Даҳ соли  Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳаёти фарҳангии мардумамон аз фароҳбахштарин ҳодиса гардид. Сохтмони он 4 сентябри соли 2007 оғоз ёфт ва 20 марти соли 2012 анҷом пазируфт. Ин коҳи зебои замонавии нуҳошёна зоҳиран шакли китоби кушода дорад, аз лиҳози бузургии масоҳат (45 ҳазор метри мураббаъ), фарогирии хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ, ғунҷоиши захираи китоб, фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Он дорои имконияти фарохи маърифатӣ, толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳу толорҳои баргузории ҷаласот, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ мебошад. Барои бунёди ин макони нигоҳдории мероси илмию фарҳангӣ ва ганҷинаи бузурги маърифат аз буҷаи давлат давоми чоруним сол беш аз 40 миллион доллари амрикоӣ хароҷот шудааст.

Муассисаи  давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо Фар­мони Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз 27 июли соли 2011 №1093 таъсис ёфта, муассиси он Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маросими ифтитоҳи ин даргоҳи илму маърифат дар арафиаи ҷашни байналмилалии Наврўз, 20 марти соли 2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Таъсисиёбӣ ва ба фаъолият шурўъ кардани бахшу шуъбаҳо толорҳои нави хониш имконияти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, таҳияи навъҳои мухталифи феҳресту картотекаҳои электронӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагони муқимӣ ва ба фондҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин намуд. Истифодаи технологияи нави иттилоотӣ дар таҷрибаи Китобхонаи миллӣ баҳри вусъатбахшии барномаҳои нави хизматрасонии китобдорӣ мусоидат намуда, барои истифодабарандагон шароитҳои бароҳати мутоилотӣ муҳайё намуд. Дар толорҳои хонишу иттилоотрасонӣ ҷиҳати дарёфти маълумот шароити хос вуҷуд дошта, дар толорҳои электронӣ хонандагон ройгон аз шабакаи  интернетӣ  истифода  мебаранд,  ин  толорҳо бо як қатор китоб­хонаҳои электронии кишварҳои пешрафта иртибот доранд, муштарӣ бо ворид шудан ба сомонаи интернетии Китобхона аз хазинаи китобхона­ҳои бо мо шартнома дошта баҳра бардошта метавонад. Мавриди зикр аст, ки дар ғанӣ гардондани хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон мардуми мамлакат, корхонаю муассисаҳо саҳми муносиб гузоштанд. Бо мадади онҳо зиёда аз 2 миллион нусха китобу нашрияҳо ҷамъ омад ва теъдоди умумии хазинаи Китобхона  беш аз 5 миллион, бо зиёда аз 50  забонҳои ҷаҳон расид.

Самти кору фаъолияти китобхона тавассути яке аз барномаҳои ҷаҳонӣ соҳаи китобдории «ALEPH» (Алеф) ба роҳ монда шудааст. Барномаи  мазкур аз ду қисм иборат аст. Қисми аввали барнома барои китобдорон таъйин шуда, фарогири 5 амалиёт: такмилдиҳӣ, феҳрестнигорӣ, хизматрасонии муқимӣ, хизматрасонӣ тавассути АБК, назорати – маъмурӣ мебошад. Қисми дуюми барнома «ОРАК» (Опак) ном дошта, барои хонандагон пешбинӣ шудааст ва бо истифода аз он  хонандагон метавононд тавассути феҳристи электронӣ китоби лозимаро ҷустуҷў карда, онро барои мутоила дархост намоянд.

Инъкос гардидан зарар аст, ки охири соли 2011  бо амри Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» адабиётшинос, академик Носирҷон Салимов,  Назарзода Сайфиддин (2014) Мирализода Абдусалом (2018) Файзализода Ҷумахон Хол (2020), муовинон: Сафаров Сайдҷафар, Комилзода Шариф, Ализода Хуринисо, Раҷабзода Салима, Маҳмудов Гадобек, Нурзода Ҷалолуддин)   таъйн гардида шуд.

Роҳбарияти нав аз аввал накў дарк сохт, ки дар суннати қадимаи китобдорию китобхониамон марҳалаи ҷадиди таърихӣ оғоз меёбад ва шароити бавуҷудомада ба сурати тоза ва мазмуну муҳтавои нав кор карданро тақозо менамояд. Давоми се-чор моҳ кори ниҳоят аз лиҳози ҷисмонӣ мушкили таҳвили қариб шаш миллион китобу нашрияҳои мухталиф ва дигар таҷҳизот аз бинои кўҳна ба нав анҷом ёфт ва 20 марти соли 2012 дари бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба рўи хонандагон кушода шуд. Ҳарчанд ҷобаҷогузории китобу нашрияҳо беш аз як сол минбаъд тўл кашид, қариб ҳамаи кормандон бо навбат дар ин самт заҳмати фаровон ба харҷ доданд, фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон лаҳзае мутаваққиф нагардид. Талошҳо ҷиҳати таҷдиди фарҳанги китобхонӣ, танзими хизматрасонии китобӣ ва китобхонаи электронӣ ва дигар василаҳои ба марҳилаи нави рушд воридшавии китобдории ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў тадриҷан фароҳам меомаданд. Низомномаи фаъолияти ҳамаи шуъбаю марказҳо таҳияю тасдиқ ва онҳо бо кадрҳо таъмин гардиданд.

Баробари маҷаллаи қаблан мавҷудаи «Китобдор» нашрияи нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон – «Дунёи китоб» (дар ҳаҷми 16 саҳифа) таъсис ва шумораи аввали он моҳи августи соли 2012 ба дасти хонанда расид. Тули ду сол даҳ шуморааш нашр шуда, минбари хубе барои фаъолияти тарғиботии кормандони кохи маърифат гардид. Ҳамзамон давоми даҳ сол маводи фаровони илмӣ-таҳқиқотӣ, методӣ, маълумотдиҳӣ-библиографӣ, библиографияшиносии ватанӣ ва ғайра таҳия ва нашр шуд.

Умуман Китобхонаи миллии Тоҷикистон солҳои 2012-2021 теъдоди зиёда аз 54 китоби гуногунро (китобҳо, дастурҳои библиографӣ, тақвим ва ғайра) ба табъ расонд, ки  зиёда аз ҳаштаашон аз силсилаи «Тоҷнома» ҳастанд. Бо нерўи кормандони боргоҳи бузурги маърифат соли 2014 «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои барои солҳои 2015-2020», соли 2021 «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои барои солҳои 2022-2027» таҳия шуд ва Ҳукумати Тоҷикистон ин барномаи аввалро моҳи феврали соли 2015 ва дуюмиро декабри соли 2021 бо қарори худ тасдиқ намуд. Ин самти фаъолият имконияти васеъ барои бозомўзи кормандон ва пешрафти фаъолияти Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» гардид, ки  ба масъалаи тарбияи кадрҳо низ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуд. Барномаҳои гуногуни давраҳои омӯзишии «Китобдорӣ», «Китобхонашиносӣ», «Библио­графияшиносӣ» ва ғайра, такмили ихтисос барои кормандони Китоб­хонаи миллии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид.

Дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Марказҳои фарҳангии ИМА, Ҷумҳурии мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон таъсис ёфта, акнун хоҳишмандон дар онҳо бепул (ройгон) аз устодони пуртаҷриба забонҳои мутақобилан англисӣ, хитоӣ, арабӣ, кореягӣ ва немисӣ меомўхтанд, теъдоди муштоқони забон меафзуд.

Робита бо китобхонаҳои мамолики хориҷӣ рў ба густариш ниҳод. Чанде аз кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати омўзиш ва такмили истисос ба давлатҳои дигар рафта, бо кулвори пур аз донишу таҷрибаи нав баргаштанд ва ба пиёда сохтани он дар боргоҳи бузурги маърифатии мо пардохтанд. Бобати беҳгардонии куллии хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ чандин таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида, як таҳқиқоти густурдае мавриди вуруди адабиёти нашршуда аз сўи нашриётҳои давлатию ғайридавлатӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар даҳ соли охир (2003-2013) ба вуқўъ пайваст. Натоиҷи он бо ширкати масъулини идораю муассисаҳои марбутаи ҷумҳурӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл гардид. Аз соли 2013 то инҷониб  китобҳои шахсии шарқшинос, академик Михаил Боголюбов, инчунин китобҳои шахсии академикҳо Раҷаб Амонов, Аҳрор Мухторов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессор Раҳими Мусулмониён ва дигарон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳвил ёфта, толори махсус ҷиҳати нигаҳдории онҳо ҳамчун шуъбаи рисолаҳои илмӣ  ҷудо гардид.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маркази муҳими маъракаю чорабиниҳои фарҳангию илмӣ бадал ёфт, дар толору маҷлисгоҳҳои барҳавои он ҳамоишҳои мухталиф, вохўриҳои ҷолиб бо одамони наҷиб, маҳфилҳои гуногун сурат гирифта, дар тарғиби сиёсати фарҳангии давлат саҳм мегузоштанд, ки («Ҳофизхонӣ» ва «Маснавихонӣ» ва ғайра), ҳар ҳафта як маротибагӣ сурат гирифта, тавассути телевизони Тоҷикистон, Ҷаҳоннамо, Шаҳнавоз, Баҳористон, СМТ, Синамо ва ғайра  ба маърази тамошо мегузошт ва ҳаводорони зиёд пайдо карданд. Инчунин дар толорҳои маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон чандин  маракаҳои сиёсӣ, семинар, конфронсу, симпозимҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баргузор гардидааст. Инчунин сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон  (www.kmt.tj) аз нав таҳрир гардида фаъолияти худро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ  ба  роҳ монд.

Сатҳи  баланди хизматрасонӣ  ва роҳандозии технологияи муосир дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон боиси афзоиши теъдоди хонандагон гардид, сафи муш­тариёни дохилӣ ва хориҷии мо низ рўз аз рўз меафзояд. Ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон  беш аз 60 муассисаю созмони хориҷӣ ва байналмилалии мустақил дар ҷумҳурӣ, инчунин китобхонаҳои калонтарини зиёда аз бист давлати дунё  робитаю  ҳам­корӣ дорад. Истифодабарандагони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мутобиқ ба санадҳои меъёри ҳуқуқи соҳаи китобдорӣ аз тамоми имкониятҳо ва навъҳои хизматрасонӣ Китобхона бо манфиати хеш истифодабари менамоянд.

Бароям дар ин айёми бофараҳу хотирмон хеле хушу гуворост, ки кулли кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва ҳамаи алоқамандонашро бо даҳсолагии фаъолияти пурсамарашон  сами­мона муборакбод гуфта, ба онҳо дар корҳои илмӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва тарғиби китоб чун чашмаи хушкнашавандаи донишу маърифат комёбӣ, фатҳу кушоиши тоза, равнақу  барор ва саодати рўзгор таманно нам оям.

Валиев Ҷамил,

 корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.