Бо Бачаҳо. Аз афсонаҳои халқи тоҷик

ИттифокКитобчаи “Иттифоқ” соли 2019 чоп шудааст ва аз се афсона иборат аст, ки ҳоло ин ҷо меорем. Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобчаҳои пандомӯзро шумо метавонад дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Иттифоқ

Як подшоҳ буд, ҳафт писар дошт. Рўзе вай касал шуду ҳис кард, ки умраш ба охир расидааст.Хафт писарашро пешаш даъват карда, ба дасти ҳар яке яктогӣ химчаи дарахт доду фармуд, ки онҳоро бишкананд.

Бачаҳо химчаҳоро осон шикастанд. Баъд подшоҳ ҳафт химчаи дигарро якҷоя карда ба навбат ба дасти писаронаш дод, ки бишкананд. Онҳо ҳар қадар зўр заданд, хеч кадоме шикаста натавонист.

Подшоҳ гуфт:

– Писаронам, агар шумо мисли ҳамин химчаҳо якҷоя бошед, аз як гиребон сар бароварда, тифоқ зиндагӣ кунед, яке бар дигаре зид нашавед, манфиати худро аз дигаре боло нагузоред, шуморо ҳеч кас коре карда наметавонад, вале агар акси инро кунед, ба он химчаи танҳо монанд мешавед, ки ҳар кас метавонад ба осонӣ шуморо бишканад.

Давлат чист?

Буд, набуд, як марди бадавлат буд. Се писар дошт ў. Рўзе нисбати ин хонадон байни ду ҳамсоя гуфтугў ба амал омад

-Ҳамсоя, мо ҳам мисли ҳамин ҳамсояамон заҳмат мекашем,  кор мекунем, ҳамеша дар тараддуд, вале сабаб чӣ бошад, ки ў бадавлат асту мо не?

-Инро аз худи давлат пурсидан лозим,- гуфт ҳамсоя ба ҳамсоя.
Ҳамсояҳо давлатро пеши худ хонданду ба ў гуфтанд:

-Сабаб чист, ки ту ба ин ҳамсояи мо ёр ҳастию ба мо не?

Давлат гуфт:

-Шумо мехоҳед инро донед?

-Ҳа, мехоҳем,- гуфтанд ҳамсояҳо.

-Ин тавр бошад, ман аз хонадони ў рафтанӣ мешавам, бинед, чӣ мешавад.

Баъд давлат ба бой гуфт, ки мехоҳад хонадони ўро тарк бикунад. Бой бо ҳар се писараш алоҳида- алоҳида маслиҳат карданӣ шуда, аввал аз писари калонӣ пурсид:

-Писарам, давлат аз хонадони мо рафтанист, ту ба ин чӣ мегўйӣ?

-Рафтанӣ бошад, равад, ба мо давлат не, тифоқӣ лозим,-гуфт писари калонӣ.

Пас бой аз писари миёна пурсид. Писари миёна ҳам гапи писари калониро гуфт.

Баъд бой ин суолро ба писари хурдӣ дод:

-Писарам, давлат аз хонадони мо меравам мегўяд, ту ба ин чӣ мегўйӣ?

-Давлат равад, раваду тифоқӣ наравад. Мо тифоқ зиндагӣ кунем, давлат ҳеҷ ҷо намеравад,- посух дод писари хурдӣ.

Баъди ин падараш ба пеши давлат рафту ҷавоби писаронашро гуфт.

Давлат гуфт:

-Ҷойи ман хонадонест, ки он ҷо тифоқӣ бошад.

Ҳамсояҳо ин гапро шунида гуфтанд:

-Давлат ин тифоқӣ, дўстӣ, ҳамдилӣ будааст.

Нафс –Заҳр

Се нафар бо ҳам дўст буданд. Замоне расид, ки маҷбур шуданд, барои ба даст овардани сарват азми сафар кунанд.

Рафтанд, рафтанд, гуруснаву ташна ба ҷое расида дар сояи як дарахт дам гирифтанӣ шуданд. Нохост зери дарахт сўрохие дида, нигоҳ карданд, ки дар он ҷо як хуме ҳаст.

Онро кашида гирифтанд ва рўйи домони ҷомаашон холӣ карданд.

Хум пур аз тилло будааст. Маслиҳат карданд, ки алҳол як нафарашон каме тилло гирифта, рафта аз бозор хўрданӣ харида биёрад. Баъд бо шиками серу хотири ҷамъ тиллоро тақсим хоҳанд кард.

Як нафарашон, ки ҷавонтар буд, ба бозор рафту хўрданӣ харид ва ин замон фикре ба сараш зада ба худ гуфт:

-Агар заҳр хараму ба хўрданӣ андозам ва он ду нафар хўранду бимиранд, ҳамаи тилло ба ман мемонад, тамоми умр мисли подшоҳ зиндагӣ мекунам.

Ин ду нафар, ки интизори хўрок буданд, байни худ дигар хел маслиҳат карданд. Гуфтанд, ки се тақсим кардан чӣ лозим? Дар ҳоле ки метавонанд онро ду тақсим кунанд! Ҳамроҳашон баргардад, ўро нест карда, тиллоро ду тақсим мекунанд.

Вақте  ки он ҷавон баргашт, ўро доштанду ба қатл расонданд. Ҳамин ки худ сари хўрок нишастанд ва ҳанўз ду се луқма нахурда, дар ҷояшон мурданд.

Як хум тиллои сурхи сара дар сояи дарахт бесоҳиб монд.

Аз китоби “Иттифоқ”, ки соли 2019 дар нашриёти “Маориф” чоп шудааст.

Таҳияи Зуҳро Матимова,
мутахасисси пешбари
шуъбаи кўдакон ва наврасон