Донистаниҳои муҳим дар бораи сурудҳои таърихӣ

Сурудҳои таърихӣ, як навъ асари фолклорӣ, ки дар он аз воқеаву корномаи таърихӣ сухан меравад. Дар сурудҳои таърихӣ ҳам унсурҳои бадеии осори эпикӣ ва ҳам лирикӣ дида мешавад. Сурудҳои таърихии тоҷикӣ дар шаклҳои гуногуни шеърӣ, ба монанди рубоӣ, ғазал, марсия ва дигар шаклҳои шеърӣ эҷод шуда, аз бандҳои семисраӣ, чормисраӣ, панҷмисраӣ таркиб ёфтаанд.

Матни то имрўз маҳфузмондаи яке аз мукаммалтарин сурудҳои таърихӣ – «Шўриши Восеъ» беш аз 300 мисраъ мебошад. Қисми зиёди сурудҳои таърихӣ чун марсия гуфта шуда, миёни мардум бо номҳои «марсия», «нола» низ роиҷ аст. Чунончи, «Марсияи Усмонҷон», «Нолаи Гулъизор» ва ғайра. Яке аз аввалин намунаи сурудҳои таърихӣ, ки дар шакли марсия офарида шудааст, «Кини Сиёвуш» ё худ «Гиристани муғон» аст, ки тибқи маълумоти Абубакр Муҳаммади Наршахӣ (муаллифи «Таърихи Бухоро») се ҳазор сол қабл аз ин дар мотами шоҳзода Сиёвуш аҳли Бухоро гуфтаанд. Матни он боқӣ намондааст.

 Намунаи дигари қадимтарини сурудҳои таърихӣ ҳамоно сурудест, ки сокинони Балх ба муносибати шикасти сарлашкари араб Асад ибни Абдуллоҳ дар Хатлонзамин (солҳои 725-728) гуфтаанд. Ин суруд миёни аҳолии Афғонистон бо номи «Таронаи кўдакони Балх» шуҳрат дорад. Чор мисраи маҳфузмондаи суруди мазкур, ки дар маҳалҳои гуногун бо шаклҳои гуногун оварда шудааст, чунин мебошад;

Аз Хуталон омадия,

Ба рў табоҳ омадия.

Овор боз омадия,

Хушку низор омадия.

 Сурудҳои таърихӣ давраи тўлонии ташаккулу инкишофро аз сар гузаронидаанд. Бинобар ин, дар натиҷаи чунин таҳаввулот қисми зиёди онҳо баъзан сайқал ёфта ва гоҳе шакли аввали худро аз даст дода, бо сурудҳои дигар махлут шудаанд. Аз ин рў, дар сурудҳои таърихӣ баъзан санъати контаминатсия (васлшавӣ, омехташавии як матн бо матни дигар) ба мушоҳида мерасад. Сурудҳои таърихӣ қонунмандии махсуси худро доранд, яъне дар онҳо қаҳрамон, воқеият, замону макон ва рўйдоди ҳодисаи таърихӣ нисбатан дақиқтару мушаххастар инъикос ёфтаанд. Сохтор ва бадеияти сурудҳои таърихӣ низ аз дигар навъу жанрҳои фолклорӣ то андозае тафовут дорад. Сурудҳои таърихӣ ба монанди дигар асарҳои назми фолклорӣ аслан бо оҳанг иҷро шаванд ҳам, танҳо ду-се унвон аз он сурудҳои таърихӣ то имрўз бо оҳанг сабт гардидааст. Сурудҳои таърихӣ дар мавзўъҳои гуногуни таърихӣ гуфта шудаанд.

Чанд сурудҳои таърихӣ, ки муаррихон ва фолклоршиносони тоҷик гирдоварӣ намудаанд, аз воқеоти таърихии охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ҳикоят мекунанд. Масалан, дар суруди «Ботурхоҷа» аз ваҳшонияти мири Мастчоҳ (нимаи аввали асри 19) сухан меравад. Шўру қиёмҳо ва ҷунбишҳои мардуми Кўлобу Қаротегин дар сурудҳои таърихии «Шўриши Восеъ», «Шўриши Қаландаршоҳ», «Шўриши Усмон» («Нолаи Усмон», «Усмонҷонуме») ва «Маҳрамбалво» баён гардидаанд. Чунончи:

Восеъ марди майдонай,

Замину замон ларзонай,

Беку қозӣ ҳайронай.

Восеъ даромад дар майдон

Монанди шери биёбон,

Хонаи мира кард вайрон.

 Як силсила сурудҳои таърихӣ дар мавзўи сарбозӣ, мардикорӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, давраи босмачигӣ ва ғайра эҷод шудаанд. Дар сурудҳои таърихӣ ҳамчунин қаҳрамонони маҳаллӣ, воқеаҳои мухталифи иҷтимоӣ, таърихӣ низ инъикос ёфтаанд («Мирзо Ниёз», «Абдулқаҳор», «Мирзо Қосим», «Асир афтодам», «Тарма» ва ғайра). Дар солҳои 1990-ум дар натиҷаи низоъҳои шаҳрвандӣ як силсила сурудҳои таърихӣ аз ҷониби гурезаҳои тоҷик эҷод шудаанд, ки намунаи онҳоро фолклоршиносони тоҷик сабт кардаанд.

Бозчоп аз Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. – Душанбе, 2017. –  Ҷ. 2. – С. 360-361.

Муаллифон Б. Шермуҳаммадов, Ш. Умарова

Дар бораи сурудҳои таърихӣ дар Китобхонаи миллӣ ин мақолаву китобҳоро мутолиа намудан муфид аст:

Маъсумӣ, Н. Фолклори тоҷик. – Сталинобод, 1952.

Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. – Душанбе, 1980.

Умарова, Ш. Таджикские народные исторические песни АКД. – Душанбе, 1999.

Таҳияи Истампулод Ормонов

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.