«Зайну-л-ахбор»-и Абдусаъид Абдулҳайи Гардезиро дар ТЕЛЕГРАМКАНАЛИ мо бихонед

Зайну-л-ахборАбдусаъид Абдулҳайи Гардезӣ ягона китобе, ки аз худ боқӣ мондааст, ин  «Зайну – л – ахбор» мебошад. Дар бораи он ки Гардезӣ китоби дигаре таълиф кардааст ё не, маълумоте вуҷуд надорад.

Бино ба пажӯҳишҳои муҳаққиқон ин китоб дар давоми асри XI мелодӣ, байни солҳои 1050 – 1052 ва дар замони ҳукумати Абумансур Абдуррашид ибни Маҳмуд таълиф шуда ва ба ин амири ғазнавӣ бахшида шудааст. Ва муҳақиқон мегўянд, ки номи китоб низ баргирифта аз лақаби ин подшоҳ, ки «Зайну-л-милла» будааст, медонанд.

«Зайну- л- ахбор» навъе донишнома аст ва муаллиф бештар ба масоили таърих ва мардумшиносӣ пардохтааст. Гардезӣ дар мавриди офариши замину замон, ахбори анбиё, таърихи подшоҳони ҷаҳон (бештар ва ботафсилтар эрониён), хулафои ислом, амирони Хуросон, идҳо ва расму ойини адён ва ақвоми мухталиф (мусалмонон, ҷуҳудон, тарсоён, муғон ва ҳиндувон), андаршинохт ва ансоби мардумони мухталиф (туркон, зангиён, румиён, ҳиндувон) иттилоъоти мухтасар, вале муфид медиҳад.

Китоби мазкурро якчанд донишмандон ва нависандагон дар солҳои гуногун мунташир намудаанд ва ниҳоят дар соли 1384 хуршедии баробар ба соли 2004 мелодӣ муҳаққиқи эронӣ доктор Раҳим Ризозода Малик чопи ҷадиди «Зайну – л – ахбор» – ро нашр намуд ки комилтарин ва саҳеҳтарин чопи асари Гардезӣ аст.

Матни комили “Зайну-л-ахбор”-и Гардезиро шумо метавонед дар ТЕЛЕГРАМКАНАЛИ мо мутолиа кунед. Онро ин ҷо метавонед пайдо кунед:

ЗАЙНУ-Л-АХБОР

Таҳияи мутахассиси
пешбари Маркази
«Тоҷикшиносӣ»
Райҳона Раҳматова.