Фахриддини Гургонӣ маснавии “Вис ва Ромин”-ро бо хоҳиши кӣ навишт?

Донишманди маъруфи зиндаёди тоҷик Алиқул Дувонақулов шояд аввалин касе буд, ки рӯ ба таҳқиқи маснавии “Вис ва Ромин”-и Фахриддин Гургонӣ овард ва “Даҳ нома”-ро дар шумораи дуюми соли 1965 маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” чоп кард. Дар сарсухани басо кутоҳе шароити рӯи кор омадни ин маснавии машҳурро навиштааст, ки ҳоло онро дар таҳияи ҳамкорамон меорем.

ФАХРИДДИНИ ГУРГОНӢ. “ДАҲ НОМА”

Фахриддини Гургонӣ аз шоирони маъруфи достонсарои тоҷику форс буда, дар нимаи аввали асри XI умр ба сар бурдааст. Дар бораи ҳаёт ҷараёни зиндагонии ӯ дар сарчашмаҳои адабиву таърихи маълумоти кофиву саҳеҳе вуҷуд надошта бошад ҳам, шарқшиносон барои равшан  намудани ҳаёт эҷодиёт ва замони шоир қайду ишораҳои муносибе кардаанд.

Маснавии “Вис ва Ромин” ягона мероси пурраи адабии то ба даври мо омада расидаи  Фахриддини Гургонӣ мебошад. Маҳз ҳамин маснавӣ номи шоирро дар қатори саромадони адабиёт мегузорад.

Маснавӣ аслан яке аз ёдгориҳои қадима буда, то замони Фахриддини Гургонӣ дар забони паҳлавӣ вуҷуд доштааст. Тақдири минбаъдаи ин қисса ба тарзи зерин шакл мегирад. Боре гузари Фахриддини Гургонӣ ба шаҳри Исфаҳон меафтад:

Маро андар Сифоҳон буд коре,

Дар он корам ҳамешуд рӯзгоре,

Бимондам з-ин сабаб андар Сифоҳон,

Нарафтам дар рикоби шоҳи шоҳон.

Шоир мувофиқи хоҳиши амири Исфаҳон Абулфатҳ барои гузаронидани зимистон онҷо бимонда дар маҳфилҳои онон ширкат мекунад:

Шудам зи тоҷи давлат Хоҷа Булфатҳ,

Ки бодаш ҷовидон дар корҳо фатҳ…

Пас он гоҳ гуфт: “Бо мо ин зимистон

Ҳамебошу макун азми Кӯҳистон.

Чу аз наврӯз гардад ин ҷаҳон нав,

Ҳаво хуштар шавад, он гаҳ ҳамерав,

Ки ман созат диҳам чандон ки бояд,

Туро з-ин рӯй тақсире наёяд.

Дар Исфаҳон Фахриддини Гургонӣ зуд бо донишмандӣ ва сухандонии худ шӯҳрат пайдо мекунад. Аз ин рӯ, аҳли илму адаби ин диёр мафтуни шеъру шоирӣ ва истеъдоди баланди ӯ гардида, аз вай хоҳиш мекунад, ки ин қиссаи маъруфу дӯстоштаашонро ба забони барояшон мафҳум тарҷима намоянд.

Маро як рӯз гуфт он қиблаи дин,

“Чӣ гӯӣ дар ҳадиси Вису Ромин,

Ки мегӯянд чизе сахт некӯст,

Дар ин кишвар ҳама кас дорадаш дӯст”

Бигӯфтам, к-он ҳадиси сахт зебост,

Зи гирдовардаи шаш марди доност.

Надидам з-он накӯтар достоне,

Намонад ҷуз ба хуррам бӯстоне

Валекин паҳлавӣ бошад забонаш,

Надонад, ҳаркӣ бархонад баёнаш.

Шоир чунин вазифаи басе душвор, вале бошарафро бар зимма мегирад ва дар зарфи як зимистон қиссаро ба риштаи назм мекашад, ба он бисёр хусусиятҳои хоси асри худро илова намуда, чӣ аз ҷиҳати ғоя ва чӣ аз ҷиҳати бадеиёт қисмати асарро баланд мебардоранд.

“Вис ва Ромин”- достони лирикӣ-эпикист.

Фахриддини Гургонӣ дар достони худ ғайри тасвири ишқи Вису Ромин ва танқиду мазҳакаи сахте нисбат ба ҳаёти ҳокимону сармоядорони замон, боз басе фикрҳои ҳикматноки аз қаъри зиндагӣ, гирифташударо ба санъату услуби хоси худ баён мекунад, ки то имрӯз ҳа аҳамияти худро гум накардаанд.

Алиқул ДЕВОНАҚУЛОВ

“Садои Шарқ”, 1965, №2.
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.