Бахши иттиллоитӣ – ҳуқуқии Китобхонаи миллӣ ва вазифаҳои он

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши иттиллоотӣ- ҳуқуқӣ фаъолият менамояд, ки он нахуст, дар сохтори ҳамин муассиса моҳи марти соли 2012 бо ифтитоҳи бинои нави «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун, Маркази иттилооти ҳуқуқӣ таъсис ёфта буд, ки ҳадаф аз он расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муштариёну кормандон ва умуман, истифодабарандагон мебошад.

Нақши Маркази иттилоти ҳуқуқӣ аз ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ ва ҳифзу нигоҳдории маҷмўи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳо доир ба ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносӣ, тарғибу ташвиқи мунтазами санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.  Маркази иттилооти ҳуқуқӣ дар бунёди фонди манобеи электронии ҳуқуқӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хонандагон бо иттилооти ҳуқуқӣ саҳм дорад. Ошноӣ бо маҷмўи нашрҳои Маркази иттилооти ҳуқуқӣ: Конститутсияхо, қонуно, кодексҳо, қонунҳои конститутсионӣ, санадҳои байналмилалӣ, фармонҳо, амрҳо, фармоишҳо, дастурамалу оинномаҳо, низомномаву тартиботҳо, қоидаву барномаҳои давлатӣ, стратегияву конвенсияҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз ҷумлаи вазифаҳои дигари ин марказ ба шумор меравад.  (КМТ Дирўз ва имрўз. Комилзода Ш. С. 112).

Мавриди зикр аст, ки 13 сентябри соли 2022 Оиномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №454 дар таҳрири нав тасдиқ гардид. Тибқи Фармоиши директори Китобхона “Дар бораи тағйирот ворид намудан ба номи шуъбаҳо, бахшҳо ва Марказҳо” аз 31.12.2024 номи Маркази иттиллотӣ-ҳуққуқӣ ба бахши иттилооти ҳуқуқӣ иваз карда шуд.

Фаъолияти бахши иттилоотии ҳуқуқӣ тибқи Низомномаи ҳамин бахш аз ин самтҳо иборат мебошад:

– омўзиш ва пешниҳоди роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи  дониши ҳуқуқии истифодабарандагон  ва кормандони  китобхона;

– ҷалб намудани истифодабарандагон ба маҳфилхои дорои  равияи ҳуқуқӣ

– ташкил намудани нишастҳои матбуотӣ доир ба соҳа;

– мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии китобхона;

– ташкил намудани ҳамоишҳои гуногун бо ҷалби ҳуқукшиносон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ;

– афзун намудани  шумора ва  номгўйи маводи чопии соҳаи ҳуқуқ;

– иштирок намудан дар тартиб додани нақшаҳои корӣ ва дурнамои фаъолияти гурўҳҳои  кории  китобхона ва дигар ташкилоту идораҳое, ки дар рушди соҳаи ҳуқуқ фаъолият менамоянд;

– дар самти таъминоти ҳуқуқӣ таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро анҷом медиҳад;

– ҷиҳати ташкили (банақшагирии) таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Китобхона дар соҳаи китобдорӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод омода менамояд;

– мутобиқи нақшаи кории Китобхона ва супоришҳои роҳбарияти Китобхона лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар салоҳияти Китобхона бударо таҳия ва пешниҳод намуда, мувофиқасозии онҳоро бо мақомоти давлатӣ ва манфиатдор тибқи тартиби муқарраршуда анҷом медиҳад;

– тибқи тартиби муқарраргардида бастани шартномаҳо ва созишномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар мувофиқа бо директори Китобхона ҷиҳати пешбурди фаъо­ли­яти бахш;

– дар асоси шартнома ташкил намудани хизматрасониҳои пулакӣ оид ба ҳуқуқ;

– баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии истифодабарандагон;

– омўзиш ва таҳлили иттилоотии сохаи ҳуқуқ;

– ташвиқу тарғиби  фаъолияти  Китобхона  ва сохторҳои  он дар матбуоти даврӣ, радио ва телевизион;

– оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи китобдорӣ пешниҳод манзур менамояд;

– ташкил ва ҳамоҳангсозии хизматрасонии иттилоотӣ–ҳуқуқӣ ва дигар намуди хизматрасонии пулакӣ дар асоси созишнома (якчоя бо дигар шуъбаҳои китобхона).

Яке аз самтҳои асосии бахши иттилооти ҳуқуқӣ Китобхона ин дар руҳияи эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва шаҳрвандони кишвар буда, вобаста ба ин пешниҳоди манбаҳои ҳуқуқиро дар шакли анъанавӣ ва электронӣ манзури истифодабарандагон мегардонад.

Таъкид ба маврид аст, ки  бахши  иттилоотӣ- ҳуқуқӣ барои пешбурди фаъолияти пурсамар ва бархурдор гаштан аз навгониҳо дар низоми қонунгузории кишвар, дастрас намудани санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва феҳристбандии электронии маводҳо бо барномаи Маҳзани мутаммаркази иттилооти ҳуқуқӣ “Адлия” (ЦБПИ Адлия 7.0) пайваст буда, барои қонеъ гардонидани ниёзҳои иттилооти ҳуқуқии хонандагон санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқиро сари вақт пешкаш менамояд.

Кормандони бахш мунтаззам дар ҳайати комиссияи санҷишӣ оид ба риояи интизоми меҳнат дар Китобхона ва ҳамзамон, дар ҷаласаҳои иттифоқи касаба иштирок намуда, доир ба масъалаҳои баррасишаванда машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

Ҳамзамон, бахши иттилооти ҳуқуқӣ пайваста бо Раёсти кадр ва корҳои махсуси Муассисаи давлати «Китобхонаи миллӣ» барои омода намоии лоиҳаҳои созишномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон, лоиҳаҳои шартномаҳои меҳнатии асосии кормандон, шартномаҳои хизматрасонии пулакӣ, шарномаҳо оиди иҷрои кор, шартномаҳо оиди ҳамкорӣ, қоидаҳо барои истифодабарандаи (хонандаи) Китобхонаи миллӣ, қоидаҳо барои хизматрасонии шуъбаҳо, таҳияи рўйхати кормандони Китобхонаи миллӣ  барои гузаштан аз аттестатсия (дар панҷ сол як маротиба), дар самти таъминоти ҳуқуқӣ таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии Китобхона дар соҳаи китобдорӣ ва таҳияи нақшаи корӣ, пешниҳод намудани ҳисобот, гузориш оид ба иҷрои нақшаи корӣ ва дигар корҳои маълумотию таҳлилӣ кумак менамояд.

Бахши иттилооти ҳуқуқӣ, ҳамчун, воҳиди сохтори Китобхона пайваста кушиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолияти кории бахшро боз ҳам ҷоннок намуда, мекушад саҳми худро дар мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии Китобхона гузорад.

Шаҳром Қурбонов, мудири бахши иттилоотӣ-ҳуқуқии Китобхонаи миллӣ.