Конститутсия – асоси зиндагии осудаи мо

конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистонҶумҳурии Тоҷикистон пас соҳиби Истиқлоли давлатӣ гаштанаш, ҳадафи ташкилу таъсис ва қабули рукнҳои муҳимми давлатиро пеш гузошт. Ҳамин тавр дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ – Парчам, Нишон ва Артиши миллӣ ба вуҷуд омаданд. Дигар масъалаи муҳим дар он давра ин қабули Конститутсияи нави ба давлатдории миллии мо мувофиқ буд. Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсӣ ва тарафдории кулли мардуми кишвар Конститутсия қабул гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба санади муҳимму муқаддас будани Конститутсия таъкид намудаанд, ки: “Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳимми ҷомеа мебошад. Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст”. Воқеан, Конституисяи мо дар натиҷаи омӯхтани таҷрибаи таърихии таҳия ва қабули конститутсияи давлатҳои пешрафтаи демократӣ таҳия гардида, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар доираи он орому пурмаҳсул ҷараён гирифт. Маҳз Конститутсия имконият дод, ки кишвари мо ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид гардад ва чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътирофу шинохта шавад.

Бо қабул шудани Конститутсия дар тамоми соҳаҳо ва равандҳои ҷамъиятии кишвар тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Махсусан, барои беҳбуд бахшидани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки соҳаҳои ҷудонопазири ҷомеа маҳсуб мешаванд, давра ба давра беҳбудӣ ва дигаргуниҳои ҷиддӣ амалӣ гардиданд.

Чуноне ҳамаи мо медонем, тамоми саъю кӯшиши давлат маҳз барои беҳдошти зиндагии мардум равона шудааст. Чун хуб будани сатҳи зиндагии мардум, беҳтар будани шароити иқтисодӣ ва модии халқ, дар натиҷаи пешравии тамоми самтҳо мусоидат мекунад. Конститутсияи кишвар маҳз дар ин самт як қатор меъёрҳоро дар худ муқаррар кардааст. Чуноне моддаи 1-и Конститутсия муқарар кардааст: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.

Ҳамчунин, ба ҳамин мазмун дар Конститутсияи кишвар дигар меъёрҳо низ мавҷуданд, ки онҳо дар маҷмуъ барои беҳбудӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи мо равона гардидаанд. Аз ҷумла, чуноне дар моддаи 38-и Конститутсия муқаррар шудааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои беҳдошти муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад. Ҳифзи меҳнат инчунин дар ин сарчашмаи қонунгузорӣ муқаррар шудааст”.

Конститутсия зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, соли ҷорӣ мо 28-умин солгарди онро таҷлил мекунем. Моро зарур аст, ки дар таҳкиму такмили асосҳои конститутсионӣ, мукаммалу самаранок гардонидани рушди демократия саҳми худро гузорем. Амиқ дарк намоем, ки Конститутсия раванди рушд, ҷараёни ташаккули афкори сиёсии моро муайян намудааст. Озодию хушҳолӣ, гуногунандешӣ, зиндагии осудаву бемушкили мо имрӯз самараи Конститутсия буда, муаррифии Тоҷикистон чун давлати алоҳида, муносибатҳои баланди дипломатӣ, эътирофи Тоҷикистон чун давлати ташаббускор ва амсоли ин аз он маншаъ мегиранд.

Шаҳодат ДАВЛАТОВА,
корманди КМТ