Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2-уми март
Соли 1788 шоир ва рассоми швейтсарӣ Саломон Гесснер даргузашт. Муаллифи “Идиллияҳо”-и машҳур (идиллия -манзумае, ки зиндагиро дар оғуши табиат аз будаш зиёд орому осоишта тасвир мекунад. Шеъри кутоҳ, чакома), ки Гесснерро яке аз маъруфтарин нависандагони Аврупо дар асри XVII гардонидааст. Онҳо ба забонҳои англисӣ, ҳолландӣ, португалӣ, испанӣ, шведӣ, чехӣ ва сербӣ тарҷума шудаанд.
Гесснер инчунин рассом ва кандакори барҷаста буд, ки асарҳои адабии худро бомуваффақият тасвир кардааст.
12 январи соли 1780 «Рўзномаи Сюрих» ва соли 1821 бошад «Neue Zürcher Zeitung»-ро таъсис додааст.
Соли 1820 нависандаи нидерландӣ Мултатули таваллуд шудааст.
Эдуард Дувес Деккер, ки бо тахаллуси Мултатули навиштааст, яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти Нидерландия ба шумор меравад. Мултатули аз синни 19-солагӣ дар Ост-Ҳиндуи Нидерландия – Индонезияи муосир хидматчии давлатӣ буд. Дар асоси ҳама он чизе, ки ӯ шоҳид гашта буд, романи асосии худ “Макс Хавелаар” -ро навишт, ки воқеан сиёсати мустамликадории Нидерландияро ошкор кард. Соли 2002 Ҷамъияти адабиёти Нидерландия ин романро бузургтарин асари ҳама давру замонҳо эълон намуд ва номи қаҳрамони асосии роман Макс Хавелар дар Нидерландия як исми мардумӣ гардид.
Мултатули дар арсаи адабии Нидерландия замоне пайдо шуд, ки мамлакат зери таъсири ахлоқи эътирозкунандагон буд. Дар асарҳои аввали ӯ то ҳол таъсири романтизм мушоҳида мешавад, ки дар адабиёти Нидерландия амалан вуҷуд надорад. Ҳамин тариқ, дар романи «Макс Хавелаар» иқтибосҳои пинҳонии Гейне мавҷуданд.
Ин романи фошкунанда дар бораи ҳолландиҳои Ява нақл мекунад. Дар ин китоб ӯ нав ба пояи маҳорати адабӣ даст задааст, ки ҳанўз барояш ноустувор буд. Аммо баъдан китоби навбатии Мултатули «Номаҳои ошиқона» бо қудрати аҷиб навишта шудааст. Ин қувватро ба Мултатулӣ адолат ва ҳақпарастиаш додааст.
Дар Амстердам муҷассамаи Мултатули гузошта шуда ва осорхонаи ёдгорӣ низ кушода шудааст. Қариб ҳар як шаҳри бузурги Нидерландия як кӯча ба номи Мултатули дорад.
Соли 1831 Александр Пушкин бо Наталя Гончарова издивоҷ кард.
Соли 1837 Михаил Юревич Лермонтов барои шеъри «Марги шоир» боздошт шуд.
Соли 1859 дар Переяслав, губернияи Полтава нависанда ва танзпардози яҳудии аҳли Русия Шолом Алейхем яке аз асосгузорони жанри асарҳои тахайюлии муосири идишӣ ба олам омадааст. Шолом Алейхем исми мустаори ӯ буда, номи аслиаш Соломон Наумович (Шо́лом Нохумович) Рабинович буд. Соли 1884 аввалин ҳикояи ў «Хаёлпарастон» нашр шуд. Китоби достонҳои «Дастаи гул ё шеърҳои насрӣ»-ашро ба падараш бахшидааст.
Пас аз торумори Кишинев ӯ маҷмӯаи «Кӯмак»-ро (барои дастгирии торуморшудагон) нашр мекунад ва бо Л.Толстой, А.Чехов, В.Короленко, М.Горкий мукотиба карда, пешниҳод менамояд, ки дар маҷмӯа иштирок намоянд.
Солҳои 1909-1910 нависанда асари асосии худ – романи «Ситораҳои сарсон»-ро эҷод кардааст. Аз рўи ин роман соли 1992 дар Русия филм ба навор гирифта шуд.
Аҳамияти осори Шолом Алейхем барои адабиёти яҳуд ниҳоят калон аст, вай ҳаёти яҳудиҳоро як фоҷиаи парокандагӣ не, балки ҳамчун «мазҳакаи яҳудӣ» нишон додааст. 16 май соли 1916 Шалом Алейхем аз бемории сил вафот кард.
Соли 1918 дар Петроград маҷмуаи «Ба хотираи Шолом Алейхем» ва солҳои 1917-1925 дар Ню-Йорк асарҳои мукаммали нависанда (иборат аз 28 ҷилд) аз чоп баромад.
Соли 1881 дар Порис нависанда ва рассоми фаронсавии марокашӣ Алин Ревейло де Ленс ба дунё омадааст.
Соли 1930 дар Ванси Белгия яке аз нависандагони маъруфи ибтидои асри ХХ-и Англия, наққош, мақоланавис, шоир Дэвид Лоуренс дар синни 44-солагӣ аз бемории сил даргузашт.
Вай бо романҳои равоншиносии худ маъруф аст, инчунин иншо, шеър, пйеса, сафарномаҳо ва ҳикояҳои кӯтоҳ навиштааст.
Дар айёми зиндагиаш ба ашъори ў мутахассисон баҳои баланд додаанд. Бо вуҷуди ин, Лоуренс ҳоло яке аз устодони барҷастаи назми асри ХХ ҳисобида мешавад.
Ҳангоми дар хориҷа буданаш, Лоуренс ба эҷоди асари азимаш «Хоҳарон» оғоз кард. Бо гузашти вақт, ин асар ду романи машҳури ӯро дар бар гирифт: “Рангинкамон” (сентябри 1915 нашр шуд, аммо дар моҳи ноябр мамнӯъ шуд) ва “Занҳои ошиқ” (соли 1917 анҷом ёфт, аммо танҳо дар соли 1920 дар Ню Йорк ба таври хусусӣ нашр шуд).
Лоуренс барои напазируфтани асарҳояш аз Англия ноумед шуд ва соли 1919 абадан ватанашро тарк кард. Барои китоби “Духтари гумшуда” (The Lost Girl, 1920) ӯ ҷоизаи хотираи Ҷ.Т. Блэкро ба даст овард. Пас аз он «Асои Ҳорун» (1922) нашр шудааст. Баъди саёҳатҳои тӯлонӣ Лоуренс сафарномаҳои худ «Кенгуру» (1923), романи дар Австралия навишташуда (рўйдодҳои ҳамон ҷо) ва як асари адабӣ-танқидии «Адабиёти классикии амрикоӣ» нашр кард. Дар давоми зиндагии худ дар Вилла Мирендаи Флоренсия, ӯ романи охиринаш “Ошиқи хонум Чаттерлей“-ро навишт, ки дар соли 1928 ба таври хусусӣ нашр шудааст. Аммо нашри ин роман бар асоси фаҳшу бешармона будани он манъ карда шуд ва баъди кӯшишҳои беҳуда танҳо сӣ сол пас дар Англия ва Иёлоти Муттаҳида пурра чоп шуд.
Соли 1939 шоири фаронсавӣ Оскар Венслас Милош вафот кард. Оскар Венслас Милош дар оилаи асилзодаи литвонӣ ба дунё омада, дар овони ҷавонӣ ба Порис кӯчид ва дар он ҷо Мактаби забонҳои шарқро хатм кард. Ӯ пас аз нашри китоби ашъори «Ҳафт танҳоӣ» (1906), ки бо инъикоси ривоятҳои бостонӣ ва аз таассуроти сафарҳо ба Шарқ, андешаҳо дар бораи сарнавишти давру фарҳангҳои гузашта фарогир, шӯҳрат пайдо кард. Дар оянда аз ашъори «дунявӣ» рў гардонда, ба ангезаҳои ирфонӣ рӯ меорад («Ҷузъиёт», 1911; «Арс магна», 1924; «Арконҳо», 1926). Ў ҳамчун тарҷумон ва паҳнкунандаи эҷодиёти халқи Литва низ шинохта шудааст. («Даина», 1928; «Афсонаҳо ва мақолҳои Литваи куҳан», 1930).
Соли 1943 дар Милуоки, иёлоти Висконсин нависандаи асарҳои илмӣ-тахайюлии амрикоӣ Питер Страуб, ҳаммуаллифи Стивен Кинг ба дунё омадааст. Дар овони кӯдакӣ ӯ ба садамаи автомобилӣ дучор шуд ва муддате дар остонаи маргу зиндагӣ қарор дошт. Дар натиҷаи садама устухонҳои сершумораш шикастанд, ҷарроҳиҳои зиёдро аз сар гузаронд, як сол аз мактаб қафо монд ва муддати тӯлонӣ бо аробачаи маъюбӣ мегашт. Даҳшати ҳамаи ин тамоми умри Страубро таъқиб мекард ва ў хобҳои даҳшатовар медид. Ин ҳодиса яке аз сабабҳои асосиест, ки Страубро водор кардааст, ба навиштани асарҳои тахайюлии махсусан даҳшатовар рӯ оварад.
Страуб соли 1965 Донишгоҳи Висконсин-Мэдисон ва соли 1966 Донишгоҳи Колумбияро хатм карда аз ҳарду муассиса то бо дараҷаи магистр дар адабиёти инглисӣ расидааст, вале рисолаи худро ба итмом нарасондааст. Вай се сол дар мактаб ҳамчун омўзгор фаъолият мекунад.
Аввалин романи Страуб «Никоҳҳо» (1973) дар Ирландия навишта шудааст. Соли 1972 Страуб ба Лондон кӯчид ва танҳо пас аз ҳафт сол ба ИМА баргашт ва худро комилан ба эҷодиёт бахшид.
Романҳои минбаъдаи ў «Ҷулия» (1975) ва «Бозгашт ба Арден» (1977) муваффақтар буданд. Шиносоӣ бо Стивен Кинг боиси тағйири чашмрас дар услуби асарҳои Питер гардид, ки ин махсусан дар китобҳои «Саргузашт бо шабаҳҳо» (1979), «Маъвои соя» (1980) ва «Аждаҳои парвозкунанда» (ки соли 1983, барандаи ҷоизаи Август Дерлет шуд) ба назар мерасад. Стивен Кинг ҳатто «Саргузашт бо шабаҳҳо»-ро яке аз беҳтарин романҳои даҳшатноки асри ХХ номидааст. Дар байни дигар асарҳои Страуб, мунаққидон сегонаи «Садбарги кабуд»-ро, ки аз романҳои «Коко» (1988, барандаи Ҷоизаи ҷаҳонии фантастикӣ), «Асрор» (1989) ва «Гулӯ» (1993, барандаи ҷоизаи Брам Стокер) иборат аст, ҷудо мекунанд. Дар соли 1997, Питер унвони World Horror Grandmaster ва дар соли 2006 ба ҷоизаи муваффақият дар жанри асарҳои тахайюлӣ сарфароз гардонида шуд.
Соли 1966 дар Толедо, иёлоти Огайо нависанда ва муҳаррири амрикоӣ Энн Леки таваллуд шудааст. Китоби аввалини Леки «Хидматгорони адолат» дар соли 2013 ба ҷоизаи «Nebula» ва соли 2014 ба ҷоизаҳои «Ҳюго», Артур Кларк ва BSFA барои беҳтарин роман сазвор гардид. Дар соли 2015 бошад ба ў барои идомаи ҳамин романаш ҷоизаи «Локус»-ро тақдим карданд.
Соли 1969 нависандаи асарҳои жанри илмӣ-тахайюлии рус Кирилл Станиславович Бенедиктов таваллуд шудааст. Бенедиктов якчанд асарҳои калони тахайюлӣ, повестҳо ва зиёда аз бист ҳикоя эҷод кардааст.
Вай инчунин асари ҳуҷҷатии «Иттифоқи Қувваҳои Рост. Таърихи мухтасари ҳизб»-ро эҷод кардааст.
Асарҳои «Васияти шаб», «Ҷанг барои Асгард», «Огоҳӣ аз тӯфон» мансуби ўянд. Бар асоси романи “Васияти шаб” соли 2008 як силсилафилми хурд ба навор гирифта шудааст.
Соли 1974 нависанда ва мутарҷими рус Валерий Генрихович Вотрин ба дунё омадааст. («Косаи охирини ғазаб», «Гермес», «Комедияи шикаста», «Одами саргардон», «Калимаи нешзананда»).
Муаллифи асарҳои “Нешзабон” (2007), «Маҷуҷи охирин» (2009), «Логопед» (2012), «Гермес», «Мазҳакаи шикаста», «Одами саргардон» ва ғайраҳо мебошад. Барандаи ҷоизаҳои «Андрей Белий» (2009), «Ҷоизаи Русия» (2009), «Китоби калон» (2010, 2013) ва «Александр Пятигорский» (2013) ба шумор меравад.
Соли 1982 дар Санта-Ана иёлати Калифорния нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Филипп Дик дар синни 53-солагӣ, аз олам гузашт.
Филипп Киндред Дик дар Чикаго бо бародари дугоникаш Ҷейн шаш ҳафта пеш таваллуд шудааст. Вақте ки Филипп панҷсола буд, падарашро ба Невада ба кор фиристоданд, модараш кўчиданро рад кард ва онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Филипп бо модар монд, ки онҳо ба зудӣ дар ҷустуҷӯи кор ба Вашингтон кӯчиданд. Баъди ҷудоӣ аз падар ва кӯчидан, Дик дар муҳити камбизоатӣ ба воя расидааст. Падар гоҳ-гоҳ ба аёдати писараш мерафт, аммо пас аз ба Вашингтон кӯчидан ў дигар ба дидорбинии писараш наомад.
Дар тӯли умри худ, кори ӯ танҳо дар муҳити фантастика эътироф шуд, дар ҳоле ки дарҳол пас аз маргаш ба шарофати филми Ридли Скотт «Даванда дар теғи поку», ки дар асоси романи Дик таҳия гардида буд, машҳур гардид. Баъдан, тибқи китобҳои ӯ, филмҳои машҳури ҷаҳон, аз қабили “Ҳама чиро ба хотир овардан”, “Замони ҳисоб“, “Фарёдгарон“, “Муҳоҷир”, “Ақидаи алоҳида», “Паёмбар” ба навор гирифта шуданд. Хусусияти эҷодиёти Филипп Дик маҳорати беҳамтои “вайронкунандаи воқеият” мебошад. Тақрибан дар ҳама матнҳои ӯ одамони «муқаррарӣ» дар ҳолати «ғайриодӣ» меафтанд, ки ин ҳолатҳо хеле ҷолибу шавқовар тасвир ёфтаанд.
Соли 1999 дар Строуд нависанда ва шоираи бачагонаи Бритониё Констанс Сейвери дар синни 101-солагӣ даргузашт. Дар ин бора матлаби ҷудогона дорем, ки лутфан ба бахшҳои дигари сомона муроҷиат кунед.
Соли 2007 дар Порис нависандаи фаронсавӣ Анри Труайя дар синни 95-солагӣ даргузашт. Анри Труайя узви Академияи Фаронса, дорандаи ҷоизаҳои сершумори адабӣ, муаллифи беш аз сад ҷилд асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, муҳаққиқи мероси таърихии Русия ба шумор меравад.
Ҳаёти эҷодии нависанда дар солҳои 1930, замоне оғоз шуд, ки аввалин романи ӯ бо номи “Нури фиребанда” ба табъ расид ва пас аз се сол, яъне соли 1938 барои романи “Анкабут” ҷоизаи Гонкурро сазовор шуд. То замони дарёфти ҷоиза, Анри аллакай ҳамчун нависанда ва намоишноманавис маъруф буд.
Анри Труайя дар давоми 95 соли умри худ асарҳои зиёде навиштааст, ки қариб нисфи зиёди онҳо ба Русия ва шахсиятҳои намоёни он бахшида шудаанд. Вай як қатор тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои машҳури рус ва фаронсавиро навиштааст.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА