Беҳтарин сурудаҳои Бобо Тоҳири Урён дар Телеграмканали Китобхонаи миллӣ

Бобо Тоҳири УрёнБобо Тоҳири Урён ё Бобо Тоҳири Урёни Ҳамадонӣ ориф, шоир, мутафаккири бузург ва дубайтисарои маъруфи форсу тоҷик буда, дар даврони Туғралбеки Салҷуқӣ зистааст. “Бобо” лақабе буда, ки ба пайравони вораста медодаанд ва ба сифати Урён далоили дигару зиёде зикр шудааст.

Ашъори Бобо  Тоҳир бо гӯиши лурӣ суруда шудаанд. Бештари манобеъ ӯро аҳли Ҳамадон донистаанд ва худи ӯ низ дар чандин дубайтӣ худро Ҳамадонӣ номидааст.

Маслаки фурӯтанӣ ва дарвешии ӯ, ки шеваи дарвешон аст,  сабаб шуд то вай гӯшагир шуда, гумном зиста ва тафсиле аз зиндагонии худ боқӣ нагузоштааст.

Суханро ба дарозо намекашем ва шуморо даъват мекунем аз дубайтиву рубоиҳои ин орифи раббонӣ ташнагии маънавӣ шиканед. Чопи крилии он ҳам қадимӣ буда, соли 1963 бо сарсухан, таҳрир ва шарҳи луғот аз ҷониби донишманди маъруф, шоири шинохта Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар шаҳри Душанбе мунташир шудааст.

Матлаб ин ҷост: “БОБО ТОҲИРИ УРЁН

Ҳамзамон аз Шумо даъват мекунем вориди ТЕЛЕГРАМКАНАЛИ Китобхонаи миллӣ шавед ва даҳҳову садҳо китоби хубро пайдо ва мутолиа намоед.