маҳфилҳои маънавию фарҳангӣ баргузор менамояд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Китобхона ба хотири хуш ва пурмаҳсул гузаронидани вақт барои хонандагони имконияташон маҳдуд як силсила нишасту ҳамоишҳои шавқоварро тарҳрезӣ намудааст.
Сипас аз ҷониби сарпарастон ба 55 нафар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гашт. Бахусус хурсандии 5 нафар бачагонеро қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби устоди варзиш Темур Раҳимов аробачаҳои маъюбӣ туҳфа гирифтанд.
Дар қисмати фарҳангии маҳфил гулдухтаракони ансамбли рақсии “Парвона”-и филармонияи давлатии бачагона, ҳунарманди номии тоҷик – Нигина Амонқулова ва хонандаи фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд – Акбар Каримов хотири ҳамагонро бо рақсу сурудҳои дилнишин шод гардониданда, маҷлисро рангину хотирмон намуданд.
Ин соатҳои дилхушӣ, ки бо кӯмаки ашхоси саховатпеша ва кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ барои хонандагони худ муҳайё сохтанд, бешубҳа, дар хотири онон нақш баставу руҳияашонро боло мебардорад ва қалбҳои нозуки онҳоро пур аз фараҳ, хотироташонро рангин месозад.
Дар фарҷом, аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон шарикони маҳфил бо “Сипоснома”-ҳо қадрдонӣ гардиданд.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд Саодат Набиева аз кулли сарпарастону ташкилкунандагони ҷамъомади идона изҳори сипос менамояд.
Зимнан ёдовар мешавем, ки таваҷҷуҳи ҳукумату давлати кишвар ва бахусус Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа зиёд буда, шахсони саховатпешаву дасткушоди миллат дар пайравӣ аз ғамхориву дастгириҳои Роҳбари давлат ҳамеша ба ятимону ниёзмандон дасти хайри худ боз месозанд.
Махфират Муҳидинова