Қурбон Аламшоев: “Фарҳанги шикор дар Помир”
Китоби адиб, рӯзноманигор, муаррих ва яке аз фаъолони ҷамъиятии эҳёи фарҳанги ниёгони тоҷик Қурбон Аламшоев нахустин таҳқиқи мукаммалест дар бораи фарҳанги куҳани шикории мардуми кӯҳистони Помир. Дар ин тадқиқот, ки дар байни сокинони деҳаҳои дурдасти Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон гузаронда шудааст, дар бораи пояҳои фарҳангии шикор, нақши он дар ҳаёти фарҳангӣ ва маишии мардум, инъикоси он дар санъатҳои гуногуни мардумӣ, дар адабиёт ва фолклор нишон дода шудааст.
Ҳадафи аслии таълифи китоб эҳёи анъаноти қадимаи мардуми тоҷик нисбати рафтор бо ҳайвоноти ваҳшӣ, ки ҷузъи муҳими табиати нотакрори моянд, мебошад. Китоб барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва фарҳанги зисти мо кӯмак расонда барои муаррихон, мардумшиносон, филологҳо ва донишҷӯён метавонад кӯмакрасони иттилоотии хубе бошад.
Инак, почае аз ин китоб:
МОРО БА ШИКОР ЧӢ КОР?
Бояд гуфт, ки дар бораи расму русуми шикоргарии мардуми Бадахшон баъзе аз уламои ватанӣ ва хориҷӣ дар бархе аз навиштаҳои худ андаке ёд карда бошанд ҳам, вале то ҳанӯз дар ин бора асари бунёдие ба миён наомадааст. Асарҳо ва мақолаҳои мавҷуда бештар ҷанбаҳои биологии ҳайвоноти ваҳширо тасвир мекунанд. Аммо кӯшиши омӯхтани анъаноти хоси мардуми Помир дар соҳаи шикор то ҳанӯз анҷом нашудааст, ҳарчанд нуктаҳое дар эҷодиёти Марко Поло, граф А.А. Бобринский, академик А.А. Андреев, гузоришҳои Ш. Шотемур ба ҳукумати марказӣ инъикос ёфтаанд. Сониян паҳлуҳои гуногуни шикор дар мақолаҳои олимони гуногун инъикоси худро пайдо кардааст, ки номгӯи онҳоро дар охири китоб, дар рӯихатти адабиёт оварда шудааст.
Мо дар ин тадқиқоти худ кӯшидем барои аввал ба ҷамъоварии донишҳо ва тасаввуроти мардуми Помир дар мавриди шикор, анъанаҳо, амалияҳо, расму русум, ки дар онҳо ба ҳифзи табиати атроф ва ҳайвоноту наботот тарҷеҳ дода шудааст, машғул шавем.
Дар ин сатрҳо саъй намудем мутобиқ ва созгор шудани тарзи ҳаёти мардум бо шароити табиӣ, комёбиҳои фарҳангии онҳоро нишон диҳем, дар эҳё фарҳангҳои қаблии мардумони бумии Помир, системаи таъмини ҳаётӣ ва экологии онҳо саҳм гузорем.
Дар зимн мехоҳам дар бораи таҷриба ва муваффақиятҳои мардуми Покистони Шимолӣ дар роҳи нигоҳдошт ва афзоиш додани саршумори нодиртарин ҳайвони ширхӯри ҳалоли кӯҳӣ – бузи пармашох, ки онро аз даҳони Абдулназар Абдулназаров, олими табиатшинос, номзади илмҳои биологӣ ва сардори муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ВМКБ” шунидаам, ба шумо нақл кунам. А.Абдулназаров дар яке аз семинарҳои омӯзишӣ дар ин минтақа ширкат карда аз ин таҷрибаи онҳо бохабар гаштааст. Ба гуфтаи вай чанд сол аст, ки дар Покистони Шимолӣ барномаи “Ҷорӣ кардани системаи шикори устувор” фаъолият дорад. Ба иҷро ва роҳандозии ин барнома вазъи душвори бузи пармашох водор кардааст. Аҳолӣ мушоҳида мекунад, ки дар тули солҳои охир теъдоди бузҳои пармашох аз ҷониби шикорчиёни ғайримуҷоз торафт ба нестӣ мерасад. Ҳадаф аз роҳандозии тарҳи зикршуда ба ҳифзи бузи пармашох ҷалб кардани таваҷҷӯҳи аҳолӣ будааст. Муваффақият бо чунин роҳҳо ба даст меояд: 18000 доллари амрикоӣ (нархи онвақтаи қабулшудаи ҷаҳонӣ барои пардохти як муҷаввиз баҳри сайди бузи пармашох) минбаъд рост ба хазинаи минтақаҳое меравад, ки бузи пармашох дар он ҷо буду бош дорад. Одамони маҳаллӣ ин пулро барои афзоиш додани насли буз, зиёдтар ҷалб кардани волонтёрон истифода мебаранд. Аз ин пул ба ҳар касе, ки дар доштан ва ифшои дуздишикорон ширкат мекунад, пардохт мекунанд. Ин ҳавасмандӣ мардуми маҳалро дар ҳифзи табиати ваҳшии онҳо хеле фаъол мекунад. Шумори бузҳо бошад торафт боло рафтан мегирад. Ҳоло минтақаҳои соҳиби бузи пармашох худашон ҳуқуқ доранд теъдоди квотаҳои шикорро муайян кунанд ва онро фурӯшанд. Даромад аз ин дар навбати аввал барои нигоҳубини табиати ваҳшӣ ва баъд барои ҷалби мардуми оддӣ ба ҳифзи муҳити зисташон сарф мегардад.
Чунин ба назар мерасад, ки мардуми мо ҷонварони ваҳширо гӯё хеле дӯст медорад. Дар даромадгоҳи бисёр хонаҳои урфии помирӣ каллаи нахчир насб шудаасту дар “бучкаῨӣҷ”– и дигарон шохҳои гӯспанди ваҳшӣ. Шохи ин ҳайвонотро дар рӯи мазорҳо, дар болои деворҳои ҳавлиҳо ҳам дидан мумкин аст. Сурати онҳо дар паҳлӯи чашмасорон, ҳатто дар бисёр истгоҳҳои мошинҳо кашида шудааст, ҳайкалҳояшон тақрибан дар ҳар ноҳияи Бадахшон қомат афрохтаанд.
Вале орзуи ман ин аст, ки минбаъд ҳайкали ин ҳайвоноти нодиру қиматбаҳо ва баракатдор дар дили ҳар яки мо гузошта шавад.
ЯК ТИРУ…
Ҳадафи аслии анҷоми тадқиқоти кӯтоҳи мо аз фаромӯшӣ раҳо сохтани фарҳанги шикор, ки як ҷузъи фарҳанги бузурги мардуми Помир мебошад, аст. Чунин фарҳанг асрҳои аср мардумро дар чаҳорчӯби муайяни рафтору муомила бо табиати ваҳш нигоҳ дошта, як воситаи нигоҳдошти тавозун дар истифодабарии захоири зиндаи табиати атроф ва худи ин мардум буд. Дар замони охир, мутаасифона, коҳиши ин фарҳанг ба муҳити зист таъсироти манфӣ мерасонад.
Яке аз аҳдофи асосӣ аз навиштани ин сатрҳо коҳиши нобудсозии се ҳайвони кӯҳӣ: мешак, нахчир ва озодапаланг мебошад, ки на танҳо боигарии Помир, балки рамзи он маҳсуб мешаванд. Дутои ин ҳайвонот мешак (гӯспанди Марко Поло) ва озодапаланг дар Помир хеле камшумор мондаанд.
Ба хусус мехоҳам дар бораи озодапаланг каме истам. Мутассифона, то ба ҳол ҳам дар тасаввури бисёре аз сокинони Помир ин ҷонвар ҳамчун ҳайвони даранда дониста мешавад ва нисбати он баъзеҳо хеле бераҳмона рафтор мекунанд.
Оё медонед, ки озодапаланг нодиртарин ҷонвар аст ва имрӯзҳо танҳо дар 12 кишвари дунё боқӣ мондааст?
Оё медонед, ки ба хотири вуҷуди озодапаланг ин 12 кишвар аз нигоҳи экологӣ бойтарин ва бехатартарин кишварҳои ҷаҳон дониста шудаанд. Зеро будани озодапаланг маънои онро дорад, ки системаи зкологии ин кишвар солим аст, он обу ҳавои поктарин дорад. Барои сайёҳони экологӣ мавҷуд будани озодапаланг бас аст то хӯрҷини сафариро ба китф партофта роҳи кишвари моро пеш гиранд. Дар асри ХХI, ки ҷаҳонгардии экологӣ бисёр рушд ёфтааст, кишвари мо имкон дорад аз ҳисоби вуруди ин гуна сайёҳон даромади ҳангуфте ба даст биёрад.
Итминон дорам, баъди қироати ин сатрҳо меҳру муҳаббати ҳар кас нисбати табиати атрофи худ боз ҳам гармтар мешавад ва бо фахр хоҳад гуфт, ки мо чӣ қадар бой будаем! Хоҳад фаҳмид, ки дар ин деҳа на танҳо хонаву боғу замин, балки ин қадар ҳайвоноти ваҳшӣ ва гиёҳҳо дорад, ки онҳоро халлоқи олам барои вай офаридааст, ҳамаи ин дороӣ аз они вай аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ намегузорад, то ин дороӣ зиён бинад.
Як ҳадафи стретегии таълифи ин китоб ҳисса гузоштан дар беҳсозии дараҷаи зиндагӣ дар манотиқи кӯҳистони Помир тавассути дастгирии истифодаи устувори захоири ҳайвоноти вахшӣ бо роҳи эҳёи донишҳои анъанавӣ ва таҷрибаи мардуми маҳаллӣ аст. Мақсади ниҳоӣ аз ҷамъоварӣ ва навиштани ин китоб ворид кардани тағйирот дар рафтору кирдори одамон, андешаронии онҳо нисбати табиати атроф, афзун кардани боварии онҳо ба арзишҳои фарҳангии шикор ва ҳифозати гуногунии биологии маҳал мебошад. Ҳадафи дурнамои китоб бошад мусоидат дар таҳкими ҷомеаи фаъол баҳри ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ, ҳифозати мизони экологӣ дар минтақа аст. Ҳифзи гуногунии табиӣ ва марзҳои табиӣ, таҳкими қаламрави мардуми бумӣ, беҳтар кардани имконот ва фазои фарҳанги зисти Помир орзуҳое мебошанд, ки мехоҳам баъди интишори ин китоб дурустттар муроқибат шаванд.
Китоби Қурбон Аламшоев “Фарҳанги шикор дар Помир” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.