Аз нашриёти “Адиб” 72 китоби тозанашр ба Китобхонаи миллӣ расид

Даҳуми январи соли равон Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” 72 адад китоби тозанашри худро ба сурати нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ супурд.

Акнун хонандагон имкон доранд дар толорҳои хонии Китобхонаи миллӣ китобҳои тозанашри зеринро аз нашриёти “Адиб” мутолеа намоянд: “Фарри нилуфар”-и Назри Яздонӣ, “Лозар”-и Хушомади Алидод, “Муғаннии ишқ”-и Илҳоми Насафӣ, “Меҳвари меҳр”-и Раҳмат Назрӣ, “Дуруд ва падруд”-и Муҳтарам Ҳотам, “Парвини хаёл”-и Саъдӣ Мирзо, “Рақси сафедор”-и Сафар Амирхон, “Лабханди отифат”-и Хосият Вализода, “Нони бамазза”- и Юсуфҷон Аҳмадзода, “Шаббода”- и Иззатбек Идизода, “Умеди вопасин”-и Маъруф Бобоҷон, “Тиллоҳои амакам”-и Истод Қосимзода, “Тулуъ дар ғуруб”-и Арбоб Зоҳир, “Ғори париён”-и Раҳматуллоҳи Раҳмон, “Турнаҳои мусофир”-и Сипеҳр Абдуллоҳи Ҳасанзод, “Фарзанди Осиё”-и Раҷабалӣ Қудратзода, “Қудумат ифтихори накҳати гулҳост”-и Убайдуллоҳи Мурод, “Муъҷиза”-и Абудураҳмон Расулӣ, “Парастуҳои Регистон”-и Адаш Истад, “Нони гандумӣ бо сабӯсаш”-и Ӯрун Кӯҳзод, “Маҷмуаи ашъор”-и Аскар Хаким, “Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, “Пайванди дирӯзу имрӯзи адабиёт”-и  Абухолиқи Набавӣ ва “Тожик замонавий адабиёти”-и Нурли Киссалар мебошанд.

Ин китобҳо дар айни забон рақамгузорӣ шуда, ба толорҳои хониши дахлдор фиристода шуданд.

Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.