Бонувони Китобхонаи миллӣ ва Сайри гули лола
Эй дуст, биё баҳри тамошои Душанбе,
Бешубҳа, ту ҳам мешавӣ шайдоӣ Душанбе.
Бале, Душанбе макони илму маърифат, фарҳангу маданият, мардони бохирад, занону бонувони ба ору номус ва тифлакони дилшоду хуррам мебошад. Душанбе шаҳрест хеле зебову дилоро ва гулбадомону хиромон ва макони меҳмоннавозу олиҳиммат ва номдор аст. Имрӯз ҳамчун фарзанди ин сарзамини бузург моро лозим меояд, ки Душанбеи гул-гулшукуфони худро дӯст дорем, ҳифз намоем ва обод кунем. Мо мафтуни ин шаҳри азизи худ гаштаем ва аз тамошояш сер намегардем. Ин қадар ободӣ, хонаҳои баландошёна, боғҳои гулпӯш ва оромиву осудагист. Шукрона аз ин давлат бояд кард, шукрона аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ. Заҳматҳои падаронаи ин марди наҷибу кордон аст, ки мо имрӯзҳо озодона ба сайри ин шаҳри дилорову нозанини худ мебароем.
Имрӯз хушбахт аз он ҳастам, ки дар яке аз китобхонаҳои бузургтарин, Муассисаи давлатии ”Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон макони илму маърифат кору фаъолият дорам. Ҳоло дар баробари ин қадар зебову гуворо шудани шаҳри азизамон боз занону бонувони тоҷик бо пӯшидани либоси миллӣ ба Душанбеи нозанинамон ҳусни дигаре зам мекунанд.
Бале, имрӯзҳо бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Сайри гули лола”, аксияи “Тоҷикона мепӯшем” ва Фестивали “Сад ранги чакан”, “Кадбонуи беҳтарин” баргузор шуда истодааст.
Рӯзи 19 уми апрели соли ҷорӣ 20 нафар бонувони Китобхонаи миллӣ “Ба сайри гули лола” баромадем. Сараввал аз гулҳои рангоранги назди бинои Китобхонаи миллӣ, сипас аз назди гулҳои зебоманзари муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва баъдан аз гулу манзараҳои “Боғи Рудакӣ” сайр намуда, аксҳои хотиравӣ гирифтем.
Ҳангоми сайругашт аз тозагии диёри худ, аз шукуфтани гулу лолаҳои хушбуй ва ҳавои тозаи диёру озодагии обу ҳавои он ҳаловат бурдем. Коллективи бонувони муассиса якҷоя кишвари маҳбуби худро васф карда, сайркунон аз назди муҷассамаи утод Рудакӣ гузашта, ба назди Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии “Аҳорун” наздик шудем.
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” гузаронида мешуд. Дар аксия тамоми ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо ҳунарҳои худро пешкаши тамошобинон карда буданд. Аз тамошои дӯхти чаканҳои сернақшу нигор, атласу адрас , попур, қуроқ, ҳунарҳои мӯҳракашӣ ва дигар маҳорати бонувони ҳунарманди тоҷик аз наздик шинос шуда, баҳра бурдем ва чашм канда натавонистем.
Баъд аз тамошои аксияи “Тоҷикона мепӯшем” моро ба тамошои даври ҷамъбастии Фестивали “Сад ранги чакан” даъват намуданд. Бонувони муассиса дар ин чорабинӣ фаъолони ширкат карданд. Фестивал дар сатҳи олӣ баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, меҳмонон аз кишвари бародарии Узбекистон ва дигар корхонаву идораҳо ширкат намуданд. Аз тамошои чаканҳои рангобаранг ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ болидаву хушҳол гаштем. Дар ҳақиқат бори дигар дарк намудем, ки либоси тоҷикона ба ҳар бонуи тоҷик зебанда аст. Он ҷо бибиҳои худро ёдовар шудем ва солҳои арусии худро пеши назар овардем. Чунки тамоми либосҳои қадима нишон дода шуд.Анъанаҳои миллии мо эҳё шуданд ва мо фарҳанги тоҷиконаи худро аз нав зинда гардонидем. Миннатдории хешро ба Пешвои миллат ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем.
Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо низ эҳтиром ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллии худ, риоя намудани либоси миллӣ, эҳтироми калонсолон мебошад. Ҳар яки мо дар ватани ҷоноҷони худ Тоҷикистони ба ҷон баробар зиндагӣ мекунем. Бояд шукрона карда, Душанбеи гулбадомону зебои худро ҳифз намоем, обод кунем. Ба пӯшидани либосҳои бегона роҳ надиҳем, балки либосҳои миллии худро ба бар намуда, масъулияти падару модарии хешро ба душ гирифта, барои халқу ватани хеш хизмат намоем. Ҳамеша эҳтироми падару модари худро ба ҷо орем ва содиқу вафодори Ватани худ, Душанбеи азизамон бошем !
Биҳишти рӯи дунёӣ, Душанбе,
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе.
Ту яктоӣ, ту яктоӣ, ту якто,
Ту шаҳри орзуҳоӣ, Душанбе.
Фароғат ТОЛИБОВА, муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ,
Раиси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ.