Донистаниҳо. Папирус чист?

Аввалин ихтирои башар барои сабти хаттии дирӯзу имрӯзи хеш, коғазе буд, ки аз папирус омода мешуд. Дар пажӯҳишҳое, ки аз таърихи бунёди китоб сухан мераванд, ҳатман аз китобҳои папирусӣ ёд мекунанд. Пас папирус чӣ рустаниест, ки боис шудааст аввалин осори хатии ниёгон дар он сабт шавад?

 

Машҳуртарин рустанӣ аз оилаи ғешаҳо ин папирус  (Cyperus papyrus) аст, ик дар форсӣ рустании мурдобӣ (ботлоқӣ) номидаанд. Дилаи буридашудаи рахчаҳои пояи онро мисриёни қадим басо моҳирона мепайвастанд ва аз он маводи хатнависӣ тайёр мекарданд. Қадимитарин дастнависи папирусӣ мансуб ба 50 аср пеш аст, ки дар навиштаҷоти муқаддаси коҳинони мисрӣ ҳифз мешавад.

Се ҳазор сол пеш, то оғози асри VIII папирус “коғаз”-и ягона ба шумор мерафт. Худи калимаи “коғаз” дар бисёр забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла инглисӣ («paper») аз ҳамин папирус гирифта шудааст.

Папирус рамзи Мисри Поёнӣ ба шумор меравад (нилуфари сафед бошад рамзи Мисри Болоӣ). Буттаҳои зичи папирус ба сони амад мебошанд, ки бо решаҳои худ соҳилро медоранд ва баъзан пурра дарёро мебанданд. Аммо ҳоло дар Аврупо папирус дар садади пурра нобуд шудан аст ва танҳо дар баъзе манотиқи соҳилҳои дарёи Нил бештар боқӣ мондааст.

Дар Мисри бостон папирус чун маҳсулот барои пойафзол, бурё, матоъҳо, арғамчин ва масолеҳи сохтмон истифода мешуд. Ҳатто дар замони мо, аниқтараш дар соли 1970 дар киштии “Ра”, ки тибқи намунаи замони мисриёни қадим сохта шуда буд, Тур Ҳайердали норвежӣ дар 55 рӯз Антрактидаро тай кард. Барои сохтани заврақи дарозиаш 12 м ва бараш 5 метр 300 ҳазор пояи папирус истифода шуд.

 

Таҳияи Б.Шафеъ.