Доктор Тоҳирӣ дар Китобхонаи миллӣ чӣ гуфт?
Доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби маъруф ва яке аз донандагони хуби тибби мардумӣ рӯзи 2-уми ноябр меҳмони кормандони Китобхонаи миллӣ буд. Ин як мулоқоти машваратии тиббиро мемонд, ки табиби шинохта аз дониш ва таҷрибаҳои илмии худ ба ширкаткунандагон маслиҳату машваратҳои саломатӣ медод.
Доктор Тоҳирӣ дар ин машварат асосан дар мавзӯи “Санъати солимгардонӣ” сӯҳбат намуда, бо асосҳои илмӣ ва аз таҷриботи чандинсолаи худ оид ба усулҳои навтарини худдармонкунӣ ба ҳозирин маслиҳатҳо дод. Вай гуфт, саломатии инсон пеш аз ҳама дар ихтиёри худи ӯст. Ҳар одам агар хоҳад, ки ҳамеша солим бошад, ба одитарин қоидаҳои беҳдошти шахсӣ бояд риоя намояд, мунтазам аз назорати табибон гузарад ва хӯроқи серғизо истеъмол намояд.
ДокторТоҳирӣ дар ҳамаи машваратҳояш бо мардум таъкид менамояд, ки доруи рақами як барои инсон пеш аз ҳама об аст, зеро ҷисми инсон бе об буда наметавонад. Обро ташна ҳам набошӣ нӯшидан лозим аст. Субҳидам баробари аз хоб бедор шудан оби гарм ва дар давоми рӯз оби хунук нӯшидан барои саломатӣ хеле муфид аст. Ӯ огоҳ намуд, ки ҳар инсон бояд каму беш аз таълимоти тиббӣ бохабар бошад. «Одамон аз беморӣ не, балки бештар аз нодонӣ мемиранд», – афзуд ӯ.
Тоҳирӣ дар бораи сабаби пайдоиши баъзе бемориҳои мавсимӣ маълумот дода, усули пешгирии онҳоро амалан нишон дод. Инчунин ӯ амалан чанд намуди машқҳои дармонбахш ва эҳтиётиро нишон дод, ки барои пешгирӣ ва рафъи бемориҳои мухталиф созгор ҳастанд ва аз дигарон низ хоҳиш намуд, ки ин машқҳои солимгардониро мунтазам иҷро намоянд.
Дар бойгонии Доктор Тоҳирӣ видеонаворҳои хеле зиёде мавҷуданд, ки дар бораи роҳҳои дармонбахшӣ ва худсолимгардонӣ аз бемориҳо баҳс мекунанд. Ба иштирокдорони машварати онрӯза низ чанде аз ин наворҳо ба намоиш гузошта шуд, ки ба онҳо хеле писанд омад. Пас аз ин Тоҳирӣ чанд дақиқа онҳоро ба ҳолати гипноз дароварда, асабҳояшонро ором намуд ва аз натиҷааш баҳсҳо баргузор гардид.
Доктор Тоҳирӣ инчунин дар бораи маҳсулоти табобатии ихтироънамудаи хеш, ки қисме аз онҳо дар Русия истеҳсол мегарданд ва аз санҷиши шинохтаттарин озмоишгоҳҳои тиббии Русия гузаштаанд, маълумот дода, изҳор намуд, ки дорувори ӯ пурра аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон таркиб ёфтаанд ва аз истеъмоли онҳо бештар фоида асту дар муқоиса бо доруҳои кимиёвӣ ягон зараре ба ҷисми инсон намерасонанд.
Дар интиҳо баъзе иштирокдорон дар алоҳидагӣ аз бемориву ниёзҳояшон бо Тоҳирӣ суҳбат намуда, маслиҳатҳои тиббӣ гирифтанд ва аз маҳсулоти дармонбахши ӯ, ки ба намоиш гузошта шуда буд, харидорӣ намуданд.
МИ. “ДОКТОР ТОҲИРӢ”