Баҳодур Қурбониён. Ташабускори нахустин
Соли 1992 пас аз баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ташкилоту ҷамъиятҳои башардӯст имкон пайдо намуданд, ки амалҳои хайрхоҳонаю инсондӯстонаро дар Тоҷикистон амалӣ намоянд. Шуруъ аз соли 1992 бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дастгирии аҳолии аз низоъҳои дохилии мусаллаҳона зарардида ба роҳ монда шуд, ки ин далел аҳамияти ин санаи тақдирсозро рӯшантар месозад.
Ҳарчанд бар асари падид омадани даргириҳо ва вазъияти муташанниҷ дар қатори корхонаю ташкилоти дигар кори ҶҲАТ низ камранг шуд, баъди барпо гаштани иҷлосия бо ташаббуси Ҳукумати кишвар фаъолияти он барқарор гардид. Аз ин бармеояд, ки маҳз иҷлосияи тақдирсоз ба ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон роҳ кушод. Дубора фаъол гардидани ҶҲАТ ва вусъат гирифтани ёрии башардӯстона дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Раиси навтаъйини Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти дар кишвар ба вуҷуд омадаро ҳаматарафа дарк намуда, барои бо ҳар роҳу восита ба мардуми азиятдида кумак расондан иқдом намуданд. Бояд зикр намуд, ки ҶҲАТ ҳамчун иқдому ташаббуси мардуми хайрхоҳ барои равнақ додани ғояҳои инсондӯстӣ ва раҳму шафқат бештар аз 90 сол боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад. Дар давраи пурдаҳшати низоъҳои дохилӣ ва замони нави тараққиёти кишвар фаъолияти ин ҷамъият аҳамияти бузург касб намудааст. Дар он рӯзҳои мудҳиш бисёр гӯшаю канори кишварро қаҳтию гуруснагӣ фаро гирифт, ки баробари маҳсулоти ғизоӣ сару либос ва доруворӣ низ дар шаҳру навоҳӣ хеле камчин гардида, қисми зиёди аҳолӣ ба кумаку дастгирии башардӯстона муҳтоҷ буданд. Ҳамагӣ баъди як моҳи баргузории иҷлосия 30 декабри соли 1992 Сарвари давлат бо дарназардошти эҳтиёҷи калон ба кӯмаки байналмилалӣ ба Президенти онвақтаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҷаноби Сомаруго дархости кӯмак ба аҳолии мамлакат намуда, чунин изҳор доштанд: «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳнкунии идеалҳои ҷаҳонии башардӯстона ва хайриявӣ фаъолияти худро мувофиқи принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар пеш бурда истодааст». Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати кишвар бо ҷамъияти мазкур домани фаъолияти башардӯстонаю хайрхоҳонаи он васеъ гашта, аз ҷониби ташкилоту созмонҳо ва давлатҳои дигар ташаббусҳо дар ин самт роҳандозӣ шуда, дастгирӣ ёфтанд. Соли 1992 низоъҳои дохилии мусаллаҳона дар ҳудуди Тоҷикистон оғоз ёфтанд, ки боиси аз байн рафтани ҷони даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандон гардиданд. Аллакай дар моҳҳои аввали давраи низоъ тақрибан 600 ҳазор сокинони ҷумҳурӣ маҷбур шуданд, ки хонаву ҷой, молу мулки худро партофта, озими мамолики дигар гарданд. Аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ва пиронсолон бо машаққати зиёд ба тариқи оммавӣ ба кишвари Исломии Афғонистон фирор карданд. Дар ин маврид бе кумаку дастгирии башардӯстона зиндагии гурезагону дармондагон имконнопазир буд. Бо шарофати талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аъзоёни Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС ва ҲА) ба онҳо ёрӣ расонданд. Он айём низоъҳои дохилӣ боиси буҳрони амиқи башарӣ ва иқтисодӣ гардиданд. Дар чунин давра расондани кумаки моддӣ ва тиббӣ ба гурезагон ва муҳоҷирони дохилӣ яке аз вазифаҳои асосии ҶҲАТ ба ҳисоб мерафт. Бо ташаббусҳои инсондӯстонаю ватанпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 нуқтаҳо ва дружинаҳои санитарӣ (дастаҳои беҳдоштӣ) аз ҷониби ҷамъияти мазкур ташкил ёфта, фаъолияти хуб нишон доданд ва ба аҳолии ниёзманд кумаки ҳаматарафаи башарӣ расонданд. Ба ҳамин минвол ҷамъияти номбурда бо дастгирии Ҳукумати кишвар марҳила ба марҳила домони фаъолияташро васеъ намуд, ки аз Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Солҳои минбаъда низ дар асоси ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ корҳои башардӯстонаю хайрхоҳона густурда гардиданд. Ҳамчунин, дар ибтидои соли 1993, вобаста ба васеъ гардидани низоъ дар ҷумҳурӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Тули чор соли аввали фаъолияти хеш дар кишвар, кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо ҶҲАТ дар самти расондани кумаки башарӣ ва тиббӣ барои фирориён ва бозгашти онҳо ба Ватан фаъолияти хешро пурзур намуданд. Ҳамин тариқ, соли 1994 Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барномаҳои васеъи башардӯстиро барои аҳолии Тоҷикистон, ки аз буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ зарари ҷиддӣ дида буданд, роҳандозӣ намудааст. ФБСС ва ҲА дар ҳамкории зич бо ҶҲАТ худи ҳамон сол дар доираи барномаҳои мазкур дар самти расондани кумак барои гурӯҳҳои ниёзманди аҳолии мамлакат кумакҳои зиёди молиявӣ намуданд. 6 ноябри соли 1997 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эътироф гардид. Дар асоси ҳамкориҳои гуногунсамт ва башардӯстонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Маҷлиси Олии кишвар соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро қабул намуд, ки ин Қонун тартиби истифода ва ҳимояи аломатҳо ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҳамчунин аломатҳои махсусро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Ӯҳдадориҳои байналмилалӣ муқаррар намудааст. Соли 2010 Қонуни навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» низ қабул карда шуд, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти ҷамъият ва шаклҳои дастгирии ҷамъиятиро аз тарафи мақомоти давлатӣ муайян намуда, муносибатҳои мутақобилаи онҳоро дар доираи принсипҳои инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва беғаразӣ ба танзим даровардааст. Қариб тамоми низоми фаъолияти ин ташкилоти башардӯст ба амалҳои дасти кӯмак дароз намудан ба табақаи ниёзмандон равона гардидаанд. То имрӯз ҶҲАТтавассути татбиқ намудани барномаҳо дар соҳаи пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатӣ ва дастгирии иҷтимоии сокинон бо мардум ҳамкорӣ менамояд. Дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҷамъияти мазкур ба зарардидагони офатҳои табиӣ ва табақаҳои эҳтиёҷманди мамлакат, тавре дар муоҳидаҳои Женева пешбинӣ шудааст, кумаки саривақтӣ мерасонад ва дар ин ҷода ҳеҷ чизро дареғ намедорад. Мардуми кишвар низ кумакҳои Ҳилоли Аҳмарро дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ фаромӯш насохта, аз ғояҳои инсондӯстонаю хайрхоҳонаи он ҳамеша дастгирӣ менамоянд ва дар ҷодаи амалҳои нек бо он дар як саф қарор доранд. Ҳамасола моҳи май мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 дар саросари Тоҷикистон моҳвораи Ҳилоли Аҳмар гузаронда мешавад, ки дар он чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва маъракаҳои хайриявӣ дар фазои тантанавӣ доир мегарданд. Дар ин рӯзҳои хурду бузурги мардуми тоҷик моро ҳамроҳӣ менамоянд, ки аз баракати сӯлҳу оромии ватани азизамон – Тоҷикистон дарак медиҳад. Самтҳои кунунии фаъолияти Ҷамъияти ин омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиши аҳолӣ оид ба расонидани ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо, гузаронидани оби тоза барои минтақаҳои аз оби нӯшокӣ танқисидошта, баланд бардоштани маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои бемориҳои сироятӣ, тавассути баргузории курсҳои омӯзишии ройгони забони русӣ, компютер ва додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, ҷустуҷӯи афроди бедаракшуда ва дар ин замина барқарорсозии робитаҳои оилавӣ тавассути шабакаҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари 190 кишвари ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳукуматии ин кишварҳо ва дар дигар самтҳо вобаста ба ниёзмандии аҳолӣ равона гардидаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар 69 бахш, зиёда аз 10 000 ихтиёрӣ, 9 274 аъзо ва беш аз 748 ташкилотҳои ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо метавонад фаъолияти башардӯстонаи худро дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон амалӣ намояд.
Баҳодур Қурбониён,
Раиси Ҷамъияти Ҳилоли
Аҳмари Тоҷикистон
Аз китоби “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” таҳияи Мавзуна Салимова
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.