Дилафрӯз Икромӣ: “Падарам намехостанд дар Лучоб ба хок супурда шаванд” (Бахши аввал)

Jalol-IkromiБо реҳлати ҷонгудози адиби нуктасанҷ, муаллифи 10 роману 12 повест, 16 пйеса ва даҳҳо ҳикояву очерк Ҷалол Икромӣ, ки баҳори сарди соли 1993, дар авҷи ҷангу хунрезӣ дар кишвар иттифоқ уфтод, насли аввали нависандагони Шӯравӣ, парвардагони мактаби реализми Горкий ва бунёдгузорони адабиёти навини тоҷик аз поёни замони худ паём дод. Охирин навиштаи ин адиби ҳунарманд бо номи “Он чӣ аз сар гузашт” бо кӯшиши ҷигарбандаш, доктори илми кимиё, профессор Ҷонон Икромӣ, ки ӯ низ ҳоло қалби пуртапиши худро дар қалби хок пинҳон кардааст, ба теъдоди хеле маҳдуд аз чоп баромад. Ва ин асари тарҷумаиҳолии анҷомношуда, аз орзуест, ки устод Икромӣ бо худ бурд.

Ҳатто мутолиаи сарсарии он ин нуктаро рушан мекунад, ки адиби маъруф умре бо хуни дил қаламфарсоӣ кардааст, вале на ҳамеша китобҳояш ба осонӣ рӯи чопро дидаанд. Икромӣ дар оғози ёддоштҳояш менависад: “Дар вақти навиштани ин саргузашт умрам ба 75 расид. Хеле монда шудам. Охир ҳамаи асарҳои маро “дӯстонам” ҳамеша бо сари найза пешвоз мегиранд...”

Кӣ буд Ҷалол Икромӣ? Посух басо оддист: адибе, ки аз худ мероси гаронбаҳо гузошт, даҳҳо образи нотакрор офарид, ки асрҳо хонандаи ҳар давру замонро тарбия мекунад. Вале дар ҳаёти оилавӣ, миёни дӯстон ва ҷомеа ӯ кӣ буду аз чӣ хислату одоби оиладорӣ бархӯрдор буд?

Суҳбат атрофи ин суолҳо бо духтари арҷманди адиби номвар Дилафрӯз Икромӣ чанд сол пеш сурат гирифта буд. Ростӣ, намедонам муаллима Дилафрӯз ҳоло куҷоянд. Чанде пеш шунида будам, ки дар Амрико ҳаёт ба сар мебаранд. Ҳар ҷо бошанд, тансиҳату бардам бошанд.

Тасмим гирифтам ин суҳбатро дар ду бахш ба муносибати зодрӯзи устод Ҷалол Икромӣ мунташир кунам.

*******     *****    *****

– Дар бораи издивоҷи волидонатон чӣ медонед ва чӣ гуна аз Бухоро ба Душанбе омаданд?

– Падару модари ман 65 сол бо ҳам зиндагонӣ карданд. Вақте ба ҳам расиданд, падарам 19-сола ва модарам 15-сола буданд. Модаркалонам Саломатбибӣ аммаи падарам буданд. Он замон дар Бухоро ҳамин хел одат буд, ки ҳама домоду арӯс бояд аз авлоди якдигар бошанд, бегона ба бегона на духтар медод ва на домод мегирифт.

Модари ман Саодатхон духтари кенҷаи хона, каме шӯху эрка ва ҳам хеле хушрӯ буданд ва талабгорони зиёд доштанд. Модаркалони мо доим мегуфтанд, ки ман ҳамин як ҷиян дорам ва духтарамро ба ӯ медиҳам. Падарам, ки дар хурдсолӣ аз навозиши модарашон маҳрум шуда буданд, модаркалони моро ба ҷойи модарашон медонистанд ва дар ёддоштҳояшон борҳо инро зикр кардаанд. Ҷойи таъкид медонам, ки аввалин тӯйи ба истилоҳ сурх дар Бухоро ин тӯи падару модари ман буд.

Падарам бо Пайрав Сулаймонӣ бисёр дӯстони наздик буданд ва ба Душанбе омадурафт мекарданд. Аммо соли 1930 дар Душанбе конфронси забон баргузор мешавад, ки дар он аз тамоми минтақа касонеро, ки забонро хуб медонистанду боистеъдод буданд, даъват шуданд. Падарам мегуфтанд, ки бори аввал дар ҳамон конфронс устод Лоҳутиро дида буданд. Дар анҷоми ҳамин конфронс қарор мекунад, ки ҳамаи ширкаткунандагон кӯчида ба Душанбе оянд. Падарам баъди як моҳ барои зиндагонии доимӣ ба Душанбе меоянд. Ба онҳо як хонаи якҳуҷрагӣ медиҳанд ва рӯзу моҳҳои аввали зиндагиро дар пойтахт чунин оғоз мекунанд. Дар ҳамон хона ҳам мехобиданд ва ҳам кор мекарданд.

Падару модарам соҳиби 7 фарзанд буданд. 3 нафар дар солҳи гуногун даргузаштанд ва мо чор нафар мондем. Замира Икромӣ, Ҷонон Икромӣ, Дилафрӯз Икромӣ ва Назира Икромӣ. Аввал падарам ва баъд модарам даргузаштанд. Баъдан апаам Замира, 27-уми июни соли 2012 бародарам Ҷонон гузаштанд ва 16 уми сентябри ҳамон сол шавҳарам-Муҳаммадҷон Шакурӣ тарки олам карданд. Ҳоло ману хоҳарам Назира дар ҳаётем. Ҳамаи наберагону аберагони устод Икромӣ соҳиби маълумоти олианд ва аксари инҳо ҳоло дар риштаҳои гуногун дар пажуҳишгоҳҳову марказҳои илмӣ ва таълимӣ кор мекунанд. Падарам фарзанди апаамро ба писарӣ қабул карда буданд, аз ин рӯ вай Озод Ҷалолович Икромӣ ном дорад ва хизматчии ҳарбӣ бо рутбаи полковник  буда, дар шаҳри Аштархони Русия ҳаёт ба сар мебарад.

Дилафрӯз-Икромӣ– Шумо гуфтед, ки падару модаратон 65 сол бо ҳам зиндагонӣ карданд. Инро чӣ метавон гуфт: ишқу муҳаббат ва ё алоқаи хешутаборӣ?

– Дар ҳақиқат падару модарам бо ҳам хеле дӯст буданд, муҳаббати самимиву боэҳтиромона ба якдигар доштанд. Падарам хеле оиладӯстдору фарзанддӯстдор буданд. Муҳити оилавии мо як муҳити хубе буд, ҳамдигарфаҳмии комил миёни падару модар ва фарзандон ҳоким буд. Падарам табиатан шахси хеле меҳрубон буданд, моро аслан ҷанг намекарданд, намезаданд, ҳатто садояшонро баланд намекарданд, вале як нигоҳашон кифоя буд, ки мо аз тарс дар ҷоямон биншинем. Нигоҳи қаҳролуд надоштанд, вале тарзе менигаристанд, ки мо мефаҳмидем: аз ин корамон розӣ нестанд. Дигар кифоя буд, ки рафтори худро ислоҳ намоем. Аммо модарам баръакси падарам дар оила ва тарбияи фарзандон хеле сахтгир буданд, аз модар сахт метарсидем.

Падарам фарзандонашонро хеле дӯст медоштанд. Ҳатто баъдҳо, ки мо калон шуда, ҳар кадом соҳиби хонаву дари худ шудем, ҳар субҳ ё шом худашон ба мо занг мезаданд ва аҳвол мепурсиданд. Замоне, ки бо модарам ба истироҳатгоҳи Переделкино мерафтанд, таъкид мекарданд, ки пайваста мактуб навишта, аз ҳоламон хабар диҳем. Аммо на ҳамеша мо ин корро мекардем, баръакс худашон нома менавиштанду мепурсиданд ва мо фақат ҷавоб мегардонидем. Бо гузашти солҳо ҳамаи ин меҳрубониҳои падарро ба ёд оварда, имрӯз, ки миёни мо нестанд, аз худ бо як ҷаҳон ғаму андуҳ мепурсам, ки чаро мо чунин мекардем, чаро зиёд наменавиштем, то падарро ҳамеша дар ҷараёни саломативу аҳволамон гузорем. Медонед, бо гузашти умр ва рафтани инсонҳо қадрашон бештар пайдо мешавад, чун холигоҳи падарро каси дигар наметавонад пур кунад.

Аз сӯи дигар модарам барои падарам тамоми шароитҳоро барои навиштану эҷод кардан фароҳам оварда буданд. Ҳама масъалаҳои оилавӣ, аз ҷумла тарбияи фарзандонро пурра бар душ гирифта буданд, то ин ки падарам вақти худро сарфи кори нависандагии худ кунанд.

Ҳам модарам ва ҳам падарам саводи хуби хати ниёгон доштанд. Падарам асарҳои худро аввал бо хати форсӣ менавиштанд, вақте тамом мекарданд, онро ба срилик бармегардониданд. Баъзан ман мегуфтам, ки “дадаҷон, ман ёрдам кунам? Баргардонам”? Мегуфтанд, ки “не духтарҷонам, ман вақти баргардон боз таҳрир ҳам мекунам”.

Модарам дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ 38 сол кор карданд, мудири шуъбаи дастхатҳо ва аввалин зане буданд, ки ба дарёфти унвони “Китобдори Хизматнишондодаи республика” сазовор гаштанд.

Падарам ҷавонони боистеъдодро дӯст медоштанд. Он кас то бевақтии шаб кор мекарданд ва баъд як радиоча доштанд, ки онро гӯш карда хобашон мебурд.  Боре аз ман пурсиданд, ки ҳамин Уктами Холиқназар кист? Ман гуфтам, ки як ҷавони хеле босаводи арабшинос, ки бо мо кор мекунанд. Гуфтанд ӯро бо ман шинос кун ҳамроҳаш суҳбат кунам. Фаҳмидам, ки ҳикояи Уктами Холиқназарро аз радио шунидаанд. Яъне, агар мақолаеро дар газет мехонданд ва баромадеро дар радио мешуниданд, ки писандашон меомад, муаллифашро меҷустанду ҳамсуҳбат мешуданд.

– Албатта, устод Икромӣ чун инсоне, ки бо як зани дӯстдоштанӣ зиндагонӣ мекарданд, наметавонистанд дар офариниши образҳои мусбати асарҳои худ аз хислатҳои ӯ истифода набаранд. Дар кадом асар образи модаратон устувортар нишон дода шудааст?

– Албатта, инро касе намедонад, вале ба шумо мегӯям, ки Сурайё дар повести “Ман гунаҳгорам” образи модарам аст. Падарам аввал иқрор набуданд, вале баъд мо худамон ҳам дидем, ки он хислатҳову он рафтори Сурайё нусхаи модари худамон аст.

АЙНӢ БА ПАДАРАМ ГУФТАНД, КИ ШУМО ТОҶИКЕД, НА УЗБЕК…”

– Чун устод Айниву устод Икромӣ ҳарду бухороӣ буданд, оё хешутабор ҳам буданд?

– Не, аслан хешутабор набуданд. Падарам шогирди устод Айнӣ буданд. Азбаски қозизода буданд ва падарашон ва аз ҷумлаи бомаърифаттарин шахсони замонашон маҳсуб мешуданд, мехостанд барои фарзандҳояшон мактаб кушоянд ва бо Айнӣ маслиҳат мекунанд. Он замон Айнӣ омада буд ва бо бобоям хеле суҳбатҳои аҷиб карда буд. Вақте Айнӣ аз нияти бобоям огоҳ мешавад, мегӯяд, ки ман барои мактаби шумо як нафарро мефиристам, ки дарс диҳад. Ва дар китоби хотираҳои падарам ин нукта зикр шудааст, ки Атоуллохоҷа ном шахсе аз ҷумлаи ҷадидони Бухоро омад, ки дар ҳақиқат як ҷавони хеле донишманд буд ва ба онҳо аз  адабиёту забону риёзиёт дарс медиҳад.

Баъди даргузашти падарашон модари угай падари моро аз хона меронад ва он кас бо мадади хешовандон ба Когон мераванд, то ҳам зиндагонӣ ва ҳам таҳсили илм кунанд. Падарам, ки рағбат ба адабиёт доштанд, дар аввалҳо шеъри узбекӣ менавиштанд.  Як рӯз ҷӯраҳошон мегӯянд, ки Айнӣ ба Когон омадааст ва дар китобхонаи ба номи Сино мулоқот баргузор мешавад. Ва пешниҳод карданд, ки рафта бо Айнӣ вохӯрем. Аммо падарам медонистанд, ки Айнӣ бо забони тоҷикӣ менависад. Сипас, пеш аз мулоқот бо номи “Эй духтари ранҷбарони тоҷик” як шеъри тоҷикӣ эҷод мекунанд. Вақте ба суҳбати Айнӣ мераванду навбаташон мерасад, Айнӣ мепурсанд, ки шумо дар ҳуҷҷатҳоятон миллататонро чӣ навиштаед? Падарам ҷавоб медиҳанд, ки узбек навишта шудааст. Айнӣ мегӯянд, ки шумо узбек нестед, шумо тоҷик ҳастед, бобои шумо аз Ховалинг омадаанд ва модаратон тоҷики Бухоро мебошанд. Шумо дар ҳақиқат тоҷик  ҳастед, на узбек.

Сипас, устод Айнӣ мепурсанд, ки оё Икромӣ чизе эҷод мекунанд ё на. Падарам посух медиҳанд, ки “ман аслан узбакӣ менавиштам, аммо барои шумо як шеъри тоҷикӣ навиштам” ва он шеърро бароварда, ба Айнӣ нишон медиҳанд.  Айнӣ он шеърро хонда, ба падарам маслиҳат медиҳанд, ки шумо бояд ҳикоя нависед, на шеър, чун домани шеър танг асту наср имкони бештар дорад. Падарам ба хона баргашта, дар муддати се рӯз як ҳикоя менависанд бо номи “Хаёл” (“Шабе дар Регистони Бухоро“) ва назди Айнӣ мебаранд. Вақте мераванд устод Айнӣ омодаи сафар буданд. Ҳикояи падарамро гирифта, мегӯянд, ки ман инро дар роҳ мехонам ва ҷавобашро ба шумо мефиристам.

Аз миён як моҳ мегузарад, падарам саргарми таҳсил, ҳатто ҳикояи навиштаашонро ҳам фаромӯш мекунанд. Ва як рӯз аз дарс ба хобгоҳ бармегарданд, ки ба номашон ду дона маҷаллаи “Роҳбари дониш” омадааст. Вақте кушода мехонанд, ҳамон ҳикояи аввалинашонро мебинанд. Баъдҳо вақте дар бораи чопи китобу асарҳояшон суҳбат мекардем, борҳо ҳамин нуктаро таъкид менамуданд, ки бо гузашти солҳо ҳарчанд чандин китоб, повесту романҳояшон интишор ёфтанд, ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуданд, соҳиби чандин мукофоту унвонҳои давлатӣ гаштанд, вале шодии чопи аввалин ҳикоя дар “Роҳбари дониш” дигар буд.

– Устод Икромӣ чӣ гуна низоми корӣ доштанд?

– Падарам тибқи як низоми хуб тарҳрезишуда кор мекарданд. Ҷойи корашонро дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматӣ таъин карда буданд. Ба он утоқи корӣ бе иҷозати пешакии падар ягон нафари мо ҳақи ворид шудан надоштем. Соати даҳи шаб мехобиданд ва соати панҷи субҳ бедор мешуданд. Варзиш мекарданд ва баъд сари кор менишастанд. Соати 9 поён мешуданд ва ношто мекарданд, боз то соати 13 сари кор менишастанд, асари нав менавиштанд, пешинаҳоро таҳрир мекарданд, ашъори адибони ҷавонро мехонданд, ба китобҳо тақриз ё сарсухан менавиштанд, ба саволҳои хабарнигорон посух медоданд. Умуман коргоҳи нависандагиашон ҳамеша фаъол буд.

Соати 13 вақти таоми чошт буд, падарам поён меомаданд ва хӯрок мехӯрданд ва агар ҳавсалаву завқ дошта бошанд, мегуфтанд, ки “барои шумо як ҳалвои чормағзӣ пазам-мӣ?” Мо зуд розӣ мешудем ва модарам чормағз меоварданд, мо онро тоза мекардем ва падарам бо завқ ҳалво мепӯхтанд. Бо гузашти солҳо ҳоло ба ёд меорам ва дилам ба ҳалвоҳои чормағзии падарам гум мезанад ва афсӯс мехӯрам, ки дар замонаш таваҷҷуҳ  накардем, ки онро ёд гирем. Гумон мекунам мисли падарам касе аз мо ҳалвои чормағзӣ пӯхта наметавонем.

Падарам бисёр заҳматкаш буданд, бародарам дар назди хона гулҳои рангоранг шинонда буд, падарам ҳар субҳ онҳоро ё об медоданд ё бо дукорда шоху баргашонро бурида рост мекарданд. Ва субҳ баъзан худашон ширчой мепӯхтанд ва модарамро фарёд мекарданд, ки “ана Саодатхон, марҳамат, ширчой тайёр“.

Шеърро дӯст медоштанд, бахусус  Саъдиву Ҳофизро ҳамеша мехонданд. Агар бемор ҳам шаванд дар пешашон китобҳои Ҳофизу Саъдиро мемонданд ва дароз кашида аз ину аз он чизе мутолиа мекарданд.

(Давом дорад)
Суҳбати Бобоҷон ШАФЕЪ