Эмомалӣ Раҳмон. “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”. Акнун дар Телеграмканали мо ҳам дастрас шуд

Мероси Имоми АъзамКитоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” соли 2012 нашр гардида, дорои мусаввараҳои асримиёнагӣ ва муосир мебошад. Осор ба забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ чоп ва пешниҳоди хонандагон гардидааст.

Дар оғози китоб мехонем:

БИШНАВ АЗ НАЙ…

(Ба ҷои пешгуфтор)

Инсон падидаи мӯъҷизавии ҳастӣ ва меҳвари низомҳои ақидатӣ, илмӣ ва иҷтимоист, ки мутафаккирон то ҳанӯз аз паи кушодани рози ӯ ҳастанд. Сират ва олами маънавии ӯ басо мураккаб ва рангин аст. Аз ин ҷиҳат парварандагони рӯҳ, маънавият ва камоли ҳақиқии ӯ шахсоне ҳастанд, ки дар қалбҳои гарми ҳазорон ва миллионҳо одамон маъво мегиранд ва худ меъёри возеҳи ормони воло, парвози андеша, рафтор ва амали солеҳ мегарданд. Намунаи барҷаста ва волотарини он Мавлоно Ҷалолуддини Румист (1207-1273), ки соли 2007 тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) 800-умин солгарди мавлуди хуҷастаи ӯ дар кишварҳои зиёд таҷлил гардид ва дар рафти он симпозиуму конфронсҳо, маҳфилҳои гуногун, барномаҳои хоси фарҳангӣ ва мусиқӣ доир шуда, осори ҷовидонааш ба забонҳои гуногуни дунё ба нашр расид.

Дар кишвари азизи мо – Тоҷикистон бузургдошти ин нобиғаи башарӣ, ки асолат ва сирати накӯ ва зебои тоҷикона дорад ва ормонҳои воло ва накӯи ӯ дар қалби мардум реша доранд, бо муҳаббату меҳри беандоза ва бошукӯҳ сурат гирифт. Баъди зиёрати марқади мубораки Мавлоно дар шаҳри Кунияи давлати дӯсти Туркия ва дуо гирифтан аз рӯҳи ин муршиди бузургамон (дар моҳи январи соли 2006) мо ба татбиқи барномаи васеъ ва бузурги таҷлили 800-умин солгарди мавлуди Мавлавӣ дар сатҳи давлатӣ ва умумимиллӣ амалан оғоз намудем.

Дар ҷараёни омодагӣ ба ин ҷашни бузург осори ҷовидонаи Мавлоно – “Маснавии маънавӣ”, “Девони кабир” ва “Фиҳӣ мо фиҳӣ” ба табъ расида, намунаҳои гуногуни чакидаҳои хомаи ин мутафаккири амиқназар дар шаклҳои мухталиф – мунтахабот, қитъаот, тарҷумаҳо ва ғайра дастраси доираи васеи хонандагон гардиданд. Ҳадафи аслии мо аз иҷрои ҳамаи ин чорабиниҳо шинохти амиқ ва беҳтари ганҷинаи афкор ва корномаи инсонгароии Мавлавии Кабир, истифодаи оқилона ва босамари он дар тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии миллат ва рушду камоли маънавияти ҳар фарди Ватан буд ва ин кор минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Шинохти Мавлоно ҳамчун ориф, шоир ва инсонгарои ростин аз даврони зиндагии ӯ оғоз шуда, тадриҷан миқёс ва вусъати ҷаҳонӣ касб кард. Ин шинохт дастовардҳои муҳим ва таърихӣ дорад. Бо он ҳам Мавлавӣ ва осори ӯ шабеҳи уқёнуси азим бо таркиби ниҳоят васеъ, серпаҳлӯ, асрорангез ва рамзист, ки шинохти ӯро мушкил месозад. Агар нек нигарем, шинохти ӯ дар асли худ ҳадди ниҳоии замонӣ ва маконӣ нахоҳад дошт. Зиёда аз он, бо рушди босуръат ва печидаи ҷомеаи башарӣ, таҳаввулоти навин ва амиқи иҷтимоӣ, афзоиши мушкилот ва зиддиятҳои гуногун ва бахусус зарурати таърихнопазири робита ва ҳамкориҳои созандаи халқҳо, минтақаҳо ва тамаддунҳо башарият бештару бештар ва Мавлонои мо рӯй хоҳад овард.

Бо назардошти ин нукоти бунёдӣ тасмими нигориши ин китоб гирифта шуд. Ҳадафи аслии мо баррасии усул ва аркони муҳимтарини ганҷинаи андеша, афкор ва ормонҳои Мавлавии бузург дар пайванди ногусастанӣ бо масъалаи муҳимтарини муосир – инсонсозии ҷомеаи башарӣ аз тариқи истифодаи ин мероси абадзинда мебошад. Ин ҳадаф сохтор ва мазмуни асосии китобро муайян намудааст. Ҷусторҳои алоҳидаи китоб дар асл занҷираи ягонаи маънавӣ мебошанд, ки корномаи таърихии Мавлавиро дар партави сарнавишти пурфарозу нишеби башарӣ, қабл аз ҳама, сират ва маънавияти инсонӣ бозгӯ менамоянд ва собит месозанд, ки Мавлоно ҳамқадаму ҳамнафас ва ҳамрози мост. Ӯ дар асл муршиди бузурги тамоми инсоният аст ва ин рисолати худро солиёни дароз идома хоҳад дод.

Бо эҳдои ин ихлоснома ва пешниҳоди андешаҳои хеш дар бораи Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ сидқан хоҳони онам, ки ҳамаи мо минбаъд шоҳиди сатҳи нави шинохти шахсият ва осори безаволи Мавлонои бузург гардем, ба воситаи ин осор ва мероси гаронбаҳои гузаштагонамон худшиносӣ ва худогоҳии миллии мардуми худро ба сатҳи баланд бардорем ва шоистаи ниёгони бузурги хеш бошем. Дар ин роҳ ба ҳамагон тавфиқ ва комёбӣ таманно мекунам.

Хонандагони гиромӣ! Шумо метавонед китоби мазкурро дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа намоед.

Шакли электронии китоб ин ҷост: МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ

Таҳияи Бунафша РАҲМОНОВА