Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мирзо Ҳандол

Риёз-уш-шуароБародари  кӯчаки  Ҳумоюнподшоҳ аст. Дар камоли латофати табъу истиқомати салиқаву улувви мартаба буда ва ба хилофи  бародарони дигар, ки Комрон Мирзову Астарӣ Мирзо бошад, бо Ҳумоюнподшоҳ дар ғояти ростию садоқату ихлосу ақидату  адаб сулук мекарда ва ҳамеша ба авотифу алтофи пошоҳӣ сарфарозу мумтоз буда. “Кавкаби бурҷи шаҳаншоҳӣ/924//1518” таърихи валодати ӯст.

Дар вақте ки Комрон Мирзо  ва афоғина ба Ҳумоюнподшоҳ шабехун  оварданд, дар санаи 958 / 1551 ба шаҳодат расид. ”Сарве аз бӯстони давлат рафт /958 /1551” таърихи вафоти  ӯст.

Ва ин рубоӣ ӯрост:

З-он қатраи шабнам, ки насими саҳарӣ
Аз абр ҷудо кард ба сад ҳилагарӣ,

То бар рухи гул чаконд, эй рашки парӣ,
Ҳаққо, ки ҳазор бор покизатарӣ.

АМИР ҲОШИМИИ КОШӢ

Дар замони шоҳ Исмоили мағфуру шоҳ Таҳмосби мозӣ буда. Миёнаи вай ва Камолӣ муҳоҷоту мушоирот  бисёр шуда.

Ӯрост:

Ҳамчу ман девонае, бар чарх истиғнозане
Ин замон бо саги кӯ сад тавозӯъ мекунад.

Айёми хуш он буд, к-аз асбоби тааллуқ
Девона диле доштам, он ҳам дигаре дошт.

МИР ҲОДИИ ЯЗДҶИРДӢ

Муҳтасиб буда.

Ӯрост:

Ба ҷон расид дил аз меҳнати ҷаҳон моро,
Аҷал куҷост, ки миннат ниҳад ба ҷон моро?

***   ***   ***

Муҳтасиб дӣ шишаи мастони лояъқил шикаст,
Шишаи умраш ба саг ояд, ки моро  дил шикаст.

МИР ҲОДИИ ҚАЗВИНӢ

Девонае толибилм буда, оре, агар оқил мебуд, чӣ мекард.
Муосири шоҳ Аббоси мозии мағфур аст.

Ӯрост:

Миёнаи ману ӯ иттиҳоди ҷисмонӣ
Расидааст ба ҷое, ки мӯ намегунҷад.

Кай доғи хун равад зи кафан куштаи туро,
Сад раҳ гараш ба оби бақо шустушӯ кунанд.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ
“Риёз-уш-шуаро”.
Қисми 4.
Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА.