Меҳрнома

Президент-МехрномаЁздаҳ сол пеш дар остонаи Наврӯз бинои нави Китобхонаи миллӣ бо ҳузури гарми зумрае аз зиёиёни кишвар, шахсиятҳои маъруф ва ширкати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд. Аз нахустин рӯзи оғози кор Дафтари назароту пешниҳодот ҳам ташкил шуд, то меҳмонони олиқадри Китобхона дар он назари худро бинвисанд ва соядасти худро гузоранд.

Бо гузашти 11 сол имрӯз он китобро варақ задем ва ба даҳҳо навишта дар саҳифаҳои он чашм давондем. Ҳар сатр як саҳфа таърихи Китобхонаи миллист. Навишта аз шахсиятҳои баҷаста, меҳмонони олиқадри хориҷӣ, дипломатҳо, сарварони вазорату идораҳои калидии кишварҳои хориҷӣ, донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ, пажӯҳишгарони маъруф…

Ва тасмим гирифтем онҳоро бо ҳама хонандагони сомонаи худ якҷо бихонем ва шоҳиди рӯзе аз рӯзҳои таърихи Китобхона бошем.

Сатрҳои аввал, ки сароғози дафтар мебошад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст, ки 20-уми марти соли 2012 дар маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхона чунин навиштаанд:

Эмомали-Рахмон-Мехрнома

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки чаҳор сол пеш хишти аввалашро гузошта будам ва имрӯз ба фаъолияти он ифтитоҳ бахшидам, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр барҷаста ва дурахшони Истиқлолияти кишвари маҳбуби мост. Ин кохи муҳташам барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз даврони бостон аҳли китобу аҳли савод буданд, бунёд ниҳода шуд. Умедворам, ки Китобхонаи миллӣ садсолаҳо ба миллати куҳанбунёди мо хидмат менамояд, бо нури хираду маърифат наслҳои имрўз ва ояндаро ба корномаҳои оламшумули маънавӣ ҳидоят мекунад, чароғи афрўхтаи ниёгонро фурўзон нигоҳ медорад.

Дар рӯзҳои мубораки фарорасии Наврӯзи оламафрӯз таманно мекунам, ки Китобхонаи миллӣ дар адои рисолати муқаддаси Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-эҳёи шукӯҳи ҷаҳонии таърих ва тамаддуни халқи тоҷик нақши шоиста гузошта, дар пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи имрўза заминаи мусоид фароҳам оварад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Таҳияи Абдуғаюр Саломов