Бо бачаҳо. Чанд шеър аз китоби “Офтобаки хандонрӯ”-и Убайд Раҷаб

Офтобаки хандонрӯИн китоби Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии ба номи Андерсен Убайд Раҷаб соли 2022 чоп шудааст. Убайд Раҷаб аз дӯстдоштарин шоир барои бачаҳост. Шеъри ӯ хеле равону барои хондану дарк кардан басо осон аст. Аз ин китоб чанд шеърро интихоб кардем ва ба бачаҳо тақдим мекунем. Алоқамандони ашъори устод Убайд Раҷаб метавонанд китоби “Офтобаки хандонрӯ”-ро дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасон мутолиа кунанд.

ЧАРО ТАРСАД?

Ҷайра натарсад аз гург,

Гург аст агарчи бузург.

Чаро тарсад, силоҳаш,

Ҳар ҷо равад, ҳамроҳаш.

Силоҳи ў хори ўст,

Хораки ў ёри ўст.

ЯК РЕЗА КЎҲ

Кўҳистон ҷойи зебост,

Кўҳистон чун китоб аст,

Дар ин китоб чун сатр

Пайроҳа бе ҳисоб аст.

 

Ҳар пайраҳаи борик

Маъние дорад ниҳон,

То маъниро дарёбӣ

Сад гуна дорад нишон.

 

Мисли марди кўҳнавард

Бояд ба раҳ назар кард.

Чун маънӣ муқаррар шуд,

Он гаҳ бояд гузар кард.

 

Ман, ки шиноси кўҳам,

Дониста по мемонам,

Китоби кўҳҳоро

Ман хонда метавонам.

 

Гарчи ба ҳам мемонад

Пайроҳаи бешумор,

Валекин фарқ дорад,

Пайроҳа дар ин кўҳсор.

 

Ин пайраҳа мебарад

Ноаён сўйи тарма,

Дар ин пайраҳ набинӣ

Рўйи ҳавои гарма.

 

Дар ин пайроҳаи сабз

Нақш ниҳода нахчир,

Мебарад ин пайраҳа

Дар оғуши яхи  пир.

 

Ин пайраҳаи сарпеч

Сар ниҳад бар пои рез,

Боз поят налағҷад,

Оҳиста рав, надав тез.

 

Оғози ин пайраҳа

Аз самти обшор аст,

Анҷоми ин пайраҳа

Дар байни бурсзор аст.

 

В-ин пайраҳаи пурчанг,

Оварад сўйи деҳа,

Рост бикун нафасро

Мерасад бўйи деҳа…

 

Ҳайрон астӣ, чӣ гуна

Кўҳистонро медонам,

Китоби кўҳҳоро

Осон ба ту мехонам…

 

Кўҳистонро чун китоб

Пеши чашмат кушодам,

Ин  манам,  як  реза  кўх,

Ин манам, кўҳзодам.

 

                            ОФТОБ,  ЭӢ    ОФТОБ

Офтоб, эй офтоб,

Куҷо мекунӣ шитоб?

Чолоку давон астӣ,

То куҷо равон астӣ?

Хона дар куҷо дорӣ?

Бачча мисли мо дорӣ?

Дар куҷо меравӣ хоб,

Офтоб,эй офтоб?

 

Тани танҳо меоӣ,

То куҷо раҳпаймоӣ?

Чанд ағбаро гузаштӣ?

Хаста оё нагаштӣ?

Дорӣ қанду нону об,

Офтоб, эй офтоб?

 

Бо пайраҳи кўҳистон

Аз паят ҳастам равон,

Хонаатро мекобам,

Хонаатро меёбам.

Дар хонаат мехобам,

Рў аз раҳ наметобам.

Сўйи ту дорам шитоб,

Офтоб, эй офтоб.

                 КУҶО   РАФТӢ,   АНВАРҶОН

– Куҷо  рафтӣ,  Анварҷон?

–   Саҳро  рафтам,  модарҷон.

–  Чаро рафтӣ,  Анварҷон?

–   Каҳ  овардам,  модарҷон.

– Каҳ  чӣ  лозим,  Анварҷон?

–  Ба  гав  диҳам,  модарҷон.

–  Куҷо  рафтӣ,  Анварҷон?

– Дарё  рафтам,  модарҷон.

– Чаро  рафтӣ,  Анварҷон?

–  Об  овардам,  модарҷон.

– Чӣ  лозим  об,  Анварҷон?

–  Ба  гав  диҳам,  модарҷон.

Гови  ало  шавад  сер,

Хурма  шавад  пури  шир,

Маска  кунему  панир.

Кӣ  мехурад, Анварҷон?

– Ману  шумо,  модарҷон.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
м
утахассиси  шуъбаи  адабиёти
кўдакон   ва  наврасон